Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёнаи бунёд мегардад

Дар Душанбе маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёнаи бунёд мегардад

21-04-2021, 09:24
Хабарро хонданд: 99 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёнаи бунёд мегардадДар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хаёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиршавии муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд мегардад. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 апрели соли 2021 ба имзо расид.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе хабар додааст, лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи мазкур дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.

Айни замон тибқи қарори мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ намуда, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: