Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Трамп рафт, дағдағааш монд

Трамп рафт, дағдағааш монд

19-01-2021, 11:02
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Трамп рафт, дағдағааш монд

Бо гузашти зиёда аз ду моҳи интихоботи президентии ИМА, ки 3 ноябр баргузор шуд, ниҳоят дар ин кишвар номзади ғолиб ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст. Маросими савгандёдкунии демократ Ҷозеф Байден 20 январ (21 январ ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.
Муқовиматҳои ду нерӯи ба ҳам рақиб дар интихоботи гузашта - Д. Трамп ва Ҷ. Байден ба ҳаде фарогир ва густурда буд, ки бархе аз таҳлилгарон бесуботиҳои як соли ахир дар ин кишвар, чанд ҷангу баҳсҳои лафзии байни кишварҳои мухталифро аз тафси рақобатҳои ин ду номзад, ки ҳамагӣ аз ду ҳизби мавҷуд – ҷумҳурихоҳ ва демократ намояндагӣ мекарданд, рабт медоданд.
Дар рафти тайёрӣ ба интихобот ва рӯйдодҳои пас аз баргузориаш бори дигар собит шуд, америкоиҳо аз рӯи одат ин маъракаро чунон бо шӯру валвала ташкил мекунанд, ки таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониёнро ба худ ҷалб месозанд. Раванди омодагиҳо, баҳсу муборизаҳои сиёсиро дида, хаёл мекардед, дар ин кишвар барои тамоми ҷаҳон раҳбар интихоб мешавад.
Чор соли гузашта нишон дод, ҳар чӣ дар барномаҳои номзадҳо гуфта мешавад, шиоре беш нест ва воқеият ҳамон гуна ки ҳаст боқӣ мемонад. Бино ба нақшаи кории Трамп, ки ду ҳафта пеш аз оғози рақобатҳояш эълон карда буд, мубориза бо коррупсия ва тоза кардани воситаҳои ахбори омма аз сиёсат ва роҳбарони бевиҷдон аз вазифа ва қадамҳои нахустинаш дар мансаби раиси ҷумҳурӣ буданаш дониста мешуд.
Коршиносон он замон пас аз суханронии ин номзади мақоми президентӣ гуфта буданд, барномаи ӯ фарогири тамоми дардҳои ҷомеа ва аз заруратҳоест, ки иҷрояшон барои тағйири воқеиятҳои имрӯзи ИМА лозим мебошад.
Трамп ваъда карда буд, ки дар сурати ғалаба, пеш аз ҳама ба бюрократия дар ҳукумат зарба мезанад, доираҳои имтиёзноки ҷомеаро аз имкони даст задан ба фасод маҳрум месозад, маҳдудиятҳоро аз фаъолияти соҳибкорӣ мебардорад. Тартиботи ҷамъиятиро барқарор намуда, таъмини амнияти шаҳрвандонро баланд мебардорад. Дар ин робита қоидаҳои вуруди муҳоҷиронро ҳам сахттар мекунад.
Аммо дар солҳои роҳбариаш тавре дидем, на танҳо бештари ин ваъдаҳо иҷро нашуданд,балки дар баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла таъмини амнияти шаҳрвандон заифтар шуд. Ҳолати сахти иқтисоди кишвараш, ки Трамп беҳбудиашро ваъда медод, ҳамзамон қавли коҳиши андозҳо, барои 25 миллион нафар аз табақаи миёна таъсиси ҷои нави кор ҳам амалӣ нагардид.
Мо ҳам дар оғози интихоби Трамп бовар доштем, ки ӯ бо ҳимоят аз ҳукумати таҳти раҳбариаш Америкаро дар либоси нав ба ҷаҳониён нишон медиҳад, аммо чунин нашуд. Он таҳаввулоте, ки тайи 5 соли гузашта дидем, мутаассифона эътимоди моро ба ин кишвар зиёд накард.
Трампро рӯзи сиёҳе дар пеш аст?

Ҳамагӣ як ҳафта пеш аз поён ёфтани давраи роҳбарии ин раиси ҷумҳури ноком, Маҷлиси намояндагони ИМА барои импичмент ба Трамп овоз дод.
Ин мафҳум дар сиёсат ба маънои аз вазифа сабукдӯш кардани президент, ба суд кашидани шахси мансабдори баландпояе, ки қонуншиканиҳои сахту дағалона кардааст, мебошад.
Маҷлиси намояндагони ИМА барои тасвиби қатънома дар бораи импичмент ба президенти амалкунандаи ИМА Доналд Трамп чоршанбе, 13 январ овоз дод. Хабаргузориҳо навиштанд, ки баҳс рӯи ин санад тақрибан ду соат давом карда ва пас аз он конгрессменҳо ба қарори импичмент овоз доданд. Гуфта мешавад, дар қарор танҳо як айб - даъват ба исён омадааст. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, импичмент ба Трамп бо 232 овози тарафдор қабул шуд. Ҳарчанд 197 узви конгресс мухолифат кардаанд. Трамп аввалин президенти ИМА аст, ки дар як давраи панҷсола ду бор нисбаташ импичмент эълон гардид. Ҳоло ин санад ба сенат пешниҳод ва он ҷо ба муҳокимаи додгоҳӣ тадбил хоҳад шуд. Аммо тибқи ҷадвали палатаи болоии қонунгузории Америка, он метавонад масъалаи импичментро танҳо пас аз ба итмом расидани муҳлати президентии Трамп, яъне пас аз 21 январ баррасӣ кунад. Муаллифони ин санад бовар доранд, ки президенти кунунии ИМА барои амалҳои худ ва доман задан ба нооромиҳо дар наздикии бинои конгресс, ки таҳдид ба амнияти миллӣ, демократия ва Қонуни асосии кишвар буд, ба таври ҷиддӣ муҳокима хоҳад шуд. Вале худи Трамп дар вокуниш ба эълони қарори маҷлис гуфт, ки эълони импичмент метавонад "хашми беҳад" -ро ба бор орад ва " бузургтарин амалкарди иштибоҳомези рақибонаш дар таърихи сиёсати кишвараш шавад".
Таърихи ин бадномӣ он аст, ки 6 январ ҷонибдорони Трамп дар Вашингтон ошӯб бардоштанд. Дар ҷараёни эътирозҳо, онҳо ба бинои Капитолий, ки Конгресси ИМА дар он ҷойгир аст, ворид шуданд. Дар натиҷаи бетартибиҳо ва задухӯрд бо полис даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб маҷруҳ шуданд. Бино ба гузориши хабаргузориҳо, панҷ нафар, аз ҷумла яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳалок гардид. Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки Конгресс як рӯз пас интихоби намояндаи демократҳо Ҷо Байденро ба мақоми президенти ИМА тасдиқ мекард. Бюрои федералии тафтишот (FBI) дар робита ба ин ва дигар ҳодисаҳои ҳамон рӯзҳо ба вуқӯъомада дар Вашингтон, беш аз 160 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки баъзе иттиҳомот дар мавриди ҳамла ба Капитолий метавонанд ҷазои то 20 соли зиндонро дар пай дошта бошад.
Байден бо ҷаҳон чӣ мекунад?

Ба назар мерасад, Трамп натанҳо дар дохили кишвараш,балки дар сиёсати беруна ҳам чанд масъаларо печидатар кардааст. Дар ҳамин давра буд, ки Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео гуфт, Чин барои ин кишвар нисбат ба Русия хатарноктар аст. Ҳарчанд Байден ба таври равшан бо Трамп ҳамовоз нест, аммо мутобиқ ба биниши худ ва дар доираи авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар амал мекунад. Аз сӯи дигар, дар ҳамин давра буд, ки Помпео маҳдудиятҳои дохилии ҳамкориҳои ҳукумати ИМА бо Тайванро аз байн бурд. Ба гуфтаи худи ӯ, ин чораҳо ба хотири андаке ором кардани Ҳизби коммунисти Чин ҷорӣ шудаанд. Дар шарҳи ин тасмим Байден ҳам гуфтааст, ки "Ин қарор дигар нахоҳад шуд. Ман ҳамаи ин маҳдудиятҳои худсозро аз байн мебарам".
Дар шарҳи ин сухан Бонни Глейзер, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ дар Вашингтон ба таври намуна аз маҳдудиятҳои то ба ҳол мавҷуд ёдовар шуда, ҳолатеро хотирнишон намуд, ки мақомоти Тайван, ки чанде пеш барои гуфтушунид ба Иёлоти Муттаҳида омада буданд,ба сабаби ҷорӣ будани маҳдудиятҳо натавонистанд ба Департаменти давлатӣ ворид шаванд ва аз ин рӯ маҷбур шуданд бо шарикони америкоии худ дар меҳмонхонаҳо гуфтугӯ кунанд.
Чин ва кишварҳои дигари ҳамкору шарикаш дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ давлати хурди ҷазиравии Тайванро, ки дар шарқи Чин аст, ҳамчун бахше аз ин кишвар медонанд. Тибқи қонунҳои худ, Пекин беш аз пеш ва махсусан пас аз суханони Помпео дар соли гузашта бори дигар бо тундӣ ҳушдор дод, ки метавонад ин ҷазираи худмухторо бо зӯр таҳти назорат бигирад.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҷиддӣ нишон додани ин огоҳӣ вақти зиёде нагузашта дар наздикиҳои ин қаламрав машқҳои қувваҳои мусаллаҳ баргузор шуданд.
Пеш аз он ки Помпео қарори худро эълон кунад, Вашингтон боз ҳам гуфт, ки як намояндааш ба Тайван сафар мекунад. Дар ҷавоб ба ин Пекин эълон дошт, ки агар чунин сафаре анҷом шавад, Америка барои амалаш бо қимати гарон пардохт хоҳад кард. Аммо дар посух ба ин мақомоти Тайван аз изҳороти Департаменти давлатӣ истиқбол карданд. Вазири корҳои хориҷии Тайван В. Ҷозеф, аз ҷумла таъкид намуд: " Ҳамкориҳои Тайван ва ИМА бар арзишҳо ва манфиатҳои муштарак ва эътиқод ба озодӣ ва демократия асос ёфтааст". Ин таъкидҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки ҳанӯз аз соли 1979 Иёлоти Муттаҳида мафҳуми мавҷудияти як Чинро эътироф карда, бо мақсад барқарории робита бо ҶХЧ муносибатҳои дипломатиашро бо Тайван канда буд. Аммо дар айни замон, Иёлоти Муттаҳида қонун дар бораи муносибатҳо бо Тайванро қабул кардааст, ки Вашингтонро вазифадор мекунад, ба ин ҷазира барои дифоъ аз худ ёрӣ диҳад. Ин қонун уҳдадории ворид шудан ба ҷанг барои ҳифзи Тайванро пешбинӣ намекунад, аммо ботакя ба он ИМА ба худ иҷозат медиҳад, Тайванро бо силоҳ таъмин кунад. Аз ин ҷост, ки дар давраи президентии намояндаи ҷумҳурихоҳон, Вашингтон интиқоли силоҳ ба ҷазираро ба таври назаррас афзоиш дод.
Ба андешаи бисёре аз таҳлилгарон, ки Павел Шариков, раҳбари Маркази тадқиқоти сиёсати амалии Институти ИМА ва Канадаи Академияи илмҳои Россия аз зумраи онҳост, "ин тасмими маъмурияти нави Кохи сафед аз гашти сиёсие дар тахтаи шатранҷи бозиҳои ҷаҳонхоҳӣ беш набуда, як роҳи хотиррасон кардани он аст, ки Трамп ҷонибдори сиёсати сахт нисбат ба Чин буд ва ин мавзеъ дар давраи раёсати президенти нав метавонад тағйир ёбад. Ба ҳар сурат, ман итминон надорам, ки ин тасмим оқилона гирифта шуда бошад".

Шоҳро ҳомиёнаш месозанд

Президенти ФР Владимир Путин, аз ҷумлаи он роҳбароне буд, ки пирӯзии Ҷ. Байденро аз ҳама охир муборакбодӣ кард. Сабаби ин номаълум будани натиҷаҳои интихобот ва ба таъхир афтодани эълони натиҷаҳои расмии он аз сӯи мақомоти салоҳиятдори Америка буд. Натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ дар ниҳоят 6 январ, пас аз тасдиқи конгресс, эълон шуд.
Президенти Федератсияи Россия ба Байден ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА паёми табрик фиристода, дар иҷрои вазифаҳояш муваффақият таманно кард ва изҳори боварӣ намуд, ки Русия ва ИМА метавонанд дар ҳали бисёр мушкилот ва рафъи таҳдидҳои ҷаҳонӣ саҳм гузоранд.
Пеш аз ин Путин фақат дар ҷараёни нишасти солонаи матбуотиаш, ки 17 декабри соли 2020 баргузор шуд, дар посух ба саволе дар бораи Ҷозеф Байден изҳори назар карда, ӯро як сиёсатмадори ботаҷриба номид, аммо таъкид кард, ки "шоҳро атрофиён ба бозӣ медароранд ("короля играет свита") "Ман намедонам робитҳои мо ба чӣ шакл тағйир меёбанд, ин аз бисёр ҷиҳат аз маъмурияти нав вобаста аст. Боз ҳам такрор мекунам, ки ӯ як шахси хеле ботаҷриба аст, вай тамоми умр дар сиёсат буд. Аммо ибора (формула) – е маъруф аст – «подшоҳро атрофиёнаш месозанд», яъне робитаҳои мо вобаста ба он аст, ки ӯ аз киҳо команда месозад", - гуфт Путин ва афзуд, ки аллакай номзадҳо ба вазифаҳои калидӣ маълум шудаанд. Мо ҳамаи онҳоро медонем, бо ин ё он роҳе бо онҳо кор кардаем, инҷо чизи ногаҳониро интизор нестем".
Иттифоқан пас аз эълони тасмим барои импичмент раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелоси амали президент Доналд Трампро "туҳфа" ба президенти Русия Владимир Путин номид. "Ин президент дастёри Путин аст. Ҳадафи Путин коҳиш додани нақш, эътибори демократия дар ҷаҳон буд. Ҳамаи инро ӯ мекунад. Ва ёвараш муддати тӯлонӣ Доналд Трамп буд" - гуфт Пелоси дар як нишасти хабарӣ.
Дар пайи ин суханон чанде аз таҳлилгарон боистеҳзо баён доштанд, ки мо интизор будем мақомоти Вашингтон кай ва бо чӣ баҳонае Россияро дар даст доштан ба нооромиҳои ахир айбдор мекунад. Ниҳоят аз суханони Пелоси диламон таскин ёфт.
Ин ҳарфҳо боз ҳам аз мавзеъгириҳои дугонаи ғарб нисбати рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ башорат медиҳад. Мо шоҳидем, дар ҳар кишваре бесуботӣ эҷод шавад, ин нишонаи демократия ва иродаи мардум барои талаби ҳақи худ арзёбӣ, вале дар сурати иқдом кардани давлат барои пешгирӣ аз ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ он саркӯби озодандешӣ, маҳдудсозии демократия унвон мешавад. Аммо замоне ин гуна рӯйдодҳо ва талабҳо дар дохили Америка ба вуқӯъ омад он таҳдиде ба амнияти кишвар, амали дасти бегона барои коҳиши эътибори демократия дониста шуд.
Аз ин андешаҳо метавон хулоса кард, ки кишварҳои таъинкунандаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ, дар маҷмӯъ, кадом таҳаввул ва сабукиеро дар муносибатҳои байналмилалӣ бо нав шудани маъмурияти Кохи сафед дар Америка интизорӣ надоранд. Умедвориҳои мо ҳам чандон зиёд нест. Фақат саҳифае дар китоби таърихи ин робитаҳо рӯгардон шуд, ки рӯи он номи Трамп низ буд. Акнун Трамп аз саҳна рафт, танҳо дағдаға, таҳдид ва дӯғу пӯписааш монд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: