Ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ сахт аст30-07-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Ба андешаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ сахт аст ва ӯ умед дорад, ки гурӯҳи кории таъсисшудаи ҳукуматӣ барои нармтар кардани ин Кодекси ҷиноятӣ иқдом хоҳад кард. Зариф Ализода зимни гузориш дар мавриди фаъолияти шашмоҳаи ин иттилоъ дод, ки танҳо дар нимсолаи аввал ба идораи вай аз сокинон 12 шикоят аз болои ҳукмҳои беадолатонаи додгоҳҳо ворид шудааст. Ӯ гуфт, ки дар ин муддат ба ваколатдори ҳуқуқи инсон аз сокинон 1691 муроҷиат ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст, зеро дар нимсолаи аввали соли гузашта миқдори чунин муроҷиатҳо баробари 2262 адад буд. Ваколатдор ин оморро далели беҳтар шудани вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон унвон кард: «Муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон нисбатан кам гаштааст, ки ин аз боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мо шаҳодат медиҳад. Яъне, шаҳрвандон пештар барои хурдтарин масъалаҳои ба мо вобаста набуда ҳам муроҷиат мекарданд ва мо онҳоро ба дигар мақомот роҳнамоӣ мекардем. Имрӯз онҳо оид ба ин масъалаҳо огоҳӣ доранд ва медонанд, ки бевосита ба куҷо бояд муроҷиат намоянд». Ба гуфтаи З. Ализода, муроҷиатҳо бештар ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ (алимент) вобаста мебошанд. Дар масъалаи хариду фурӯши кӯдакон Ваколатдор зикр намуд, ки ин омил дар мо вуҷуд дошта, яке аз сабабҳои асосии он нодуруст ба роҳ мондани раванди писархондӣ ва духтархондии фарзандон мебошад. «Чанд ҳодисае ба қайд гирифта шудаанд, ки ин равандро ба таври нодуруст ба расмият медароранду дар натиҷа ин омил ба вуҷуд меояд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе нафарон баъди таваллуди фарзанд ба миқдори муайяни маблағ тифлони худро мефурӯшанд». Ӯ зикр кард, ки барои пешгирии ин амалҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, ки дар маҳаллаҳо кор мебаранд, пайваста чораҳо меандешанд. С. Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.