Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Истиқлол» ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

«Истиқлол» ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

29-04-2021, 10:27
Хабарро хонданд: 630 нафар
Назарҳо: 0
«Истиқлол» ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Футболи Осиё


Дастаи футболи «Истиқлол»- и Тоҷикистон дар таърихи мавҷудияти худ бори нахуст ба даври ниҳоӣ ё плей-оффи Лигаи чемпионҳои Осиё роҳ ёфт. Ин рӯйдодро бисёре аз шореҳони варзиш ба унвони сенсатсия дар футболи ин кишвар номиданд.
Аз ҷумла Дмитрий Калугин, шореҳи варзишии ТВ MIR 24, дар шарҳи ин рӯйдод гуфт: «Клуби «Истиқлол» бори аввал дар таърихи худ ба чунин як муваффақият ноил гардид. Бозигарони тоҷик як сония пеш аз поёни бозӣ ва қабл аз садои ҳуштаки ниҳоии довар тӯбро вориди дарвозаи ҳарифони худ карданд ва ба ин тартиб «Истиқлол» ҳам ба таърихи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ворид мешавад. Дастае, ки дар гузашта дар мусобиқаҳои минтақавӣ ҳеҷ гоҳ чунин натиҷаҳои назаррас нишон надода буд, ин бор дар бозии охирини гурӯҳӣ ба дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Бино ба нақли шореҳ, муаллифи ин голи тақдирсоз Алишер Ҷалилов капитан, ситораи асосӣ ва гаронарзиштарин футболбози даста мебошад. Дар воқеъ ин аввалин зарбаи ба ҳадаф расонидаи ӯ дар бозиҳои гурӯҳӣ буд, ки сарнавишти дастаро комилан таѓйир дод ва шояд муҳимтарин гол дар карераи ин бозигар то ба имрӯз бошад. Зарбаи ба ҳадаф расонидаи Алишер ҷойгоҳи «Истиқлол»- ро барои марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо кафолат дод.
Рақобатҳо дар доираи Лигаи чемпионҳои Осиё 7- 30 апрел дар варзишгоҳҳои Арабистони Саудӣ давом карданд. Ѓолиби мусобиқа ва барандаи Ҷом 27 ноябри имсол маълум хоҳад шуд.
«Фақат дар даври охири мусобиқаҳо маълум хоҳад шуд, кадом даста ҷойи аввалро мегирад ва соҳиби Ҷоми Осиё мешавад. Аз ин рӯ, бо ин ѓалаба набояд зиёд аз худ биравем, бод гирифта, дар фазо парвоз кунем. Бо дарки воқеият, мо медонем, ки чӣ кор бояд кард, чӣ гуна бояд омодагӣ гирифт ва ба кадом натиҷа ноил шудан лозим аст», гуфт пас аз бозии охирини гурӯҳӣ сармураббии ФК «Истиқлол» Виталий Левченко.
Ин нукта ҳам воқеият аст, ки пеш аз оғози мусобиқа кам касоне ба чунин натиҷаҳои назарраси «Истиқлол» умед доштанд. Зеро дар гузашта дастаи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Ҷоми АФК - дуввумин мусобиқаи муҳимтарин дар Осиё борҳо иштирок карда, аммо дар рақобатҳо аз сӯи дастаҳое, ки рутбаи назаррас доштанд, маѓлуб гардида буд. Ин бор «Истиқлол» бо сатҳи бозии нав нишон дод, ки яке аз дастаҳои элитаи футболи Осиё мебошад, - тавсиф кард шореҳ .
Дар марҳилаи гурӯҳӣ, «Истиқлол» ҳарчанд аз панҷ бозӣ дар бозӣ баранда шуд, аммо фақат дар вохӯрии ниҳоӣ маълум мешуд, ҷойи аввалро кӣ мегирад. Ин дар ҳолате буд, аз рӯи арзиши умумии бозигарон, «Истиқлол» ҳамагӣ бо тақрибан шаш миллион доллар нарх охирин даста дар гурӯҳ ба шумор мерафт. Масалан, «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ аз рӯйи ин нишондиҳанда қариб 10 бор аз клуби Тоҷикистон пеш аст. Ҳоло баромади муваффақ дар Лигаи қаҳрамонҳо ба «Истиқлол» имкон медиҳад, ки буҷаи худро ҷиддан афзоиш диҳад ва дар натиҷаи ин пирӯзӣ аллакай 260 ҳазор доллар ба даст овард ва дар сурати комёб шудан дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳо, ҳисоби клуб боз бо чор миллион доллари дигар пур карда мешавад.
Дар бозиҳои арсаи байналмилалии "Истиқлол" ин рӯйдод сенсатсияи асосии мавсими ҷорӣ мебошад. Дар ҳоле ки дастаи номбурда дар Тоҷикистон аз клубҳои воқеан пешсаф ва бонуфуз аст. Мухлисон ба ѓалабаҳояш одат кардаанд.
Шореҳ ба ин нукта ҳам таъкид кард, ки «Истиқлол» ҳамагӣ 14 сол пеш таъсис ёфта, дарҳол ба лигаи олӣ баромад ва аз соли 2010 то ба имрӯз танҳо ду бор аз Ҷоми миллии қаҳрамонӣ маҳрум шуд. Дар солҳои дигар бо бартарии комил дар чемпионати кишвар, ҳашт карат Ҷоми миллӣ ва даҳ бор Суперҷом гирифтааст. Тавре сармураббии даста изҳор дошт, ҳоло даста барои ғолиб шудан дар мусобиқаи асосии байналмилалии қитъаи Осиё саъй дорад.
Ҷадвали ниҳоии бозиҳои гурӯҳӣ:

Гурӯҳи A Д Б Ғ М Б Т +/- Х
1 Истиқлол Душанбе
5 3 1 1 9 6 +3 10
2 Ал-Хилол Ар-Риёз
5 3 1 1 11 7 +4 10
3 Шабоб Ал-Аҳлӣ
5 1 1 3 4 6 -2 4
4 АГМК
5 1 1 3 7 12 -5 4

Лозим ба ёдоварист, ки рақобатҳо дар Арабистони Саудӣ дар 10 гурӯҳ бо иштироки 40 даста се ҳафта давом карданд.
Сармураббии КФ "Истиқлол" -и Душанбе Виталий Левченко, шогирди мактаби футболи Суѓд буда, собиқ бозигари дастаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар гузашта "Истиқлол" дар Ҷоми футболи Осиё фақат се бор то давраи ниҳоӣ расидааст.

Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: