Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Забонро забонат бубахшид тавон

Забонро забонат бубахшид тавон

10-10-2019, 10:25
Хабарро хонданд: 3400 нафар
Назарҳо: 0
Забон даст, сухан ханҷари обдор,
Ки ханҷар, бе даст наёяд ба кор.

Забонро забонат бубахшид тавон
Бахшида ба даҳсолагии қабули Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” соли равон ҳамоишу намоишҳои густурда баргузор карда шуданд. Шоирону нависандагон ва забоншиносону рӯзноманигорон, дигар бахшҳои мардум ангоришу нигоришҳо ба чоп расонданд. Вобаста ба пешвози ин ҷашн ман низ хостам андешаҳои худро нисбат ба забони тоҷикӣ баён кунам.
Бо ташаббуси Пешвои гиромӣ, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон забони мо дар Конститутсия- забони расмии давлати Тоҷикистон-забони тоҷикӣ шинохта шуд ва ҷойгоҳи баланди худро соҳиб гардид. Гузашта аз ин, бо дастуру супориши Президенти кишвар Қонуни забони давлатӣ бо дигаргунӣ ва навигариҳо соли 2009 дубора пазируфта шуд. Бо Қонуни кишвар дар бораи ҷашнҳо 5-уми октябр рӯзи “Забони давлатӣ” шинохта шуд. Мардуми тоҷик, бавижа ҳаводорони ин забони шево ва ҷаҳонгир бо ҳамроҳи Пешвои хирадманду фарҳангпарвараш ҳар сол ин рӯзро бо хушиву шодмонӣ ва бо дастовези тару тоза пешвоз мегирад. Бахшида ба ин рӯз бо иштироки Пешвои гиромифаррамон рӯзи 4-уми октябр ҳамоиши густурда дар назар аст. Ман низ яке аз ҳаводорони ин варҷаи Худовандӣ, ин ҷашнро ба ҳаммеҳанони худ хуҷаставу шоду хуррам мехонам ва хостори ҷовиду пояндагии ин забон ҳастам.
Забони мо, баробар бо миллати мо ҳазорсолаҳо аст, ки пайваста ба тохту фишори бегонагони бефарҳанг дучор аст. Бавижа, пас аз тохти араб забони тоҷикӣ ба нокомиву ноҷӯрӣ ва талхиву шӯрӣ рӯбарӯ шуд. Доираи корбасти он танг гашт. Дигар бузургони донишу фарҳанги мо бештар ба забони арабӣ эҷод мекарданд (бадбахтона, имрӯз бархе донишварони мо аз ин кори нохуб сарфарозӣ мекунанд ва менависанд, ки чун бузургони тоҷик ягон мардум асарҳои барҷаста ба забони арабӣ эҷод накардааст ва кош намекарданд. Зеро наваду нӯҳ дарсади тоҷик забони арабиро намедонист ва онон барои бегонагон ва ояндаи онон ин асарҳоро эҷод карданд. Бегонагон ва фарзандони онҳо аз ин асарҳои пурмазмун баҳра бардоштанд. Дониш омӯхтанд, ба дарди худ даво пайдо карданд. Вале мо зери ситами бегонагон дар даст досу каланд, бемору бесавод мондем, зеро аз он навиштаҳо бебаҳра будем. Инҳо имрӯз барои ин газофи худ подош низ мегиранд. Дареғ...
Бегонагон бо ҳар роҳу рой мехостанд дар баробари фарҳанг ва кешу оин, забони моро низ нест кунанд.Зеро онҳо хуб медонистанд, ки забони тоҷик-нишони ин миллат, теғи хунбори ӯ дар баробари душманонаш ва сипаре аз тири онон аст.Ҳатто бисёри мардуми моро бо гуноҳи он, ки гӯё кофиранд, мекуштанд, то ин ки забони мо ва бад-ин роҳ моро нест кунанд ва аз мондаи мо манкурт созанд. Пеш аз ҳама, дар ин роҳ шоирону донишмандон ва доноёни мо омоҷи тири ин бадавию кӯчиён ва бадхоҳони фарҳанги инсонӣ гаштанд. Чунин кушторҳоро оғози садаи ҳашт дар Хоразм ва дигар гӯшаҳои марзу буми тоҷик таърих хуб ёд дорад. Бояд гуфт, ки ин бехирадон ба ин кор то андозае комёб низ гаштанд. Пас аз тохти аҳриманонаи аъроб, муғул, манғит бо роҳбари шайбонихон ва дигар аҷнабиёни ғосиб ба сари ин забон бадбахтиҳои беш омад. Онро олуда сохтанд, бисёр вожаҳоро аз забон бурданд.Вале модари тоҷик нагузошт ин забон нест шавад. Алорағми онон забони тоҷикиро ба фарзандони худ омӯзонд, онро ҳамчу нишони миллат ҷон бахшид. Ҳамчунин дар ин роҳ тоҷиконе, ки аз дасти ин девсуратону аҳрамансиратон дар кӯҳу дараҳои касногузар ҷон ба раҳо бурданд, дар мондагории забон пайгузор шуданд. Рӯшанандешон, бавижа, шоирони порс-тоҷик бо чакомаву тарона ва достонҳои худ шӯҳрати ин забонро то ба имрӯз нигоҳ доштанд.
Дар бархе расонаву нигоришҳо менависанд, ки гӯё забони мардуми тоҷик забони порсист, забони тоҷикӣ набуд ва он дар замони Шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Бояд гуфт, ки порсиву тоҷикӣ як забон аст. Порсӣ тоҷикист ва тоҷикӣ порсист, ё ҳамон қанди порсиву шакари тоҷикист. Тоҷику порс як мардуманд, як ҷаҳон, як таърих ва як забону як фарҳанг доранд. Онҳо дар асл аз ҳам ҷудо буда наметавонанд, вале душманон ва ҳаводиси рӯзгор тавонист онҳоро чор пора кунад. Мардумони бегона, ҳатто бисёре аз ҳаммеҳанони мо аз ноогоҳӣ ва надонистани забони порсӣ-тоҷикӣ ё тоҷикӣ-порсӣ ва порсӣ-дарӣ, дарӣ-порсӣ, бархе аз онҳо дидаву дониста дар он андешаанд, ки ин забонҳо ва ин мардумон то андозае дигаранд. Вале ин андешаи хато аст. Забонҳои тоҷикӣ, порсӣ ва дарӣ як забонанд ва аз ҳам ҷудо нестанд ва ё дигаргун нестанд, ин мардумон як мардуманд. Дигаргуниҳо ё ҷудоиҳое, ки имрӯз дар ин забони бузург (забонҳо) мо мебинем, бо сабаби пеш аз ҳама, ба пораҳо ҷудо шудани мардуми тоҷик ва зери ҳаноиши мардумони бегона мондани онҳо ва дар ин замина, дар забон ҷо гирифтани забони арабӣ ва пасон забони туркиву русӣ, ҳамчунин,англисиву фаронсавӣ пайдо шудааст ё ба вуҷуд омадааст. Вожаҳои арабиро бештар мо ба намуди танҳо корбаст мекунем ва бародарони порс ё эронии мо дар намуди анбӯҳ ё сохти дигар корбаст мекунанд. Чунончӣ, масъала- масоил, маҳфил-маҳофил, масҷид-масоҷид ва монанд ба инҳо. Ё намунаи дигар. Бадбахтона мо бештар вожаҳои туркии “қишлоқ”, “қош”, “қайчӣ” ва монанд ба инҳоро ба кор мебарем. Ин хатои сахт аст. Дар Эрон ва Афғонистон шояд ба тоҷикии тоза–абру, деҳа ва чоку ном баранд. Дар гузашта мо низ ҳамин тур ном мебурдем, вале дар натиҷаи ҳаноиши забони бегона мо аз корбасти тоҷикии ин вожаҳо дур шудем. Дигар ин, ки тоҷикони Афғонистон дар гуфтор дар баробари забони пашту ва арабиву туркӣ аз забони англисӣ истифода мекунанд, зеро онҳо дар итоати англисҳо буданд ва ҳоло ҳам зери ҳаноиши забони англисианд. Албатта як муддат забони русӣ низ ба онон таъсир гузошт. Мо бошем зери ҳаноиши забони арабиву русӣ ва туркӣ сухан мекунем, зеро мо дар итоати манғиту рус будем. Ба болои ин, ҳоло ҳаноиши забони англисӣ сахт шуд. Эрониҳо бошанд, бештар зери ҳаноиши забони фаронсавию англисӣ ва арабиву туркӣ сухан мекунанд. Бубинед, ки ин забонҳо (арабӣ, туркӣ, англисӣ, фаронсавӣ) то андозае забони моро олуда кардааст, ки гоҳо ҳини гуфтор мо тоҷикон, ба донистани ҳамдигар душворӣ мекашем. Гузашта аз ин, шеваи суғдӣ, бохтарӣ ва мардумони дигар маҳал (шева, лаҳҷа) ба болои ин зам мешавад. Ба болои ин ҳама, шеваи гуфтори мардумони бегона дар Эрону Афғонистон ҷудоии забони порсӣ-тоҷикӣ ё тоҷикӣ-порсиро бештар мекунад. Албатта дар баробари ҷудо будан, тӯли садсолаҳо аз ҳам дур будан низ ба ин пайгузор буд. Каримов низ беш аз сӣ сол чунин шеваро пеша кард ва бародарони тоҷики моро аз мо ҷудо кард ва ҷорӣ кардани хати лотинӣ дар ӯзбекистон низ аз бими Тоҷикистон ва манкурт кардани тоҷикони Сурхондарёву Қашқадарё, Самарқанду Бухоро, Намангону Андиҷон, Фарғонаву Сирдарё ва дигар канору гӯшаи тоҷикнишин буд.
Албатта мардумони бегона, (Аврупоиву Амрикоӣ, рус ва мардумони дигар) ин ҷудоиҳо ё ин бадбахтиҳоро намедонанд, гумон мекунанд, ки порс ва тоҷикони Афғонистон дигару тоҷикони Тоҷикистону ӯзбакистон дигаранд (Ман дигарам, ту дигарӣ). Вале бунёдан чунин нест. Забонро забонат бубахшид тавонАгар мо забони худро аз олудагиҳо тоза кунем, он гумонҳои мардуми бегона ва ҳатто бархе аз бародарони дар бораи дигаргунии мо ва забони мо нест мешаванд. Дар баробари ин бадбахтиҳо, хушбахтӣ он аст, ки забони чому чакома ва суруду наво чи дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, ӯзбекистон ва дигар гӯшаву канори ҷаҳон якранг ва барои ҳама порсигӯён донистанӣ аст ва ин хуб аст.
Аз рӯи бархе сарчашмаҳо порсҳо ҳамон тоҷиконе ҳастанд, ки дар гузашта аз Хуросон, (имрӯза Афғонистону Тоҷикистон ва ӯзбекистон, Туркманистон) роҳ ба бохтари Эрони имрӯза гирифта, бавижа, марзи Порсро ба худ нишемангаҳ карданд.
Порс асосан аз вожаи порсо (орӣ, покиза, парҳезгор) гирифта шудааст ва дар хоки Эрони имрӯзаву дирӯза (ҳарчанд бахше аз он хоки дирӯзаи худро гум кардааст) бо ин ном як барзан низ ҳаст. Оринажод ё ориён, ориёӣ ҳамону ҳамин порс аст. Агар ба ин пароса жарфтар нигарем, дар санадҳо бештар вожаи эрониву тоҷикӣ корбаст шудааст, на порсу тоҷик. (Араб дидаву турку тоҷику рум... (ин гуфтаҳои шайхи бузургвор бурҳони он аст, ки тоҷик дар баробари мардумони дар ҳамон рӯзгор аз нигоҳи сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ неруманд, чун арабу турку фаранг шинохта будаст, варна бузургвор ҳеҷ гоҳ тоҷикро ба ин мардумон баробар намекарданд. Бузургии мо пеш аз ҳама, дар забону фарҳанги ҷаҳонгири мо буд.
Тоҷикон куҳанмардуманд, мардумони бумии Осиёанд. Тоҷикон шаҳру рустоҳои обод доштанд ва доранд. Ҳарчанд бахши асосии ин марзу бум имрӯз ба дасти бегонагон аст. Онҳо чи дар Афғонистон, чи дар ӯзбекистону Эрон ва бархе кишварҳои дигар дар марзу буми худ, дар хоки поки аҷдодӣ, дар шаҳру деҳи худ зиндагӣ мекунад ва ҳатто доираи марзи зисти онҳо танг ҳам шуд. Гузашта аз ин, шайх Саъдӣ барои ин маснади баланд мардум ё вожаи порсро истифода накарданд. Чанде аз гуфтаҳои шайх Саъдӣ ва бузургони дигарро пешниҳод мекунем:“Тоҷик лабшакар аст”, “Рӯи тоҷиконаат бинмой то доғи ҳабаш...”,“Ишқ бар тоҷики (тоҷику) саргаштаи Эрон додаст” (шояд Саъдии бузургвор худро дар назар доранд). “Э чеҳраи зебои ту, рашки бутони озарӣ”, “Нигори турки тоҷикам, кунад сад хона вайрона, Ба он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона”,“Лек гуфтори дарӣ ширинтар аст” ва монанди инҳо. Дар ғазалҳои хоҷа Ҳофиз низ ба назми дарӣ (забони дарбор) ишора рафтааст. Ин нишони бузургии тоҷик ва забони тоҷикист. Албатта “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ (Аҷам шояд ба воки “ҷим”(лол, гунг, агар ба чунин мазмун аст, хато аст, дар аслу гавҳар ва ба гуфтаҳои Муҳаммад паёмбар рост намегирад) ё ба Кишвари Ҷам (дурусттараш ҳамин аст) мансуб аст), ба порсӣ накӯ гардон” ва навиштаҳои монанд ба инҳо моро ба андеша водор мекунад. Вале ҳамаи бузургон, аз Рӯдакиву Фирдавсӣ сар карда, пеш аз онон ва пас аз онон то ба имрӯз ба забони тоҷикӣ эҷод кардаанд. Навиштаи онҳо барои тоҷикон сахт донистанӣ аст. Пас аз тохти турку тозӣ миллати порс расман ҳастии худро гум кард, зеро он дар ягон навиштаҷоти расмӣ дида намешавад (Хоки Эрон монду ё Раб, марди эронӣ намонд). Ва аз ин нигоҳ забони порсӣ гуфтан ҳам бисёр баҳснок аст. (Шояд аз ҳамин бошад, ки Саъдии бузург ва дигар намояндагони донишу ҳуш рӯ ба тоҷику гуфтори тоҷикӣ оварданд). Вале тоҷик ва забони тоҷикӣ новобаста аз тохту тӯфони ин тӯдаҳои аҳраманӣ ҳамоно зинда, побарҷо ва устувор аст. Ва ҳоло ҳам тоҷик дар шумор аз ҳама мардумони Осиёи Марказӣ беш аст. Танҳо дар Афғонистон беш аз даҳ миллион ва ӯзбекистон беш аз 14 миллион тоҷикон дар хоки бобоӣ ва шаҳру рустову (район) деҳаҳои худ зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд дар оморҳои расмӣ шумораи дигар аст, албатта бо сабаби нотоҷик навишта шудани тоҷик. Имрӯз низ, он аҳраманзодаҳо (дар бисёр маврид бо кумаки хоинони миллат) дар пайи нестии тоҷику забони тоҷикианд.
Дар пайгирӣ аз сиёсати Пешвои муҳтарами миллат мехоҳам ёдовар шавам, ки мо забони худро пурра аз забони бегона наметавонем тоза кунем. Зеро аз замони ба гӯишҳои мо даромадани вожаҳои бегона вақти бисёр гузашт. Вале мо он вожаҳои бегонаро бояд корбаст кунем, ки дар забони мо нестанд ва беҳтарину хубтаринанд. Он сон, ки Саъдии ҷаҳонгир гуфтаанд:
Мо зи Қуръон мағзро баргузидем мағзро,
Устахон пеши сагон андохтем.
Вақте ки кас афзор дорад, чаро аз ҳамсоя ё каси дигар афзор пурсад?Хуб, агар афзораш нокора бошад, ин гапи дигар. Ба гуфтаи хоҷаи бузург:
Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,
Он чи худ дошт зи бегона таманно мекард.
Мо тоҷикон, чи дар Тоҷикистон, ӯзбекистон, Афғонистон ва дигар кунҷу канори ҷаҳон аз ҳоли ҳамдигар бояд огоҳ бошем, дар рӯ ба рӯи хатару ангезаҳое, ки ба тоҷику Тоҷикистон равона аст, бо ҳам истодагарӣ кунем. Охир Тоҷикистон умедгоҳи ҳама форсигӯёни ҷаҳон аст. Дигар Эрон бо ин ҳукумати бегонапарасти худ наметавонад он корҳои меҳвариро анҷом диҳад (Турку тозӣ чира гашту зӯри Сосонӣ намонд). Зотан бунёдгузору парчамбардори Эрон дар гузашта, мардуми тоҷик буд ва имрӯз ҳам ҳаст. Ба ҷуз тоҷик касе аз Ҷамшеду Фаридун, Коваи оҳангар, Куруш, Рустаму Суҳроб, Сосону Сомон, Анушервону Бузургмеҳр, Борбад, Рӯдакӣ, Мавлонову Хайём, Саъдиву Ҳофиз ва абармардони дигар ёд намекунад. Аз Наврӯз ва Меҳргону Сада ёд намекунад. Аз сӯи дигар мо асос ҳам дорем, ки ин бузургонро ёд кунем, арҷгузории онҳо вом бар дӯши мост, зеро ҳама ин бузургон тоҷиканду ба тоҷикӣ навишта карданд. Ҳатто Наврӯзу Меҳргону Сада низ вожаҳои тозаи тоҷикианд ва гузашта аз ин, моли тоҷиканд. Аз ин рӯ:
Ҳама марзи Эрон сарои ман аст,
Ки неку бадаш аз барои ман аст.
Новобаста аз ҳар гуна кӯшишҳои душманони сарсахт тоҷикон зинда монданд ва тавонистанд забону фарҳанги худро нигоҳ доранд. Зеро забону фарҳанги мо осмонӣ аст. Албатта, дар ин роҳ хидмати фарзандони далеру фарзона ва хидмати беандозаи модари тоҷик дар нахустпоя аст. Гузашта аз ин, шӯришҳои озодихоҳии мардуми тоҷик, бавижа, бо роҳбарии Сумбоди Муғ, Муқаннаъ, пасон давлатдории Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён, Куртиён, Сафедҷомагон, Маҳмуди Торобӣ ва дигарҳо неруи аҳрамании душманонро суст кард ва барои зинда мондани тоҷик ва забони он заминаи устувор гузошт.
Бисёр ҷузвҳои фарҳанги мо, бавижа, номҳои тоҷикӣ ва вожаҳои тоҷикӣ гум шуда, ҷойгоҳи худро ба забону номи бегона додааст (Бисёр забоншиносу филолог, ҳатто номзаду доктор ва баландтар аз онҳо дорем, ин узвҳо ҳама қароранд, дурусттараш хобанд, ҳарчанд он узвҳои дигар, ки мо гуфтем, дардманданд, онҳоро дармон бояд кард. Бадбахтона, дар ҷангалзори гуфтори бисёре аз ин “бузургон” барои пайдо кардани вожаи тоҷикӣ одам роҳ гум мезанад, ба ҷуз пасванду пешвандҳо. Офаринат бод. Кори ҳақ дар токи нисён монда дар кори худ аст. Ҳамчунин, бо назардошти ҳар гуна танишу ангеза ва андешаву назарҳо дар мавриди вожа ва воҳаи Тӯрон мехоҳам ёдрас шавам, ки ин вожа ба номи писари Шоҳ Фаридун Тӯр пайваст аст. Тӯр бо ҳамроҳии бародараш Салм пас аз кушти Эраҷ-бародари хурдиаш бо падари худ, писарони Эраҷ ва мардуми Эрон кин варзид ва андаруни онҳо пархошу ҷанг сурат гирифт. Фароруд, ки аз сӯи шимол ба хоки туркон (Туркистон), (аз Ҳафтрӯд) ҳамсарҳад ва мардумонаш бо туркон дар ҳамсоягӣ мезистанд ва ҳоло ҳам мезиянд, аз неруи туркон дар набард бар зидди мардуми Эрон истифода мекард. Ва ин ҳол оҳиста-оҳиста ба наздикшавии туркон ба мардуми Самарқанду Бухоро ва пасон дар натиҷаи тохти туркони қарохонӣ (мардумони яғмову чигил), салҷуқиён, қарохитоиҳо ва муғулу манғит Фароруд (Тӯрон) аз сӯи туркон пурра зери даст шуд. Сарчашмаи ин бадбахтиҳо, албатта, тохти тозиён бо сардории Умар ба хоки поки мардуми форсу тоҷик буд.
Боис ба ёдоварист, ки худшиносии на танҳо мардуми одӣ, балки бисёре аз хомабадастони мо хеле паст аст. Нафароне, ки худро сарводахону нависанда ва донишвару пажӯҳишгар медонанду мехонанд, гуфтор ё забони хеле олуда доранд. Шармашон бод. Мардумони одӣ аз вожаҳои пазируфтаи бегона, ба монанди фол, маҳфил, маҷлис, масҷид истифода мекунанд, (ҳарчанд ин ҳам раво нест) вале “доноёни мо” бошанд, чунин вожаҳоро- таҳофул, тағофул, маҷолис, маҳофил, масоҷид, тафриқа, мутафарриқа, тасбит, умқ, бо “донотараш” аъмоқ ва монанд ба инҳо ба забон мебарад (чун гоҳи ҷавонӣ ман, ки бо истифода аз чунин вожаҳои подарҳаво тӯтивор сухан мекардам ва гумон мебурдам, ки ман забондон ҳастам ва мардум ҳам маро забондон мегуфтанд, пасон донистам, ки аз забони тоҷикӣ хеле дурам). Дигар на танҳо мардуми бечора, балки вакилу вазираш тарҷумон мекобад. Магар ин даркор аст. Ё ба гуфтаи хоҷаи бузург :
Дӯш аз масҷид сӯи майхона омад пири мо,
Чист ёрони тариқат пас аз ин тадбири мо.
Мо муридон рӯ ба сӯи қибла чун орем, чун,
Рӯ ба сӯи хонаи хаммор дорад пири мо.
Бисёре аз мо бегонапарастӣ мекунем ва аз мардумони бедонишу бозори хештаншиносӣ ва тозагии забон мехоҳем (Ростӣ дар ҷӯи каҷ аз об меҷӯем мо. (Соиб). Дар ин росто, мехоҳам ёдрас шавам, ки мумкин ҳама гуноҳро бахшид, вале хоину хиёнатро (Салмони Форс, Абумуслими Хуросонӣ, Абдулло Раҳимбоев, Файзулло Хоҷа...) намебахшанд. Хиёнат гуноҳи бузургтарин аст. Пешравиҳо дар роҳи худшиносӣ, бавижа, поксозиву нигаҳбонии забон кори Пешвои миллат - Шоҳ Эмомалӣ Раҳмон аст. Варна, ба умеди ин “доноён”-у унвондорон ва хоҷагони забон кор ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз рӯ ба равиш мекард. Пешвои бузургу гиромиамон дар сухан ва навиштаҳои худ пайваста аз тозагии забон ёдрас мешаванд. (Китобе низ навиштаанд бо номи “Забони миллат-ҳастии миллат”).
Арҷ бахшидан забонро дар ҳама давру замон,
Ҳаст иқдоме зи иқдоми шаҳиву сарварӣ.
Бархе аз ҳаммеҳанони мо ин дастурро пок сохтани забон аз забонҳои русиву фарангӣ медонанд. Ин андеша хатост. Зеро забони онҳо бо забони мо ҳамреша ва наздик аст. Забони моро аз забони арабӣ ва забонҳои дигар бояд пок сохт. Хуб мебуд, агар Фарҳанги (Вожанома ё Занди вожаҳои тоҷикӣ) забони тоҷикӣ бознигарӣ карда шавад, зеро дар он вожаҳои тоҷикиро пайдо кардан душвор аст. Онро луғат ва ё фарҳанги забони тоҷикӣ гуфтан хатост ва забон ҳам намеравад, агар кас андак хуни тоҷикӣ дошта бошад. Вожаҳои бегонаро ба мо боз ба ҳамон забони бегона, ҳатто ба чандин забони дигар баргардон ва пешниҳод кардаанд. Масалан, вожаи “масъул”-ро “масъули ягон кор” тафсир кардаст. Ҳатто вожаи тоҷикиро ба арабӣ тафсир кардаст. Ҳол он, ки ҳамин вожаи арабиро ба тоҷикӣ баргардон мекард. Бархе вожаҳои тоҷикиро арабӣ шинохт кардаанд. Дар фарҳанг бояд тоза вожаҳои тоҷикӣ бошад ва аз забони бегона ҳамон вожаҳоро гирифтан даркор, ки дар забони мо нест ва тозаву озода, содаву гӯшрас аст. Масалан, вожаи “баъд”-ро набояд ба луғат ҷо кард, зеро вожаи зебои тоҷикии “пас, пасон, вопас, вопасин...” ҳаст. Вобаста ба ин, вожаҳои “манқул” ва “ғайриманқул”-ро аз забон бардошта, ба ҷои онҳо ҳамон вожаҳои бегонаи забончаспи “собиту сайёр(а)”-ро ба кор бурд. Агар тоҷикии ин вожаҳоро пайдо кунем, боз хубтар мебуд. Вақте ки дар Фарҳанги забони тоҷикӣ вожаҳои “лоқ”, “лоқайдӣ”, “лоқайдона”, “лойқа” ва монад ба инҳоро мебинему мехонем, ба ҳоли забони тоҷикӣ зор-зор гиря мекунем. Ин бадбахтист. Ба кадом ҳушу дониш ва хирад ин вожаҳоро дар фарҳанги забони тоҷикӣ ҷой додем. Наход, “лойқаву лоқайдӣ”, фарҳанги тоҷикӣ бошад. Ба ростӣ, ки забонро “лойқа” кардем.
(Сина мегӯяд, ки ман танг омадам фарёд кун.). Дареғ.
Қоидаи имлои (дастури навишт) забони тоҷикӣ низ дар ҳамин ҳол аст. Китоби дарси забонро барои хонандагон бояд тоза тоҷикӣ навишт. Аз баҳри он феълу исму дигар вожаҳои бегона ҳарчи зудтар баромадан ба суди кор аст.
Мо дигар ба ягон мардум ғулом нестем, мо мардуми озодем. Хуб мебуд, агар як луғати арабӣ-тоҷикӣ ё тоҷикӣ–арабӣ (агар чунин неруи хирад дошта бошем) таҳия ва пешкаш намоем. Вале фарҳанги забони тоҷикӣ тоза тоҷикӣ бошад, аз вожаҳои тоҷикӣ ва дур аз вожаҳои нокораи бегона бошад.
Бархе донишварон беҳдошти забонро дар баргаштан ба хати бобоӣ медонанд. Вале ин худфиребист ва ин кор самаре нахоҳад дод. Ҳарчанд ба ҷорӣ шудани ин хат ман зид нестам. Ман дар боло ишора кардам дар Эрон забон чи ҳол дорад ва дар Афғонистон низ. Дар ин кишварҳои бародар бо хати бобоӣ менависанд ва кор мекунанд. Дар Тоҷикистон нисбат ба ин кишварҳо ҳоли забон хеле хуб аст, ҳарчанд хат сириллик аст. “Баъд”, “манъ”, “қаллоб”, “қишлоқ”, “қобил”, “қабул” ва ба инҳо монанд воку вожаҳои бегонаро ба хати сириллик, лотинӣ, англисӣ, немисӣ ва ё бобоӣ нависем ҳам, ба ҳамин сохту ба ҳамин чам менависем. Он тоҷикӣ намешавад. Онҳоро “пасон, пас аз ин”, “фиребгар, ревгар”, “деҳа”, “русто” ва ё ба дигар сохти тоҷикӣ навишт. Рӯзи “ҷумъа” не, рӯзи “одина” бояд гуфт. Бародарони кобулии мо низ улус, валаду ибн ва монанд ба инҳоро ҳарчи зудтар аз худ дур кунанд. Рӯ ба фарҳанги тоҷикӣ кунанд ва ин ҳол метавонад барои аз ин ҷаҳони торик бурун кашидани онон кумак кунад. Забони тоҷикӣ-форсиро чу Наврӯз Забонро забонат бубахшид тавонҷаҳонӣ бояд кард (агар солшумории Хуршедиро ба кор барем, боз ҷаҳонитар хоҳад шуд). Зеро дар гузашта ҷаҳонӣ буд. Нисфи мардуми рӯи Замин ба ин забон сухан мегуфт ва рӯзшуморӣ мекард. Чунин андешаҳо бисёранд. Ҳарфҳои “я”, “ю”, “ё”, “ӣ” низ дар забони мо чандон даркор нестанд, ҷои онҳоро воки “й” метавонад гирад. Чун Яман, Юсуф, Ёдгор ва чунину чунон. Дар ин роҳ, як барномаи давлатӣ ё гурӯҳи корӣ аз шумори донандагони забони тоҷикӣ даркор аст.
Гузаштан ба хати бобоӣ шояд ба суди кор бошад, зеро форсигӯён аз ҷаҳони ҳамдигар огоҳ мешаванд. Аз ҳама судмандтарин ин ки он бародарон, бавижа, тоҷикони Кобулистон аз рӯзгори мо огоҳӣ пайдо мекунанд. Ва барои ба ҷаҳони пешрафт, фарҳангӣ ва озода рӯ кардани онҳо кумак мешавад. Охир онон бародарони моанд, тоҷиканд, дар хоки аҷдодии худ мезианд. То кай бо ин бадбахтӣ ва дар торикӣ зиндагӣ мекунанд. Аз фарҳанги нотоҷикӣ даст кашанд. Рӯ ба тоҷикии тоза кунанд ва аз ин бадбахтӣ раҳо меёбанд. Андешаҳо дар мавриди садаҳои нуҳ ва даҳ пайдо шудани забони имрӯзаи тоҷикӣ хато аст, зеро номҳои Рустам, Доро, Хусрав, Парвиз, Гурдофарид Наврӯз, Меҳргон, Сада ва монанд ба инҳо ҳанӯз аз даврони куҳан буд. Дуруст аст, ки дар замони Сомониён, чун имрӯза забон бештар рушд кард.
Барои дар оянда рушд кардани забон тоҷикона номгузорӣ кардани фарзанд ва кӯю барзан хеле маҳанд аст. Бояд ба фарзандони худ номҳои тоҷикӣ монем.Бадбахтона, бисёриҳо, бавижа, фарҳангиёни мо, донишварон аз ноогоҳӣ номи душманони тоҷик, номи ононе, ки боис ба бадбахтии мардуми порсу тоҷик ва ҳатто дигар мардумони ҷаҳон шуданд, бавижа, Искандари хунхорро гирди забон мекунанд ва ба фарзандони худ мегузоранд, ба онҳо сипосу офарин мехонанд, онҳоро ситоиш мекунанд. Шояд ин нишони нангу номус ва хештаншиносии “баланди мо” бошад. Ин хатои бузург аст. Шояд аз даҳшати онҳо огоҳ нестанд ё намехоҳанд огоҳ бошанд. Бояд ба фарзандони худ номи шермардони мардуми тоҷик-чун Рустаму Суҳроб, Спитамену Деваштич, Сиёвушу Манучеҳр ва дигар қаҳрамонони худро гузорем. Ҳатто бегонагон ба фарзандони худ номҳои тозаи тоҷикӣ мениҳанд. Чунончи, номи фарзандони Президенти Туркманистон Сардор ва Гулҷаҳон аст. Ё номи ҳамсари Забонро забонат бубахшид тавонПрезиденти Озарбойҷон Меҳрубон аст. Ҳатто бубинед, ки Амир Темурро ба забони тоҷикӣ “Темурланг” ном мебаранд ва то имрӯз чунин ном мебаранд, на ба туркӣ ё ӯзбекӣ “Тумур чӯлоқ”. Ё Султон Боязид, ки кӯр буд, ӯро то ба имрӯз ба тоҷикӣ туркон Боязиди кӯр (дар гузашта Султони Туркистон) мегӯянд, на ба туркӣ онро баён мекунанд (ҳар ду шахсони шинохтаи ҷаҳонианд, бавижа, Темурланг). Чунин ному насабҳо хеле бисёранд. Вале мо тоҷикон аз номи тоҷикӣ ор мекунем ва бо пайравӣ ба гуфтаи ду се бедониши бегонапараст ба фарзандони худ номҳои бегона мегузорем. Гӯё номҳои бегона китобӣ бошаду номҳои тоҷикӣ нокитобӣ аст. Ин чӣ андешаву гуфтор аст? Номгузориро аз Пешвои бузургамон бояд омӯхт. Бо ин шева Феҳрасти номҳои тоҷикиро аз нав бояд таҳия кард.
Мо дар беҳбудии забони модарӣ аз Пешвои бузургамон сипосгузорем. Зеро:
Ба оину фарҳанг бубахшидӣ ҷон,
Забонро забонат биафзуд тавон.

Забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ забони булбулон, забони ошиқон ва шеъру шоирон, забони чашмасорону рӯдҳои шух аст, забони ҷӯйборон ва боду борон, забони фариштагону аҳли биҳишт аст ва чунин андеша ҳаст, ки гӯё дар он ҷаҳон пурсиши бандагон аз сӯи Худо бо ин забон сурат мегирад. Пас бояд онро аз ҳар гуна олудагиҳо полуда созем.
Мо ба гуфтаи Мавлои Балх “Бо неку бади халқи ҷаҳон кор надорем”, танҳо аз мардуму меҳан ва забону фарҳанги худ пуштибонӣ мекунем. Бо мардуми Худо дӯстӣ мекунем. Поянда бод Тоҷик ва Тоҷикистон.
Содиқи Кашрӯдӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: