Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Вазъи гирифтории аҳолӣ ба бемории каронавируси KOVID-19 дар ҷаҳон ва дурнамои он

Вазъи гирифтории аҳолӣ ба бемории каронавируси KOVID-19 дар ҷаҳон ва дурнамои он

5-05-2021, 09:50
Хабарро хонданд: 801 нафар
Назарҳо: 0
Вазъи гирифтории аҳолӣ ба бемории каронавируси KOVID-19 дар ҷаҳон ва дурнамои он
Бемории каронавируси KOVID-19 ҳамоно мавзӯи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Мутаасифона имрӯз дар аксар кишварҳои олам ҳолатҳои навбатии хуруҷи бемории мазкур бақайд гирифта мешавад, ки вазъи феълии кишварҳои Ҳиндустон, Туркия ва цисме аз кишварҳои Аврупоиву Осиё далели гуфтаҳои болост.
Аммо дар ин миён хушбахтона баъзе аз мамолики сайёра аз нобудии бемории каронавирус миёни ҷомеаҳои худ хабар медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо яке аз кишварҳои пирӯз дар муқобили бемории болозикр пазируфта шудааст.
Нигаронкунанда он аст, ки хуруҷи навбатии маризии KOVID-19 дар баъзе аз кишварҳо барои ҷомеаҳои пирӯз дар муқобили бемории мазкур, ҳолати хатарзо боқӣ мемонанд. Чун ҳар лаҳза хавфи вуруди навбатии бемории каронавирус дар дилхоҳ кишвар вуҷуд дорад. Аз ин рӯ риояи бе чуну чарои қавоиди санитарӣ эпидемиологӣ ва қабули талаботи идораҳои марбута аз ҷониби ҷомеа талаби вақт аст.
Бо мақсади бори дигар рӯ ба рӯ нашудани ҷомеаи мамлакат бо бемории KOVID-19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуда, таҷрибаи ба даст овардаи худро бори дигар дар амал татбиқ намуда истодааст.
Имрӯзҳо рафту омади одамон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳҳо ва нуқтаҳои марзӣ зери назорати қатъӣ қарор гирифта, бо мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди навбатии бемории KOVID-19 ба кишвар шаҳрвандони мамлакат ва хориҷӣ, ки вориди ҷумҳурӣ мегарданд аз муинаи тиббӣ, тариқи тести муаяннамоии беморӣ гузаронида мешавад, ва то ба ҳолати ба даст омадани натиҷа ба муҳлати 3 шабонарӯз дар каратини хонагӣ қарор дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории KOVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад ва бобати ба пуррагӣ ба ваксинатсия фаро гирифтани сокинони мамлакат тадбирҳои амалӣ рӯи даст гирифта шудааст.
Агарчӣ хуруҷи бемории каронвирус ба вазъи иқтисодии кулли кишварҳои сайёра хисороти ҷиддӣ ворид намуд, вале дар баробари пеш омадани ин ҳама мушкилот бунёду азнавсозӣ, таъмир ва бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ зери таваҷҷуҳӣ хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин самт як қатор корҳои амалӣ сурат гирифт.
Дар воқеъ маҳз дар даврони хуруҷи бемории болозикр, ки авохири соли 2019 дар олам зуҳур намуда, соли 2020 давраи хуруҷи он маҳсуб меёбад дар сохтори муассисаҳои тандурустии кишвар дигаргуниҳои ҷиддӣ сурат гирифт ва наздик ба тамоми беморхонаҳо хоссатан шӯъбаҳои сироятӣ бо дастгоҳу лавозимоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд, ки умед дорем чунин иқдоми инсонсолорона заминаи таъмини сиҳатии сокинон аз ҷумла дар давраи хуруҷи бемориҳои сироятӣ хоҳад гардид.

Суғдмеҳри Маъруфзод



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: