Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарвазири Тоҷикистон ба Россия пешниҳод кард, ки иртиботи ҳавоӣ байни ду давлат зудтар барқарор шавад

Сарвазири Тоҷикистон ба Россия пешниҳод кард, ки иртиботи ҳавоӣ байни ду давлат зудтар барқарор шавад

11-02-2021, 08:12
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Сарвазири Тоҷикистон ба Россия пешниҳод кард, ки иртиботи ҳавоӣ байни ду давлат зудтар барқарор шавадҲайатҳои Тоҷикистон ва Россия мувофиқа намуданд, ки ҳаҷми интиқоли борҳоро афзоиш диҳанд. Бо дарназардошти беҳбуд ёфтани вазъи санитарӣ ва эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба ҷониби Россия пешниҳод шуд, ки масъалаи зудтар барқарор кардани иртиботи ҳавоиро байни ду кишвар баррасӣ кунад. Ин аз паёми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дирӯз дар сомонаи ин идора нашр шуд, бармеояд.

Масъалаи барқарор кардани иртиботи ҳавоӣ дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Россия, ки 8-9 феврал дар шаҳри Москва таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Аверчук доир гардид, муҳокима шуд.

Дар ҷаласа Коҳир Расулзода бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон масъалаи барқарор кардани иртиботи мунтазами ҳавоиро байни кишварҳо ба миён гузошт. Ин масъала дар пасманзари мавзӯи муҳоҷират, аз Тоҷикистон бозгардонидани донишҷӯёне, ки ба макотиби олии Россия дохил ва ё дар онҳо таҳсил мекунанд, инчунин густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳокима шуд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон азм дорад дар ояндаи наздик иртиботи ҳавоиро бо дигар кишварҳо аз сар гирад ва ин ба шарофати муборизаи муваффақонаи Тоҷикистон бо навъи нави коронавирус имконпазир гардид. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар робита ба боз намудани марзҳо дар Тоҷикистон карантини 14-рӯза барои мусофирони аз хориҷи кишвар омада барқарор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 26 январ Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии комили Тоҷикистонро бар штамми нави коронавирус эълон кард. Аз 30 декабри соли 2020 ҳолатҳои сироятёбӣ бо ин сироят сабт нашудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: