Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Ӯзбекистон китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ гардид

Дар Ӯзбекистон китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ гардид

4-05-2021, 09:59
Хабарро хонданд: 114 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ӯзбекистон китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ гардид3 май бо ибтикори собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир гардид.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маросими мазкур муовини Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, ректори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия, мудирони кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои Ӯзбекистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон атрофи китоби мазкур, ки дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, нақши он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳикоя мекунад, ибрози андеша карданд. Зимнан таваҷҷуҳи махсус ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва нақши роҳбарони ду кишвар дар рушди ҳамкории дуҷониба зоҳир шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: