Артиши Мянмар ба саркӯби иқдомҳои эътирозӣ омода мешавад15-02-2021, 12:09
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
Дар шимоли Мянмар ҳаракати артиш мушоҳида ва садои тири аслиҳа шунида мешавад. Ба навиштаи Би-би-сӣ, ба эҳтимоли зиёд, артиш ба саркӯби иқдомҳои эътирозие омода мешавад, ки аз 1 феврал ба ин тараф - аз замони ғасби қудрат аз сӯи неруҳои мусаллаҳи он кишвар - идома доранд.
Сафоратхонаҳои ғарбӣ дар Мянмар, баъди он ки техникаи низомӣ ва сарбозон вориди шаҳр шуданд, аз неруҳои мусаллаҳ даъват карданд, ки зидди сокинон хушунатро раво набинанд. Шоми рӯзи якшанбе дар пойтахти Мянмар, шаҳри Янгон интернет қатъ шуд. Намояндаи СММ гуфт, низомиён зидди сокинони осоишта "ҷанг эълом кардаанд". Том Эндрюс, гузоришгари махсуси СММ дар умури Мянмар гуфт, нозимиён, ки қудратро ғасб кардаанд, ноумедӣ ба намоиш мегузоранд ва барои ҳар амалашон посух хоҳанд гуфт. Дар ҳамин ҳол эътирози сокинони Мянмар зидди ғасби қудрат аз сӯи низомиён идома дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои нофармонии сокинон нашр мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.