Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омӯзиши амалии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои кормандони ширкати Тcell

Омӯзиши амалии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои кормандони ширкати Тcell

21-06-2021, 14:30
Хабарро хонданд: 70 нафар
Назарҳо: 0
Омӯзиши амалии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои кормандони ширкати ТcellДонишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи тиҷорати Кембриҷбо ҳадафи дастгирии ширкати мухобиротии Тисел дар давраи пас аз пандемия барномаи омӯзишии амалиеро таҳия кардааст. Ҷанбаҳои калидии ин барномаи омӯзишӣ шомили тиҷорат ва навоварӣ, таҳаввулоти рақамӣ ва устувории тиҷорат мешаванд.
Ба сабаби рақамӣ шудани тиҷоратҳо ватариқи онлайн ироа шудани хадамоти омӯзишӣ болои фароҳамкунандагони интернет барои густариши хадамот ва истифодаи фанновариҳо фишори бештаре мешавад. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо шарикони худ барои расидагӣ ба ин масъалаҳо ва чолишҳои дигари оянда дар заминаи иртиботот барномаи махсуси омӯзиши таҳаввулоти рақамӣ, шеваҳои роҳбарию фарҳанг ва мудирияту навовариро таҳия кардааст.
Ин барномаи омӯзишӣ дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад ва дар он кормандони ширкати Тcellиштирок хоҳанд кард. Барномаи омӯзишии мазкур намунае аз таҷрибаҳои нав ва дидгоҳҳои гуногунро дар мавзӯъ ва қолабҳои васеъ ироа мекунад. Дар ин барнома ба хотири дар амал истифода бурдани маводҳои донишгоҳҳои шарик усулҳои таълимӣ ва равишҳои гуногунбо шумули мавзӯъҳои мушаххас бар асоси таҷрибаҳои ҷаҳонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дарсҳо дар шакли барномаи ҳузурӣ ва як дарси онлайн аз ҷониби устодони донишгоҳҳои шарик ва роҳбарони иҷроияи ширкатҳои мухобиротӣ баргузор мегарданд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ илова бар роҳандозӣ кардани дарсҳои сатҳи боло барои саҳмгузорӣ дар равнақ додани шеваҳои роҳбарӣ, идеяҳо ва овардани навоварӣ дар иқтисодҳои дар ҳоли гузариши минтақаталош мекунад. Инчунин аз тариқи барномаҳои омӯзишӣ ва тадқиқотии муосир ва ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ба дунболи овардани арзишҳост.
Ин ҳамкориҳо ба хотири анҷом додани тадқиқотҳои муштарак ва баҳравар кардани пажуҳишгарони донишгоҳҳои ҳамкор ва инчунин ташкилотҳои Шабакаи Оғохон оид ба Рушд (AKDN) роҳандозӣ шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: