Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КОНИБОДОМ ЯК КӮЧА ДОРАД?

КОНИБОДОМ ЯК КӮЧА ДОРАД?

11-05-2021, 10:11
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
КОНИБОДОМ ЯК КӮЧА ДОРАД?
Ғайбзании ҳайкал 2021
Шоҳона 3.5.2021




Чун ҳамешагӣ рӯзи панҷшанбе рӯзномаҳоро мутолиа намуда, назарам ба саҳифаи 14 – и «Минбари халқ», №10 (1304), аз 10.3.2021 ба матлаби А. Акрамов «Неъмат Қаробоев ба куҷо ғайб зад?...» афтод. Аз сарлавҳа муайян буд, ки маводест изтироболуд.
Сухан аз он боб мерафт, ки ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Неъмат Қаробоев чанд сол муқаддам аз маркази шаҳри Конибодом ба саҳни мактабе кӯч бастааст. Муаллиф менигорад, ки оё чунин муносибат ба қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ беэҳтиромӣ нест? Ё масъулони шаҳри Конибодом бехабаранд, ки Неъмат Қаробоев зодаи шаҳри Конибодом буда, соли 1943 (соли 1940 – У. Ш.) қаҳрамонӣ нишон дода, дар соҳили дарёи Дон ба шаҳодат расидааст?
«Неъмат Қаробоев аввалин Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Осиёи Миёна мебошад», - таъкид мебарад муаллиф. Оё ӯ ифтихори мо тоҷикистониён нест? Чаро ҳайкали чунин фарзанди номбардори Ватанро аз маркази шаҳр барканор намудаанд…
Ба ростӣ, ин ҷониб низ пас аз мутолиаи маводи таҳти назар мушавваш гаштам. Ба худ гуфтам хайрият, ки шикаста напартофтаанд. Ё чун аксари роҳбарони навзуҳури шаҳру кишварҳои пасошӯравӣ ҳайкалҳоро номувофиқ гӯён беҷо карда, аз назар дур, дар ҳавлии иншооти вайрона ва ё боғи бедолу дарахте ғун накардаанд.
Раҳмат ба муҳтарам раис, ки муҷассамаи қаҳрамони номвар, ҷигаргӯшаи хешро, ақаллан, дар ҳавлии мактаби ҳамномаш ҷо додаанд…
Ба ҳар сурат мехостам посухи раиси шаҳри Конибодомро бифаҳмам. Аз миён як, ду, се, чор, панҷ ҳафта сипарӣ шуд. Ба қавле, аз интизорӣ кӯки чашмам канд. Умедамро кандам. Хайрият дар ҳафтаи 6 – ум он рӯзи фараҳфизо даррасид. Шумораи 16 – и рӯзномаи «Минбари халқ» аз 21 апрели соли 2021 – ро хонда, назарам ба рубрикаи «Ба «МХ» ҷавоб омад», расид. Посух бо сарлавҳаи «Пешниҳод боиси дастгирист» ба табъ расида буд. Ҷавоб бо имзои раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода буд. Посухро мутолиа намуда, ором гирифтам...
Ҳазор раҳмат барои вақт ёфта, ҷавоб гардонданатон. Беҳуда халқ нагуфтааст: «Дер ояду шер ояд». Матлаб дар шумораи 10 чоп шуда, посухашро дар № 16 дарёфтем. Бисёр нағз, олиҷаноб. Баъди 5 чоршанбе, дар рӯзи чоршанбеи 6 – ум, ҷамъулҷамъ 42 рӯзи тақвимӣ, он қадар ҳам дер нест. Асосаш посух навиштанд.
Акнун, ба мағзи посухи муҳтарам раис диққат равона месозем:
«… ва мақолаи А. Акрамов таҳти унвони «Неъмат Қаробоев ба куҷо ғайб зад?...» дар шумораи 10 – уми он аз 10. 03. 2021 ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
… гӯё роҳбарияти шаҳри Конибодом нисбат ба арзишҳои фарҳангиву таърихӣ беаҳмият буда, ба ҳайкали Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қаробоев бетафовутӣ зоҳир намуда бошанд.
Дар воқеъ ҳайкали Неъмат Қаробоев бо маслиҳату машварати гурӯҳе аз зиёиён ва собиқадорони барӯманди шаҳр аз маркази шаҳр гирифта, дар ҷояш боғи истироҳату фароғатии замонавӣ бунёд намуда, ҳайкали асосгузори давлати Сомониён, идеали миллати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Дар паҳлуи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст…
Ҳайкали аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қаробоев ба МТМУ № 16, ки номи ин қаҳрамонро дорад, кӯчонида, гирду атрофи он бо гулҳои тару тоза ва ҳамешасабз оро дода шудааст»…
Ҳазор раҳмат муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода. Ҳамааш хубу соз будааст, ба ҳаминаш ҳам шукр.
Аммо, баъди хондани посухи раис суоле пеш омад, ки шаҳри бостонии Конибодом як кӯча дорад ё… Аз оне ки муҳтарам раис бо ашхоси муътабар, зиёиён ва собиқадорони баруманди шаҳр маслиҳат кардаанд, амали хайрест…
Вале, ба ҳеч ваҷҳ, аз ёд набояд баровард, ки Неъмат Қаробоев қаҳрамони аҳамияти маҳаллидошта набуда, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, яъне собиқ давлати абарқудрати Шӯравӣ (СССР) ва Қаҳрамони № 1 дар миқёси Осиёи Миёна маҳсуб меёбад. Ва Неъмат Қаробоев зодаи шаҳри Конибодоми мардпарвар ва фарзанди номвари Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, хушоянд мебуд, ки агар масъулону мушовирони муҳтарам маслиҳат медоданд, то ҳайкали ҷигарбанди хеш, шахсияти маъруфу машҳури таърихиро дар саргаҳи хиёбон, кӯча ё гулгашти шаҳри қадимии Конибодом мақом медоданд.

Умари ШЕРХОН,
журналист


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: