Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташаббусҳои наҷотбахш

Ташаббусҳои наҷотбахш

21-01-2021, 11:52
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Ташаббусҳои наҷотбахш
Табиат ба тамоми ҳастияш гуворост, вале об бузургтарин неъматест, ки барои инсоният ато шудааст. Об ба хотири он нуфузе, ки дар оғозу таърихи офаринишаш тавлиди ҳаёт, нумӯи растаниҳо, зиндагии ҳайвонот ва ҳаёти одамонро дорад, дар таърихи афкори маънавии инсоният ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтааст. Воқеан, об ва зиндагии маънавию фарҳангии инсоният бо ҳам иртиботи нагусастанӣ доранд, ки дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ чунин гуфта буд: «Ҷои баҳс нест, ки бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ дар соҳили дарёҳои серобу водиҳои ҳосилхез пайдо шуда, сипас шуҳрати оламгир ёфтанд. Тамаддуни Мисри қадим дар канораҳои дарёи Нил, тамаддуни Бобулу Ошуро дар минтақаҳои ҳосилхези миёни рӯдҳои Даҷла ва Фурот, тамаддуни Ҳинд дар ҳамвориҳои байни дарёҳои Хуанхе ва Янсизсӣ падид омада, минбаъд ба ташаккул ва инкишофи тамаддуни башарӣ мусоидат намудаанд. Тамаддуни ориёӣ ва ҷашни Наврӯз низ дар марзҳои ҳосилхези байни дарёҳои Ому ва Сир арзи ҳастӣ намуда, сипас, дар ҷараёни муҳоҷирату кишваркушоиҳо ва густариши робитаҳои маданию тиҷоратӣ, хусусан тавассути роҳи бузурги абрешим ба чаҳор самти олам паҳн шудаанд. Ва шояд ҳамин асолати куҳанбунёд ва оини парастишу муқаддас доштани об чун манбаи ҳаёт буд, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аввал ташаббуси «Соли оби тоза», сипас даҳсолаи «Об – манбаи ҳаёт»- ро пешниҳод кард ва ин иқдомҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд».
Боиси хушнидист, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани даъвату ташаббусҳои Президенти кишвар обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар бардошт ва Пешвои миллатро ҳамчун абармарди дунёи сиёсат дар ҳалли проблемаҳои экологии об дар арсаи байналмилалӣ маъруфу маҳбуби оламиён гардонид.
Соли байналхалқии «Оби тоза», даҳсолаи «Об – манбаи ҳаёт» ин ибораҳои навеянд, ки дар дарку фаҳмиши мардуми олам даҳ сол пеш пайдо шудаву ҷой гирифтаанд. Вақте аз ҷониби Президенти кишвар соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» пешниҳод гардид, қисман мардуми олам кишвари моро кишвари беобу лабташна гумон мекарданд. Ҳол он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об аст, дар ҷаҳон ҷойи 8-ум, дар миқиёси ИДМ ҷойи 2-юм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро мегирад. Захираҳои оби равони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна соле 62,0 км. кубиро медиҳад, ки 12 км. кубӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ сарф мешавад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё, 14,509 пирях, 1300 кӯл ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш маълум аст.
Дар суханронии ҷаноби Алаби Оломада, ки аз Нигерияи Африка ба Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза омада буд, чунин омадааст: «Ҷаноби олӣ муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Шумо дар ҳақиқат дӯсту бародари ба дил наздики мардуми асрҳои аср ташнаи мо будед, ки ҳалли мушкилоти асосии мо – камобиро ба муҳокимаи СММ пешниҳод кардед. Гумон доштем, ки халқи тоҷик монанди мо африкоиҳо аз камобию беобӣ дар азобанд, ки Сарвари давлати тоҷикон аз минбари баланди СММ масъалаи оби тоза ва ҳифзи манбаҳои онро ба миён гузоштааст. Вақте ба Тоҷикистон омадаму рӯдҳову чашмаҳои мусаффоро дидам, кӯҳҳову кӯлҳои бешуморро дидам, боғу бӯстонҳо, неъматҳои фаровони аз замину об рӯёндаро дидам, мардуми зебо, меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва соҳиби дастудили кушодро дидам, бемуҳобот худро дар биҳишти ҳақиқӣ ҳис кардам. Баъдан фаҳмидам, ки Шумо на танҳо ғаму дарди халқи худро мехӯрдаед, балки бори ғаму дарди мардуми тамоми оламро бар дӯш доштаед. Аз ин рӯ, мо африкоиён рӯ ба ҷониби Шумо алоҳазрат гардонида намоз хонем ва аз Худованд бахту саодати ҳамешагии ҳалқу давлати тоза истиқлоли Тоҷикистонро тавалло намоем!».
Таърихи кай, дар куҷо ва барои чӣ сар зада буд ин ташаббуси ноҷиб – «Соли байналмилалии оби тоза»-ро дида мебароем. Аввали моҳи октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 56-уми СММ бори нахуст ақидаи «Соли байналмилалии оби тоза» эълон кардани соли 2003-юм аз ҷониби Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. аксарият гумон надоштанд, ки мавзӯи захираҳои об аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ташкилоту сохторҳои ғайриҳукуматӣ ба ин дараҷа ҳамовозию дастгирии ҳамаҷониба меёбад. Ҳалли дурусти ин проблемаи глобалӣ ҳам ба ҶТ, ҳам ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои тамоми мардуми олам манфиатҳои муштарак дорад. Тоҷикистон гарчанде дар саргаҳи ташаккулёбии манбаҳои оби тоза қарор дораду соҳиби беш аз 55 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз мушкилоти об худро канор гирифта наметавонад. Дар баробари ин мо чун мулки сароб имкониятҳои фаровоне дорем, ки ояндаи наздик манбаҳои оби софамонро чун моли асосии бозоргир ба маҳсулоти содиротӣ табдил диҳем. «Арзиши об аз нафту газу ангишт ва дигар анвои сӯзишворию захираҳои энергетикӣ ҷиҳати устувории мамлакат ва минтақа кам нест»- гуфтани Президенти мамлакат ба ҳамин маъност.
Дигар сабаби ба муҳокимаи оламиён гузоштани масъалаи об аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон аз оби тоза маҳруманд. «Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истифодаи оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема, алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем» - иброз менамуд, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон.
Дар радифи ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ҳадафи асосии Сарвари давлат он аст, ки дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо муваффақ гардем. Роҷеъ ба истифодаи об танҳо дар зарфи 50 соли охир ҷаҳони башарӣ шоҳиди 37 ҳодисаю муноқишаҳо гардидааст. Ҷанги байни Покистону Ҳиндустон барои азхудкунии дарёи Ганг ва низоъҳои дохилии байнидавлатии Ветнаму Камбоҷа, Исроилу Судону Миср, Судону Ҳабашистон ва ғайраҳо аз ҳамин ҷумлаанд. Зарурият ва моҳияти ҳалли ин масъалаҳо характери глобалӣ дошта, дар мадди аввали сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Сарвари он қарор гирифтааст. 18-уми марти соли 2003 дар шаҳри Киотои Япония, ки Форуми сеюми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об ва захираҳои обӣ барпо гардид, Президенти мамлакат дар он иштирок намуда, дар баромадаш бори дигар ба иштирокчиёни Форум муроҷиат кард, ки аз соли 2005 оғоз намуда, «Даҳсолаи байналхалқии амалиёти об барои ҳаёт ва ҳифзи захираҳои обӣ» эълон карда шавад. Ҳамин тавр, ташаббуси хирадмандонаи Президенти мо ҷомаи амал пӯшид ва аз 28-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ бахшида ба мушкилоти оби тоза баргузор гардид. Дар он ҳайати намояндагии 53 давлат, 91 созмонҳои байналмилалӣ, 11 муассисаи махсуси СММ, ҳайати коршиносон, олимон ва рӯзноманигорон аз тамоми қитъаҳои олам иштирок доштанд. Президенти Тоҷикистон ба намояндагон ва иштирокчиёни Форум муроҷиат намуда, афзуд, ки мушкилоти мазкурро дар давоми як сол ҳал кардан аз имкон берун аст ва оянда ҳам он дар сайёра яке аз проблемаҳои актуалӣ хоҳад монд. Ин масъаларо ба инобат гирифта пешниҳод намуд, ки аз соли 2005 то соли 2015 «Даҳсолаи байналхалқии об - барои ҳаёт» эълон карда шавад ва зиёда аз ду ҳазор меҳмонон ва иштирокчиёни Форум пешниҳоди мазкурро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 12 сентябри соли 2003 дар шаҳри Ню Йорк, қароргоҳи СММ, бо хоҳиши намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Рашид Олимов, Котиби генералии СММ Кофи Аннан матни «Даъвати Форуми Душанбегии байналмилалӣ оид ба оби тоза»-ро ба сифати ҳуҷҷати расмии Ассамблеяи Генералии СММ оид ба пункти 97-уми рӯзномаи пешакии Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи генералии СММ интишор дод.
30-юми сентябри соли 2003 дар қароргоҳи СММ бо намояндагони Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, боз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба нарасидани оби ошомиданӣ ҷалб намуд ва қайд кард, ки он яке аз проблемаҳои ташвишовари ҳазораи нав мебошад. «Такя ба даъвате, ки онро 1-уми сентябр ширкаткунандагони Форуми байналмилалии оби тоза қабул карда буданд, пешниҳод мекунам, ки солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об- барои ҳаёт» эълон дошта шавад».
Намояндагии доимии ҶТ дар СММ 16-уми октябри соли 2003 якҷоя бо департаментҳои оид ба иқтисодиёт, масъалаҳои маишӣ ва ахбори ҷамъиятии котиботи СММ бо иштироки Созмони байналмилалии ташкилоти «Муттаҳидгардонии арзишҳои Замин» конференсияи «Об – барои ҳаёт: диди тоза ба бӯҳрони ҷаҳонии об»-ро даъват намуданд. Иштироккунандагони конференсия, байни онҳо сафирони назди СММ, олимони намоёни сайёра ва коршиносон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист буданд, пешниҳоди дар бораи солҳои 2005-2015 эълон намудани Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об-барои ҳаёт»-ро ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон аз 17 октябр то 8 декабри соли 2003 шаш давраи машварати бисёрҷониба ва бештар аз 700 вохӯрӣ, суҳбат ва гуфтушинидҳои дуҷонибаро бо мақсади таҳияи матни қобили қабули санад ва ҳосил шудани мувофиқа ҷиҳати қабули резолютсияи лоиҳаи пешниҳодкардаи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба «об»-ро гузарониданд. Ҳамин тавр, 19-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Ню-Йорк Кумитаи дуюм резолютсияи Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об-барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015-ро, ки ҳайати Тоҷикистон дар СММ пешниҳод карда буд, якдилона тасдиқ кард. Дар ниҳоят Ассамблеяи генералии СММ бидуни муҳокима дар асоси мувофиқа реззолютсияи Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об- барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015-ро аз декабри соли 2003 қабул кард. Резолютсияи нави қабулнамудаи Ассамблеяи Генералии СММ, ки Ҳукумати ҶТ пешниҳод кардааст, хосияти ҷамбавӣ дорад. Ҳадафи ниҳоии Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об –барои ҳаёт» барои татбиқи вазифаҳое, ки дар Эъломияи ҳазорсола – пешгирии истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об аз тариқи таҳияи стратегияи фаъолияти хоҷагии об дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ, ки ҷиҳати дастрасии одилона ба об ва пешниҳоди кофӣ, ҳамчунин ҳалли яке аз вазифаҳои умдаи ҳадафи рушд дар остонаи ҳазорсола, маҳз «ду баробар коҳиш додани шумораи аҳолии Замин, ки ба оби безарар таъмин нестанд», кумак менамоянд, дар миён гузошта шудааст, бояд амалан мусоидат кунад.
Рӯзҳои 8-10 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе доир гардидани дигар Конференсияи байналмилалӣ тибқи даҳсолаи «Об – барои ҳаёт» бо ҳузури 192 давлати ҷаҳон, 60 созмони байналмилалӣ ва коршиносон аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Беш аз даҳ сол мешавад, ки таваҷҷуҳи оламиён ба даъвату пешниҳодҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли проблемаҳои таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тоза, ҳифзи экологии муҳити зист нигаронида шудааст. Дар ин давраи нисбатан кӯтоҳи таърих дар саросари ҷумҳурии мо ва кишварҳои гуногуни минтақаҳои олам дар раванди омӯзиши масъалаҳои рушди устувори захираҳои об ва танзими онҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ба манфиати наслҳои имрӯзаву ояндаи инсоният корҳои хайре ба анҷом расонида шуданд.
20 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи олӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид. Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруф аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсияи мазкур доир ба тадбирҳои сершумори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об андешаҳои ҷолиб баён намуд. Бо ёдоварӣ аз иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2015 даҳсолаи нави амалиёти байналмилалӣ дар соҳаи об эълон гардад. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад.
Дар робита ба масоили ҳалталаби обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд».
Дар охир ҳаминро гуфтанием, ки суханронии зерини Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд шиори зиндагии мову шумо бошад: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш кунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигоҳбон бошем».
Таҳияи М. САИДОВ,
мудири кафедраи экологияи ДМТ ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: