Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАӢ БО «РОҒУН»

ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАӢ БО «РОҒУН»

18-12-2020, 14:40
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0
ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАӢ    БО «РОҒУН»
Мо, нависандагону рӯзноманигорон, одати аҷибе дорем:
навиштаҳои худро бо гузашти вақт бо кӯшиши зиёд дар як ҷо ҷамъ оварда, дар шакли китоб ба хонандагон пешкаш мекунем. Китоб ба хонанда писанд меафтад ё не, ин масъалаи дигар аст. Ба ҳар ҳол, ба нашр расондани китоб ва ба таваҷҷуҳи одамон пешниҳод намудани китоб, кори хайр ва савоб аст. Чуноне ки ҳамкасби гиромии мо Самандари Искандар матлаби фаровонеро дар бораи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»– аз оғози ин Кохи нур то ба ҳол дар ин китоб ҷамъ овардааст, мояи ифтихори бузург мебошад.
Ба ростӣ, кас ба қаламфарсоӣ, боҳавсалагӣ ва меҳнатдӯстии як қаламкаш, ба мисли Самандари Искандар, ки қалбаш бо набзи Ватан ҳампо метапад, шинос шуда, бетафовут буда наметавонад. Ин аст дӯстдории Ватан, заҳмат кашиданҳо баҳри шукуфоии он. Бо хушнудӣ ва самимияти хос ман дасти акаи Самандари Искандарро сахт мефишурам ва табрикаш мегӯям, ки дар синни мубораки 75-солагӣ ба чунин иқдоми олиҷаноб даст задааст.
Унвони китоб «Роғун-арсаи номусу нанг» басо рамзист, зеро Самандари Искандар бо Роғун пайванди маънавӣ дорад, зеро замоне, ки бунёди НБО «Роғун» тарҳрезӣ мегардид, ӯ хабарнигори баркамолу боғайрати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») буд ва мақолаҳояш дар саҳифаҳои он чоп мешуд. Соли 2003 ман сармуҳаррири ҳафтавори «Минбари халқ» таъйин шуда, шахсияти шинохта ва марди хеле хоксор – Самандари Искандарро ба ҳафтавор ба кор даъват намудам. Медонистам, ки мавсуф дар навиштани мақолаҳои проблемавӣ ва таҳлилӣ дасти тавоное доранд. Азбаски Самандари Искандар ба чаҳор гӯшаи кишвари азизамон ошноии комил дошт, дар хафтаномаи «Омӯзгор» вазифаи мухбири минтақавӣ (гурӯҳи навоҳии Рашт ва тобеи ҷумҳурӣ)-ро ба дӯш гирифт. Дар он шабу рӯзҳо эҳёи дубораи сохтмони НБО «Роғун» оғоз шуда буд ва мухбири махсусу ботаҷрибаи мо аз рафти бозсозии ин сохтмони ба ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим, мавод таҳия менамуд. Аксари мақолаҳое, ки дар саҳифаҳои «Минбари халқ» дар бораи сохтмони НБО «Роғун» бо имзои Самандари Искандар чоп мешуд, миёни хонандагон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо мекард. Дар ёд дорам, ки Самандари Искандар дар саҳифаи ҳафтавор бо ташаббуси хеле наҷиб, яъне таъсис ва хариди вомбаргҳое доир ба идомаи сохтмони неругоҳи «Роғун» карда буданд ва далели таърихиеро мисол оварда буданд, ки мардуми шӯравии собиқ пас аз итмоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои барқарории мамлакат чунин вомбаргҳо (зайём)-ро мехариданд. Ин ташаббуси эшон ҳам дастгирӣ ёфт.
Пайванди ногусастанӣ бо Роғун имкон додааст, ки нависанда ва рӯзномангори хушсалиқа як қатор мақолаҳои публитсистӣ эҷод намояд. Дар ин навишторҳо, пеш аз ҳама, симо ва нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО «Роғун» хеле барҷаста ифода ёфтааст. Ин ҳатто аз мундариҷаи пурмуҳтаво пайдост. Муаллиф аҳамияти НБО «Роғун»-ро барои рушди боустувор ва ҳамаҷонибаи тамоми минтақа ба таври мӯътамад таъкид менамояд.
Вақт тез мегузарад. Самандари Искандар ҳафт сол дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» заҳмат кашиданд, пасон барои кор ба ҳафтавори «Омӯзгор» даъват шуданд, аммо масъалаи инъикоси сохтмони НБО «Роғун» ҳамеша дар мадди назари ин қаламкаши мумтоз қарор дошт. Китоби «Роғун-арсаи номусу нанг» беҳтарин туҳфаест ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Он аз ояндаи бузурги кишвари мо башорат медиҳад ва эътимоди хонандаро ба ин андеша қавӣ месозад.

Мансур Суруш, нависанда, рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ ва журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ.


М У Н Д А Р И Ҷ А

ПЕШГУФТОР
1. ДАЪВАТИ ВАТАНХОҲӣ
2. СУЛОЛАИ КОРГАРӣ
3. САҲМИЯИ РОҒУН
4. ОБИ ШИФОБАХШИ ГАРМОБАИ ШАҲРАК
5. БАРҚ НАМЕРАСАД, Кӣ ГУНАҲКОР?
6. САДОҚАТ
7. ИҚДОМИ ҲОҶӣ МАҲМАДАЛӣ
8. Рӯ БА ХУРШЕД
9. ФАТҲУЛЛО БӯРИЕВ: «ТУННЕЛИ АНЗОБРО СОХТЕМ, РОҒУН ҲАМ МЕШАВАД»
10. ДАР МАВЗӯИ МУҲИМ РОҒУН: ДИРӯЗ ВА ИМРӯЗ
11. ДАР РОҒУН Чӣ МЕГУФТАНД ?
12. БАЪДИ ЯКУНИМ СОЛ ЕЛТСИН Чӣ ГУФТ?
13. ДАР ДУШАНБЕ Чӣ КОР КАРДАНД?
14. НБО –и РОҒУН – КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӣ
15. МАВҚЕЪ ВА СТРАТЕГИЯИ МАНБАЪҲОИ ОБИ ТОҶИКИСТОН
16. РОҒУН АЗ НИГОҲИ МУТАХАССИСОН
17. РОҒУН ОБРО ҒУН МЕКУНАД!
18. ВАЪДАҲО
19. НЕРӯГОҲИ «АСВОН» - И МИСР
20. БОЗГАШТ БА РОҒУН
21. ВОХӯРИҲО ДАР САРЗАМИНИ ТОҶИКОН
22. ЕЛТСИН ДАР МЕҲМОНИИ НОРАКИҲО
23. ЕЛТСИН ДАР ПОМИР Чӣ ГУФТ?
24. РОҒУН ДАР АРАФАИ ДИГАРГУНИҲОИ БУЗУРГ
25. КӯРГИРЕҲИ РОҒУН КАЙ КУШОДА МЕШАВАД?
26.ТАСМИМИ НАВИ ҲУКМАТИ ТОҶИКИСТОН
27. ДАР МУДИРИЯТИ НБО Чӣ МЕГӯЯНД?
28. РОҒУНРО ХУДАМОН МЕСОЗЕМ!
29.РОҒУН БА НАҶОТИ АРАЛ КУМАК МЕКУНАД
30. «ЛАМАЙЕР» ва «РУСАЛ» ВА НАЙРАНГҲОИ ОНҲО
31. Н.САВЧЕНКОВ: АГАР РУСҲО НБО-и РОҒУНРО НАСОЗАНД?
32. МО КАЙ АЗ ТАЪҚИБИ ҲАМСОЯ ХАЛОС МЕШУДА БОШЕМ?
33. НИШАСТҲОИ МАТБУОТӣ БАРОИ Кӣ ЗАРУР АСТ?
34. С.АННЕНКОВ: «БА 10 000 ТОҶИКИСТОНӣ ҶОЙИ КОР МЕДИҲЕМ», Ё БОЗ ЯК ДУРӯҒИ МАҲЗИ РОҲБАРИЯТИ «РУСАЛ»
35. ХОРИҶИЁН ДАР БОРАИ НБО-и РОҒУН
36. НБО-и «РОҒУН» ВА АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИИ ОН БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӣ
37. СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӣ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРОСИМИ ТАҒЙИР ДОДАНИ МАҶРОИ ДАРЁИ ВАХШ, 29 ОКТЯБРИ СОЛИ 2016
38.БУНЁДИ САРБАНДИ НЕРӯГОҲИ РОҒУН ОҒОЗ ЁФТ
39. ФАТҲУЛЛО БӯРИЕВ: ШАҲРИ РОҒУН ШАҲРИ МАШҲУРИ ҶАҲОН ШУД.
40. ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ НАМЕТАВОНАД БА СОХТМОНИ РОҒУН ХАЛАЛ РАСОНАД, ШАРҲИ ОЛИМОН ДАР МАВРИДИ «РОҒУН»
41. «РОҒУН БО РИЗОИЯТИ КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ ТАРҲРЕЗӣ ШУДА БУД»
42. РОҒУН: ГУНАҲКОРОН ВА ҶАБРДИДАГОН
43.АМНИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУШКИЛОТИ ОН
44. МАСОИЛИ ДЕМОГРАФИЮ ЭКОЛОГӣ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОБ
45. ХУРРАМШАҲРИ ДОМОНИ КӯҲСОРОН(Андешаҳои Абдураҳим Қозизода, муаррихи роғунӣ)
46. МАШВАРАТИ МУҶОВИРОН
47. БОНКИ ҶАҲОНӣ БУНЁДИ РОҒУНРО ҶОНИБДОРӣ КАРД
48. САҲМИЯ МЕХАРАНД
49. АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ РОҒУН
50. ҚОЧОҚИ БАРҚИ ТОҶИК КАЙ ХОТИМА МЕЁБАД?
51. РОҒУН БУНЁД МЕШАВАД (Ҷаҳиши бузург)
52. АКНУН НБО-И РОҒУНРО «РУСАЛ» МАБЛАҒГУЗОРӣ МЕКУНАД
53. РОҒУН БАЪДИ 29 СОЛ (Бо бунёди Роғун умри Норак дароз мешавад)
54. НАҶОТИ АРАЛ КОРИ ҲАМАГОН АСТ
55. МАҶРОИ ДАРЁИ ВАХШ БАСТА ХОҲАД ШУД
56. НОРАК – МАНБАИ НУР
57. РОҒУН – НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ "РУСАЛ"
58. РОҒУН ВА РОҒУНИҲО
59. ҲОҶӣ САЪДУЛЛОЕВ ВА НБО-и РОҒУН
60. ПАРЧАМБАРДОРИ МАТБУОТ
61. САРБАНД
62. «МИНБАРИ ХАЛҚ»
63. МУАРРИФИИ ҲОКИМИ ЗАЙД
64. МУШКИЛОТИ ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАБАРИИ ОБ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӣ
65.ТАҲЛИЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҚОНУНГУЗОРИИ ОБИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР САМТИ ИДОРАКУНИИ ҲАМГИРОЁНАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ.
66. СЕ МУЛОҚОТИ ХОТИРМОН БО ПРЕЗИДЕНТ
67. АЗ МУАЛЛИФ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: