Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боришоти боронҳои пай дар пай боиси омадани сел дар Кулоб гардид

Боришоти боронҳои пай дар пай боиси омадани сел дар Кулоб гардид

11-05-2021, 17:23
Хабарро хонданд: 107 нафар
Назарҳо: 0
Боришоти боронҳои пай дар пай боиси омадани  сел дар Кулоб гардид
Тибқи иттилои Кумитаи њолатњои фавќулода, дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пайи санаи 11 майи соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сел омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Дар шаҳри Кулоб 3 нафар шаҳрандон фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили автомашина будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба дарёфт карда шуд. Дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: