Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тасмим гирифтам, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошам!

Тасмим гирифтам, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошам!

30-12-2020, 17:25
Хабарро хонданд: 329 нафар
Назарҳо: 3
Тасмим гирифтам, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бошам!
Раванди сиёсии ҷаҳони муосир, ки мо дар он умр ба сар мебарем, аз ҳар як инсоне, ки соҳибилм, соҳибихтисос ва масъулиятшинос аст, тақозо менамояд, ки дар ҷомеа мавқеи худро муайян созад.
Вақте ба сиёсат ворид мешавем, ин моро водор мекунад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишвар ва фаротар аз он дар ҷаҳон ба вуқӯъ меояд, баҳои воқеона дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем. Дар ҷаҳони муосир роҳи асосии иштирок ва саҳмгузорь дар ҳаёти сиёсь шомил шудан ба ҳизби сиёсь мебошад.
Тасмим гирифтам, ки расман аъзои ҳизби сиёсие бошам. Аз ин рӯ ба оинномаҳои ҳизбҳои сиёсии кишвар таваҷҷуҳ намуда, фаъолиятҳо ва барномаҳои онҳоро мавриди омӯзиши ҷиддь қарор додам.
Баъд аз ин, ба натиҷае расидам, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошам.
Аввалин омиле, ки ба он таваҷҷуҳ намудам шахсияти роҳбар дар ҳизбҳои сиёсь буд. Зеро роҳбари аввали ҳар як ҳизби сиёсь дар нуфузу эътибори он нақши асось дорад. Роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомаль Раҳмон дар муқоиса бо дигар роҳбарони ҳизбҳои сиёсь бартарияти калонеро доро мебошад, ки тавассути хизматҳои бузургу беназири худ ин маъруфиятиро соҳиб гардидааст. Мардуми мамлакт нақши ин шахсияти бузурги сиёсиро дар сарнавишти миллату давлат хуб медонанд. Ин нахустин омиле буд, ки маро ба аъзои ин ҳизб шудан водор кард.
Роҳи тайнамудаи ҲХДТ дар чаҳоряк аср роҳи пуршараф аст. Зеро дар ҳама дастовардҳои даврони истиқлол ҲХДТ саҳм дошта, тамоми иқдомҳои амалигардида дар асоси барномаҳои ҲХДТ руйи кор омадаанд. ҲХДТ дар замони фаъолияти худ мисли дигар ҳизбҳои сиёсь танҳо назарияпардозь накардааст. Ҳар ғоя ва нақшаи худро амалан иҷро кардааст. Ман нақши ин ҳизбро дар ба миён овардани суботу амният ва ваҳдати милль баръало мушоҳида кардам.
Таваҷҷуҳ ба барномаи ҳизбҳои сиёии кишвар тасмими маро барои аъзои ҲХДТ шудан тақвият бахшид. Зеро барномаҳои ҲХДТ бо баъзе хусусиятҳо ва бартариҳои худ аз барномаҳои ҳизбҳои сиёсии кишвар ба кулли фарқ мекунад. Барномаҳои ҲХДТ фарогир буда, ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
ҲХДТ дар кишвар ягона ниҳоди сиёсиест, ки ба масъалаи беҳбудии вазъияти муҳоҷирони меҳнать таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, беҳбудии вазъи муҳоҷирон ва оилаҳои онҳоро дар барномаҳои худ ғунҷондааст. Ба маълумоти ман ҳизб дар Федератсияи Россия, ки муҳоҷирони корь асосан дар он кишвар қарор доранд қабулгоҳи ҷамъиять ифтитоҳ намудааст.
Ин иқдоми наҷиб ва шоистаи таҳсини ҲХДТ муҳоҷирони меҳнатиро рӯҳбаланд намудааст.
Нуктаи муҳими дигаре, ки маро ба узви ҲХДТ шудан водор намуд ин баробариву таносубияти ҳамаи маҳаллу минтақаҳои Тоҷикистон дар пешниҳоди вакилон ба Парлумони мамлакат аст, ки маҳорати касбию сифатҳои кордонь ва зарфияти онҳоро дар назар гирифта мешавад.
Зимнан қайд бояд намоям, ки ҲХДТ имрӯз ба як неруи тавонои умумимилль ва умумиҷумҳуриявь табдил ёфтааст, ки рушди тамоми бахшу самтҳои муҳими давлатдориро дар таваҷҷуҳи худ қарор додааст.
Пайвастан ба узвияти ҲХДТ ба маънои том ҳамроҳ будан бо халқи худ аст.


Баҳодур Саидамиров,

директори Маркази тадқиқотҳои Авру Осиё ва ҳамкориҳои
байнипарлумонии институти идоракунии шимолу ғарбии Академияи хоҷагии халқ
ва хизмати давлатии Федератсияи Россия (РАНХиГС)



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (3)
Шараф 3 января 2021 15:07
Ахсан бародар! Бехтарин суханхо, мавкеи хирадмандона!
Цитировать          1
Dilovar 5 января 2021 15:48
Бехтарин икдом, аз чониби як донишманди чавон,ватандуст ва ояндадори миллат. Умедворам, ки мухтарам Саидамирзода Баходур бо истифода аз донишу малакаи касби ва тачрибаи бойи байналмиллалии худ дар тахкими сиёсати созандаву сулхпарваронаи Раиси муаззами ?ХДТ му?тарам Эмомал? Ра?мон накши амики худро мегузорад.
Цитировать          2
Парвиз 5 января 2021 17:57
Интихоби дуруст ! Бовари дорам, ки барои баланд бардоштани сатхи зиндагии мардуми худ ва ободии давлатамон сахми худро мегузоред. (кушиш мекунед)
Цитировать          3
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: