Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Васеъгардонии вазъи иқтисодии занон барои рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» доир шуд15-06-2021, 17:01
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 1
![]() Тавре Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ҷониби Тоҷикистонро дар ин форум раиси Кумитаи мазкур Ҳилолбӣ Қурбонзода муаррифӣ кард. Мавсуф бо маърӯзаи таҳлилӣ оид ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкории занону духтарони тоҷик суханронӣ намуд. Форуми мазкур дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорзанони ҷумҳурӣ баргузор гардида, масоили тақвияти ҳамкории густурдаи тарафҳо ва имкониятҳо, дурнамоҳои минбаъдаи рушди фаъолияти соҳибкории занону бонувони кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.