Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар канори ҳам бошем

Дар канори ҳам бошем

2-07-2021, 11:26
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Аксияи «Мо бо шумоем»

 Дар канори ҳам бошем

Ин аксияи ҲХДТ чанд воқеиятро равшан кард. Аз љумла нишон дод, ки роҳбарияти ҳизб ва давлати Тољикистон нисбати кӯдакону ҷавонони имконияташон маҳдуд ва маъюбон таваљљуҳи хос доранд. Дуюм, худи ин кўдакон ҳам ба он нигоҳ накарда, ки имконоти маҳдудтаре нисбат ба афроди солим доранд, ба зиндаги бо дили гарм ва бо умед менигаранд.. Ва боз ҳам муҳимтар аз ин, љомеа ва шахсони саховатпеша дар ҳолатҳои лозим аз ҳар иқдоми хайрия бо дарки масъулият ва бо самимият пуштибонӣ менамоянд

Як сабаби асосии афзоиши миқдор ва ҳаљми љоизаҳо барои ғолибон, ки дар љамъбаст ба ғолибон супорида шуд, низ дар ҳамин буд.

Озмуни «Мо бо шумоем» дар се давр ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурияӣ баргузор гашт. Дар рафти озмун дар саросари ҷумҳур зиёда аз 1087-нафар кӯдакону ҷавонони имконияташон маҳдуд ва маъюбон, яъне ин гурӯҳи барои ҷомеаи мо азиз, дар се номинатсия маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, сурудхонӣ, навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ иштироки фаъолона дошта, аз байни 1087 кӯдакону наврасон 34 нафарашон роҳхат ба даври ниҳоӣ гирифта буданд.

Яке аз довталабони љоизаи даври љумҳуриявӣ намоянда аз шаҳри Душанбе Хатича Муслимова ба ҳисоб мерафт. Дар ҳақиқат чунин ҳам шуд. Ў дар озмуни “Мо бо Шумоем” соҳиби шоҳҷоиза - хонаи истиқоматии 2 ҳуҷрагӣ гардид. Дар канори ҳам бошем
Лозим ба зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои муайян намудани беҳтаринҳо озмуни шаҳрии “Мо бо шумоем” - ро баргузор намуда, 6 нафари онҳоро барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод кард.
Ин намояндаҳо дар озмуни мазкур 3 номинатсия (номинатсияи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, номинатсияи маҳорати сурудхонӣ ва номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ) муайян гардида, ба даври љумҳуриявӣ пешниҳод шуданд. Даври ниҳоӣ нишон дод, ки фиристодаҳои шаҳр дар ҳақиқат,
холисона ва бо дарназардошти маҳорати довталабон интихоб шудаанд. Зеро дар марҳалаи охири озмун, ки тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар беҳтаринҳои худро пешниҳод намуда буданд, Заҳро Абдуллоева намояндаи дигар пойтхт ҳам ғолибият ба даст овард.
Хатича Муслимова, ки дар номинатсияи «Маҳорати сурудхонӣ» ғолиб омад, бар иловаи хонаи дуҳуљрагӣ, бар асоси низомномаи озмун бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ ва Заҳро Абдуллоева дар номинатсияи “Маҳорати суханварӣ ва қироати шеър” ҷойи дуюм бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, 4 нафар довталабони дигар аз шаҳри Душанбе Мирзоев Иброҳим, Темуров Эмомаҳдӣ, Чилаева Мавлуда ва Нуралиев Абубакр дар озмуни мазкур барои иштироки фаъолона бо дипломи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сазовор дониста шуданд. Дар канори ҳам бошем
Дар номинатсияи «Маҳорати сурудхонӣ» барандаи дигар Хушдил Шанбиев аз ноҳияи Шуғнон буд, ки бар иловаи љоизаи муқарраршуда дар озмун боз бо мукофоти пулӣ ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ лоиқ дониста шуд.
Дар Кумитаи иљроияи ҳизб дар вилояти Суғд иштироки намоядагони худро бо муваффақият дониста, пирўзии яке аз фиристодаҳои вилоятро дастоварди шоиста арзёбӣ мекунанд.
Чуноне медонем, дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Мо бо Шумоем”, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди то сини 18 сола баргузор гардид, 6 нафар ғолибони даври вилоятӣ ширкат варзида, аз рӯи баҳодиҳии ҳайати ҳакамон Ҳасанов Шерзод аз шаҳри Хуҷанд дар наминатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ сазовори Дипломи дараҷаи як ва мукофоти пулӣ ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ гардид.
Ҳамин озмун буд, ки ному эътибори маъюбонро муддати зиёда аз ду моҳ вирди забонҳо кард ва аз байни онҳо маъюбони бо маҳорату ҳунарманди аз 6 то 18 - соларо рўи саҳнаҳо овард.

Бо итминони комил мегўям, озмуни мазкур, ки бахшида 30-юмин солгарди Истиқлоли миллӣ дар доираи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, агарчӣ аввалин иқдоми хайрия дар чунин сатҳ бо ин вусъат аст, охирин нахоҳад буд.

Солеҳ Юсуфов







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: