Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ГЕНОТСИД ё саҳифаи сиёҳи таърихи Озарбойҷони навин

ГЕНОТСИД ё саҳифаи сиёҳи таърихи Озарбойҷони навин

23-02-2016, 15:36
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
ГЕНОТСИД ё саҳифаи сиёҳи таърихи Озарбойҷони навин26 феврал ба қатли оми озариҳо дар шаҳри Хоҷалӣ 24 сол сипарӣ мешавад. Ин воқеа дар таърихи Озарбойҷон чун саҳнаи даҳшат ва фоҷеа сабт шудааст. Бар асари ин ҳодиса 613 нафар, аз ҷумла 106 нафар занон, 63 нафар кӯдак, 70 на пиронсолон ҳалок ва 8 оила пурра нобуд карда шудаанд. 25 нафар кӯдакон аз падару модар, 130 нафари дигар аз падар ё модар маҳрум гардиданд, 487 нафар, аз ҷумла 76 кӯдак ҷароҳат бардошта, 1275 нафар ба асорат афтоданд. Тақдири 150 нафар то ҳол номаълум аст. Зиёни ин фоҷеа ба давлати Озарбойҷон ва аҳолӣ бо нархҳои ҳамон сол зиёда аз 5 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Таҳлилгарон қазияи Хоҷалиро фоҷеаи асри 20 номида, онро ҳамсанги фоҷеаҳои Хатин, Хиросима, Нагасаки ва Сонгми арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамлаи ин шаҳр баталёни 2-юми полки 366-уми артиши Шӯравӣ таҳти фармондеҳии майор Сейран Оганян ва баталёни 3-юм бо сарварии Евгений Набокихин иштирок карданд.

Сиёсатмадори варзида шодравон Ҳайдар Алиев гуфта буд, ки дар қатли озариҳо дар Хоҷалӣ аз усулҳои ваҳшиёна кор гирифтаанд ва метавон онро таърихи ваҳшонияти инсоният номид.

Таърихшиносон фоҷеаи Хоҷалиро идомаи муноқишаҳои мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 1988 медонанд, ки боиси марги ҳазорҳо ва фирори зиёда аз миллион нафар озариҳо аз ин қаламрав шуда буд…

Соли 2008 як давраи омӯзишии тахассусиро бо ибтикори Барномаи Рушди СММ ва бо дастгириии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон гузаштем. Ҳангоми сафар дар Хиёбони Шаҳидони шаҳри Боку назари кас ба лавҳаю аксҳои насбшудаи нафароне афтод, ки дар як рӯз-20 январи соли 1990 қурбони ҳамлаҳои нерӯҳои истилогар шудаанд. Дар як лавҳа акси ду дилдодаро мебинем, ки ҳамон рӯз тӯи арусӣ доштанд, дар лавҳаҳои дигар акси кӯдакон ва занону пиронсолон намудоранд, ки ҳадафи тири камондорон қарор гирифтаанд. Фоҷиаи Хоҷалӣ идомаи ҳамин Рӯзи Сиёҳи моҳи январ аст.

ГЕНОТСИД ё саҳифаи сиёҳи таърихи Озарбойҷони навинВақте Озарбойҷон мегӯям, пеши назар симои гарму меҳмоннавозии Ризо Алӣ-оғли Гасимов ва фарзандону пайвандони ӯ намудор мешавад, ки ҳамдеҳагони мо бо ӯ собиқаи беш аз 50-солаи дӯстона доранд. Дар аҳди Шӯравӣ, ки парвози ҳавопаймоҳо мустақиман миёни Душанбею Боку барқарор буд, ҷонибҳо маҳфилҳои ҳамдигарро бо ширкати аҳли оила нуру сафо мебахшиданд. Ҳатто фарзандони Ризо Алӣ-оғли маълумоти миёнаю касбиро дар Тоҷикистон гирифтаанд. Ҳоло ки шароит дигар асту имкониятҳо маҳдуд, онҳо дер-дер ба дидори ҳамдигар мерасанд. Имрӯз насли дуюму сеюми ин хонаводаҳо ба эҳтироми ин дӯстӣ арҷ мегузоранд. Писарбузурги Ризо Алӣ-оғли нависанда Ромиз Гасимов зимни таълифи як рисола иддао дорад, ки кашшофи Амрико на Христофор Колумб, балки форснажоде бо исми Насриддини Тӯсӣ будааст. Сари ин мавзӯъ баъдтар бармегардем, аммо ҳоло мавзӯи андеша фоҷеаи Хоҷалӣ аст.

Таърих борҳо шоҳиди фоҷеаи қавму миллатҳое шудааст, ки ба оташи он ҳамсоягон равған рехтаанд. Кинаю адовату мухолифатҳое, ки миёни ҳамсоягон бар сари масъалаҳои марзиву маъмурӣ, норасоии об, олудагии ҳаво, муҳити зист ва амсоли ин солиёни зиёд ҷамъ шудаанд, оқибат ба таркишҳои мудҳиш анҷомидааст, ки аз шунидану дидани манзараҳои он рӯзҳо вуҷуди кас ба ларза меояду дилаш ба дард. Шояд ҳайвони дарранда баъди дидани чунин лаҳзаҳои мудҳиш ба аҳволи махлуқе бо номи инсон, ки бо сангдилии махсус ҳамҷинси худро ба қатл расонидааст, бо тамасхур бингарад. Чунончи имрӯз ҷангиёни ДИИШ зери ниқоби Ислом ба чунин амалҳо даст мезананд.

Ҳамсоягон оташи қаҳру ғазаби солҳо дар дил доштаашонро фурӯ нишонда натавониста, ба дунболи ҳодисаҳои фоҷеабори Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 1988 дубора алангаи онро соли 1992 ба сари сокинони шаҳри Хоҷалӣ барафрӯхтанд ва бо ин аъмоли зишти хеш Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи башарро сахт поймол карданд. Саркардагони ин фоҷеа дар назди Додгоҳи байналмилалии ҳуқуқи башар барои чунин ҷиноятҳои гӯшношунидашон бояд посух бигӯянд. Мутаассифона, то ҳол ин додгоҳ дар паи муроҷиати озариҳо ба хулосаи қатъӣ наомадааст.

Ба хотир овардани чунин ҳодисаҳо агар пос доштани хотираи қурбониён бошад, аз дигар сӯ ҳушдор ба ҷомеаи башарӣ аст, ки аз чунин куштори ваҳшиёнаю дастаҷамъонаи як миллат, ки бо номи генотсид ёд мешавад, бояд дар ҳама ҳолат худорӣ кард. Зеро бо гузашти солҳо захмҳои чунин фоҷеаҳо шифо намеёбанд, баръакс, ҳар гоҳе он рӯзҳоро мардум ба ёд оранд, дубора он ҷароҳатҳо ба дард меоянд. Мардуми мо дуруст гуфтаанд, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст». Афсӯс, ки оби рехта бардошта намешавад…

Фоҷеаи Хоҷалиро на танҳо фоҷеаи озариҳо, балки фоҷеаи башарият метавон номид. Аз ин рӯ давлатмардони сабукандеш аз пайи ҳирсу тамаъ ҳеҷ гоҳ набояд ба чунин амалҳои нангину фоҷеабор дигарбора даст бизананд, вагарна ба нафрати ҷомеаи башарӣ гирифтор хоҳанд шуд…
Алӣ Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: