Айнӣ: Ҳалокати як зан бо се фарзандаш бар асари кандашавии шахпора22-05-2018, 16:25
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
![]() Май 22, 2018 10:40 ДУШАНБЕ, 22.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар деҳаи Марғзори ноҳияи Айнӣ бар асари канда шудани шахпора як зани 30-сола бо се фарзандаш ба ҳалокат расид. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дода, илова кард, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи мазкур модар бо фарзандонаш дар саҳро машғули корҳои саҳроӣ будаанд. Тифлони ҳалокшуда яке 8-сола, дуюмӣ 6-сола ва сеюмӣ 1-сола будаанд. Ёдовар мешавем, ки ҳафтае қабл дар қисме аз роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент резиши санг ба қайд гирифта шуда буд. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид то 24-уми май идома меёбад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар боришоти зиёди борон, номусоидии ҳаво ва хатари омадани селу резиши сангпораҳо аз сокинони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба мавзеъҳои хатарнок, аз ҷумла, лаби дарёҳо ва кӯҳҳо худдорӣ намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.