Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мулоқот намуд

Дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мулоқот намуд

6-07-2021, 14:08
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мулоқот намуд 5 июл дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Лю Женмин мулоқот анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, татбиқи қатъномаи «Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Ню-Йорк, 2023), иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чорабинии муҳимми дарпешистода — Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика (High level diаlogue on Energy) ва таъсири ҳамагирии Ковид-19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо аз иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025-ум ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, аҳамият ва саривақтӣ будани он дар шароити имрӯзаи ҷаҳониро таъкид карданд.

Тарафҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкорӣ самарабахш баён намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: