Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БАЪДИ ТУ ХАЗОН НИШАСТА ДАР ЧАШМОНАМ…

БАЪДИ ТУ ХАЗОН НИШАСТА ДАР ЧАШМОНАМ…

7-06-2021, 10:43
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0

Афсӯс, ки зиндабузургон нашиносем,
Он рӯз шиносем, ки гӯем куҷо шуд?


БАЪДИ  ТУ  ХАЗОН  НИШАСТА  ДАР  ЧАШМОНАМ…Вақте дӯстон аз даст рафтанд, мефаҳмем, ки чи қадар дӯсташон медоштем.
Бо дареғу дард ёдовар мешавам, ки дӯст, олим ва бародари гиромӣ Абдураҳмон Наимович Маҳмадшоев яке аз мардони фидокору меҳнаткашу ватандӯстдоре буд, ки умри худро ба омӯзишу пажуҳиш ва корҳои нек сарф намудаву то ҷое тавонистааст ба халқу Ватанаш хизмати беназире анҷом диҳад. Ва имрӯз ҳарчанд ӯ дар миёни мо нест, аммо кори неку номи накӯяш дар дили хешу ақрабо ва ёру дӯст ҷовидона мондааст.
Ба гуфтаи гузаштаҳои мо «Марг ҳақ аст», дер ё зуд ҳар яки мо хоҳем рафт. Ба қавли Ҳаким Умари Хайём:

Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?


Абдураҳмон Маҳмадшоев номзади илмҳои байторӣ буд ва сарварии совхози ба номи «Калинин»-и ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин)-ро ба уҳда дошт, баъдан чанд соли дигар Сарвари хоҷагии фермерии зотпарварии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ, муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ (Ленин), муовини аввали сардори Сарраёсати байторӣ бо инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори кулли Муассисаи давлатии «Маркази миллии ташхиси байторӣ»-ро ба зиммаи хеш дошт. Мавсуф хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Донишгоҳи аграрии ба номи Шириншоҳ Шотемур) буда, соҳиби ихтисоси духтури ветеренарӣ гаштааст. Мавзӯи кори илмиаш низ марбут ба ихтисосаш буда, аввалин нафаре буд, ки як мавзӯи муҳим ва ба ҷумҳурии мо хосро интихоб намуд, ки то ба он давра касе доири он пажуҳиш ва кори илмӣ нагузаронида буд.
Ҳамзамон дар баробари корҳои илмӣ Абдураҳмон Маҳмадшоев тавонист дар рушду равнақи соҳаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ нақши арзандаи хешро бигузорад. Ба вижа вақти Сарварии совхози «Калинин» ва Директори хоҷагии фермерии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин)-ро ба дӯш дошт, кӯшиш ба харҷ дод, ки он чӣ дар соҳаи илми байторӣ омӯхта буд, дар корҳои амалии худ истифода намояд. Дар давоми фаъолияти корияш дастоварҳои илми байториро оид ба пешгирӣ ва табобати касалии ценурози гӯсфанд бори аввал дар ҷумҳурӣ татбиқ намуд.
Ҳамчунин ин марди дар соҳаи худ олиму доно пешгирии касалиҳои тайлериози ҳайвони калони шохдорро ба тарзу усули нав, табобати гӯсфандонро тариқи гурӯҳӣ бо истифодаи камераҳои аэрозолӣ ба роҳ монда, дар ин хоҷагии номбурда ҳамчун мутахассиси барҷаста ва муваффақи соҳаи чорводорӣ, алалхусус гӯсфандпарварӣ ном баровард.
Бояд гуфт, ки олиме буд сермаҳсул. Дар замони роҳбарии ӯ дар ин хоҷагӣ ихтирооти чандин олимони ҷавони соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла дар соҳаи байторӣ тадбиқи амалии худро ёфта, баъдан дар пешрафту равнақи ин соҳаи муҳим, яъне дар боло бурдани самаранокии маҳсулоти чорводорӣ ҳиссаи худро гузоштанд.
Оре, Абдураҳмон Маҳмадшоев умри азизи худро ба омӯзиш ва пажуҳиши илми байторӣ сипарӣ кард ва марбут ба ин соҳа корҳои бешро анҷом додааст, ки ӯ муаллифи 30 мақолаи илмию оммавӣ, 2 шаҳодатномаи муаллифӣ бо ихтироот, шаш маводи илмӣ ва 2 пешниҳоди ратсионализаторӣ гашта буд. Ва тӯли 40 соли кору фаъолияти беназираш дар ҷодаи кишоварзӣ ва байторӣ ҳамчун як мутахассиси кордону донишманд ва роҳбари хушмуомилаву ҷавонмард худро муаррифӣ намуда буд.
Расули Акрам (с) фармуданд, ки чун олими ҳаққонӣ ба илми худ амал кунад, миёни вай ва миёни пайғамбарон алайҳи-с-салом фарқ набошад, магар як дараҷа ва он дараҷаи пайғамбарӣ аст, пас ба таҳсили илм машғул бояд буд, то бо ин саъодат бирасӣ.

Коре, ки зи дӯзах бираҳонад, илм аст,
Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.
Ҷуз илм талаб макун, ки дар дунёву дин,
Роҳе, ки ба мақсуд расонад илм аст.


Ман бо ин марди донишманду хирадманд бо шарофати дӯст ва бародари бисёр қадрдону гиромӣ, собиқ полковники милиса Каримбек Назаров ошноӣ пайдо кардам, ки ин шиносоӣ баъдан моро чун бародар бо ӯ наздику қарин намуд, зеро инсонеро дарёфтам, ки бисёр нарм, самимӣ ва адабгуфтору наҷибу хайрхоҳе буд ва ҳамчунин ошиқу дилбастаи фарҳангу тамаддуни ниёкони бузурги мо буда, бо тоҷик буданаш сари ҳар ҳарфаш ифтихор мекард. Оре, баъди ошноӣ бо ин марди хирад ман ду наҷиб эҳсос намудам, ки инсонест вораста, бениёз, фозилест покизадилу покизадомон ва мусулмонест бо маърифату худотарс. Дар ҳақиқат, бародари хушгилу нуронӣ бо суханҳои пурмуҳтавояш, бо андешаҳои илмӣ ва маърифати волояш моро саргарм намуда, дар диламон барои зиндагии фардо тухми умед мекорид.
Аз адабиёти ҷаҳон асарҳои зиёде хонда буд ва ҳар гаҳе, ки ба сафари хидматӣ ба хориҷи кишвар мерафт, ҳатман китобе барои дӯстон савғо меовард. Хуб медонист, ки танҳо китоб метавонад ба инсон сирати одамият бахшад ва дар ҷодаи зиндагӣ чароғи роҳаш бошад. Пайваста таъкид менамуд, ки муфидтарин ихтирои башар китоб аст ва ганҷинаи донишро ба ҳар қимате бихаред, арзон аст. Аз ин рӯ, дар хонааш китобхонаи шахсӣ ташкил карда буд, ки теъдоди китобҳояш хеле зиёданд ва беҳтарин мерос барои пайвандону фарзандони азизи ӯ мебошанд. Чунки китоб ҳамчун ганҷи бебаҳо сарчашмаи ақлу хирад ва таълимгари беғаразу беминнати инсон аст. ӯ дарк намуда буд, ки донишандӯзӣ рисолати бузурги ҳар инсон аст. Чуноне ки Пайғамбарамон Расуди Акрам (с.а.в) дар фазилати дониш ва толиби илм фармуда: «Огоҳ бошед, ки Худованд (ҷ.ҷ.) ҷӯяндаи донишро дӯст медорад».
Дар ин хусус Ҷалолиддини Балхӣ басо хуб баён намудаанд:

Илм дарёест беҳадду канор,
Толиби илм аст ғаввоси биҳор.
Гар ҳазорон сол бошад умри ӯ,
ӯ нагардад сер худ аз ҷустуҷӯ.


Ҳамин хислату хилқатҳои некӯӣ, донишандӯзӣ ва илм андӯхтан буд, ки фарзандонашро низ дар руҳияи илму дониш парвариш кард ва имрӯз хушбахтона фарзандони хуштолеъаш тавонистанд, мисли падар олиму доно бошанд. Ду фарзанди накӯахтари зиндаёд Абдураҳмон Маҳмадшоев сазовори номзади илм гашта, имрӯз идомадиҳандаи кору пайкори падар мебошанд.
Дар ҳақиқат Абдураҳмон Маҳмадшоев шахси сарватманд буд. Сарват ва дороии ӯ, ганҷ ва ё амвол набуда, балки ҳамин фарзандони солеҳу соҳибмаълумоташ мебошанд.
Аз ин лиҳоз, номи некеро, ки аз падар расида, фарзандони шодравон бояд ҳамчу ҷоми булӯрин бо эҳтиёти фаровон нигоҳ доранд.
Бояд иқрор шуд, ки ба дараҷаи баланди илмӣ расидан, на ба ҳар як нафар муяссар мегардад. Яъне, меҳнату заҳмати шабонарӯзиро тақозо менамояд. Ба қавли Саноии Ғазнавӣ:

Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ
Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.

Зиндаёд Абдураҳмон Маҳмадшоев дар нишастҳо ҳамеша таъкид мекард, ки мо бояд дуо бикунем, ки ин ватани азизи мо обод бошад ва мардуми мо бо маърифату ҳушёр ва худшиносу худошиносиро дар зиндагии худ дар зинаи аввал бигузоранд, зеро мардуми ҷомеа то бомаърифату бофарҳанг набошанд, он сарзамин ба пешрафту шукуфоӣ намерасад.
Ҳаргиз гумон намекардам, ки рӯзе дасти рӯзгор моро аз ҳам ҷудо мекунад, вале балое, ки тамоми оламро фаро гирифт ва Тоҷикистон ҳам истисно набуд, яъне бемории Куруно чандин азизони моро аз миён бурд ва аз ҷумла ин марди хирадпеша низ, ки ҳоло завқи зистан ва меҳнат кардан дошт, моро падруд гуфт ва дилҳои моро саршори дарду алам намуд.
Афсӯс, хеле афсӯс, аммо зиндагӣ омадан дораду рафтан. Дар интиҳои ин меҳрнома ин байт ба ёдам расид:

Қиссаи дарди ту, эй дӯст ба поён нарасид,
Он қадар сӯхт маро, то ба лабам ҷон нарасид.

Абдулвоҳид Оев,
узви ИЖТ




СӮГВОРӢ
Барои бародари гиромӣ, донишманд, номзади фанҳои
байторӣ равоншод Маҳмадшоев Абдураҳмон Наимович
Аз маҳфили мо, марди хирад, марди вафо рафт,
Як марди ба тақвову ба имону сафо рафт.
Ҳамвора зи илму амалу дӯстӣ мегуфт,
Донандаи илму хираду кони сахо рафт.
Эй вой зи дарди бедаво, кушт варо,
Аз дасти вабои пурҷафо аз бари мо рафт.
ӯ рафту на шодӣ ҳасту на созу тараб,
Ҳайфо, ки яке олими бас дидадаро рафт.
Монанди уқоби сари кӯҳҳои баланде,
Бархост аз ин даҳри пур аз шӯру бало рафт.
Ойинаи дӯстии мо занг надошт,
Дардо, ки шикаст ойинаву марди вафо рафт.
Як зарра набуд дар дилаш кибру ғурур,
Ором чу накҳати гуле сайри само рафт.
Тарки зану фарзанду бародар карда,
Як мӯниси ҷон аз сари ин зумра чаро рафт?
Аз як нигаҳи ӯ дили мо шод ҳамешуд,
Гӯё, ки малак буд, ки бар сӯйи Худо рафт.


Абдулвоҳид Оев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: