Ҳайкали яктоннагии китоби президент дар Ҳисор29-11-2016, 10:39
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Ҳисор тимсоли китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро аз чӯбу оҳан сохтаанд, ки як тонна вазн дорад. Президенти Тоҷикистон дар 20 соли истиқлолияти давлатӣ даҳҳо китоб навиштааст. "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и ӯ соли 2002 чоп шуда, таърихи тоҷиконро аз панҷ ҳазор сол пеш то асри 20 бозгӯ мекунад. Муҷассамаи "Тоҷикон дар оинаи таърих"-ро муваққатан дар назди шӯъбаи маорифи шаҳри Ҳисор гузоштаанд ва масъулони маориф ба хотири, ба гуфтаи онҳо, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ шогирдонашонро ба назди муҷассама меоранд. Қарор аст, муҷассамаи мазкур, ки шаш метр паҳноӣ ва чор метр дарозӣ дорад дар яке аз маконҳои намоёни шаҳр насб шавад. Назрӣ Асадзода, мудири маорифи шаҳри Ҳисор мегӯяд, "ин муҷассамаи китоби бузург аст ва ҷойгоҳ, арзишу мақоми онро наметавон дар ҳеҷ гуна василаҳои моддӣ ғунҷонид." Тимсоли китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳе аз омӯзгорони мактаби президентӣ бо ҷамъоварии 12 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон сохтаанд. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.