Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Масъалаи рафтани донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба Россия дар баррасӣ қарор дод

Масъалаи рафтани донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба Россия дар баррасӣ қарор дод

1-09-2020, 09:19
Хабарро хонданд: 648 нафар
Назарҳо: 1
 Масъалаи рафтани донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба Россия дар баррасӣ қарор додВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятеро, ки ба он донишҷӯёни тоҷик дар робита ба набудани имкони сафар ба Федератсияи Россия барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дучор шудаанд, назорат мекунад.
Бино ба иттилои манбаъ, 24 августи соли равон Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ба Сафорати Россия дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҳоло беш аз чаҳор ҳазор донишҷӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия таҳсил мекунанд. Таъкид гардидааст, ки аз шумораи умумии онҳо беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабулшуда мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар ба Россия сафар кунанд ва тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ расмиёти заруриро ба анҷом расонанд.

«Дар ин робита, вазорат аз сафорат хоҳиш кардааст, ки дар гирифтани иҷозат аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ба Федератсияи Россия барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (варақаи донишҷӯӣ, маълумотномаи донишгоҳ ва ғ.) мусоидат намояд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ҳамчунин тазаккур медиҳад, ки масъалаи мазкур айни ҳол дар баррасии ҷониби Россия қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 30 август парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, анҷом дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: