МАЙДОНДОР2-12-2020, 13:30
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
(Сухане чанд аз рӯзгори устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи гуштини самбо, самбои муҳорибавӣ, ҷудои ҷопонӣ ва миллии тоҷикӣ, чемпиони чандинкаратаи Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон генерал-майор собиқ муовини раиси КДАМ ва муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоватан Ҳасаналиев)
Касеро Ҳақ диҳад ин паҳлавонӣ Бизияд пок андар зиндагонӣ Миёни паҳлавонони шинохтаи кишвар нимаи дувуми солҳои шастуми садаи гузашта, ки ҳамагӣ шонздаҳ сол дошт ӯро бо номи Ватан-паҳлавон мешинохтанду арҷаш мегузоштанд. Майдондории ӯ аз майдони варзиши ноҳияи Восеъ, ҳанӯз соли 1965 ҳангоми дар синфи даҳум дар мактаби миёнаи № 1 ба номи Т.Г. Шевченко оғоз гардида, камарбанди паҳлавониаш то соли 1982 ифтихори тамоми паҳлавонони кишвар буд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна муаллимони варзиш, устодони шинохта Раҳмон Валиев, Назар Шовалиев ва Г. Валошин ба номи ӯ хеле ифтихор доштанд. Чунки майдондории ӯ дар спартакиадаҳои мактабиён на танҳо дар ноҳия ва вилоят балки дар тамоми Тоҷикистон эътибори ноҳияи Восеъ буд. ӯро бо ифтихори зиёд наваи Восеи қаҳрамон ном мебурданд. Ҷуссаи бузургӣ дар варзиш обутобёфта, дасту бозу ва панҷаи пурқуввати оҳанин,иродаи қавӣ, чанголҳои устухоншикани шерафкан, чустиву чолокӣ ва чашмони сайдгираш нишони баръалои марди майдон буданаш буд. Майдондориаш ҳамагонрор шефтаи ҳарбаш дар майдони паҳлавонӣ намуда буд. Падару модар, қавму ақрабо ва ёру дӯстон ифтихор аз он доштанд, ки дар майдони қаҳрамонии гуштин аз насли Каён дудаи Сосон,наваи Сомон таҳамтане бо номусу шарафи ватандорӣ эътибори паҳлавонони хиттаи гурдзои Хуталонро дифоъ менамояду садҳо ҷавононро дар рӯҳияи матонату қаҳрамонӣ тарбият менамояд. Аз падару модари поктинат ва ҷадди бузургвораш ин пандро дар гӯш дошт. Шарти аввали паҳлавонӣ-поктинатӣ, поксириштӣ ва пок зистану пок будан буда, паҳлавони воқеӣ покдину покбин мебояд буда бошад. Ҳамин пайроҳаи пуршебу фарози зиндагӣ марди майдонро соҳиби иззату икром ва эътибори баланд хоҳад намуд. Бо ҳамин хулқу атвор ва самимияту муҳаббат ва садоқат бар Ватан ва рӯҳи поки бузургон ӯ бо фотиҳаи падару модари поксиришташ вориди майдони матонату қаҳрамонӣ гардид. Ҳанӯз соли дувуми таҳсил дар Институти педагогии шаҳри Душанбе, дар мусобиқаҳои варзишии институт ва ҷашну маросимҳои пуршукӯҳи он замон (Иди якдилии тамоми меҳнаткашони олам – якуми май ва Иди Ғалабаи Инқилоби Кабири Октябр- 7-уми ноябр), ки мусобиқаҳои пуршукӯҳи паҳлавонӣ, махсусан, гуштингирӣ ва вазнбардорӣ хеле маъмул буд, ӯ майдондори ин бозиҳо буд. Шарикдарсону мухлисон ва ҳаводорону шефтагони ҳунараш бо умед рӯи майдони ҳунар омаданашро интизорӣ мекашиданд. Устоди бисёр азизаш Муруватшо Бачабеков, ки бо номи Мирзоватан бисёр ифтихор дошт ва дар майдондории ӯ саҳми бағоят бузурге доштаст, се рӯз пеш аз мусобиқот ӯро барои баромадан бо набарди қаҳрамонӣ омода месохтааст. Се рӯзе кибаробар ба сӣ рӯзи ҳарбҳои тан ба тан буда, се рӯзе ки аз ҳама осудагиву оромӣ даст мешӯӣ, се рӯзе ки ба иборае бар худат қиёмат мекунӣ, ба хотири номусу шарафи ватандорӣ, ана ҳамин озмоишҳои варзишӣ ӯро обутоб дода, майдондори майдони номусу шарафи ватандориаш намуд. ӯ дар баробари ҳарбҳои тан ба тан қобилияти баланди ҳофизӣ ва навозандагӣ низ дошт. Шояд ӯ аввалин касе аз донишҷӯёни солҳои 1966-1968-ум буд, ки бо аккордеон суруд мехонд. Он замон ин асбоби мусиқӣ миёни яккахонҳо он қадар маъмул набуд. ӯ акордеонро бисёр бо маҳорати баланд менавохт ва сурудаҳои шавқии мардумиро бо шавқу шӯри зиёд зам-зама мекард. Устодаш Муруватшо Бачабеков бошад, он қадар мерақсид, ки ҳамагон шефтаи рақси ӯ буданд. Рақсҳои Муруватшо рақсҳои мардонаи қадимаи бадахшонӣ буд. Овозаи рақсҳои Муруватшо дар тамоми атрофу акнофи Душанбеи солҳои шастум ва ҳафтодуми садаи гузашта пуровоза буд. Дар майдони набарди майдондории Мирзоватан баъди ҳар як ғалаба Муруватшо бо қарс-қарси мардум ба саҳна баромада, саҳнаро саропо шавқрезу шавқхез менамуд. Ногуфта намонад, ки ин майдондории пур аз шавқу шур барои паҳлавонони тоҷик аз замони Каёниёни бузург чун суннати милливу аҷдодӣ то ба мо мерос мондааст. ТАЪРИХЧАИ ГУРДЗОД Пешаи паҳлавонӣ барои Мирзоватан ирсӣ буда, модари бузургвораш аз хонадони паҳлавони ҳарбҳои тан ба тан Исмоил-паҳлавон будааст. Бобои модариаш (аз нақлу ривоятҳои қавмҳои модари ва куҳансолтарин пирони хиради охири солҳои ҳафтодуми садаи гузашта Ҷ.Т.) паҳлавони номдори мири Балҷувон буда, дар ҷашнҳои Наврӯз бо номдортарин паҳлавонони Афғонистон ва Эрон зӯрозмоӣ намуда, овозаи паҳлавониаш амирони Бухороро шефтаву мафтуни ҳарбҳояш намуда будаст. Амир Абдулаҳадӯро боре ба Бухоро дар ҷашни Наврӯз даъват намуда, дар як мусобиқаи паҳлавонони дарбори амир чанд паҳлавонашро аз по афтонда, бо тӯҳфаҳои зиёд ба Кӯлоб бармегардад. Он вақт Исмоил ҳамагӣ бист сол доштааст. Баъди ин мири Балҷувон низ қадрдониаш намуда, ӯро бо мансаби раиси посдорони мири Балҷувон таъйин намуда, то охирин соатҳои ҳукумати аморати Бухоро дар хидмати мири Балҷувон буд. Наврӯзи соли 1915 амири Бухоро амирОлимхон дар наврӯзгоҳи мири Балҷувон дар мавзеи Дашти Ҷум қарор гирифта, ҷашни пуршукӯҳе барпо менамояд. Дар ин тантанаҳо паҳлавонони номдори амир Олимхон, Носир-паҳлавон, Зоир-паҳлавон, Муҳаммадҷон-паҳлавон, Тоҳир-паҳлавон, Идрис-паҳлавон, Яъқуб-паҳлавон, Холмат-паҳлавон, Юнус-паҳлавон, Салим-паҳлавон ширкат намуда, бо номдортарин паҳлавонони Афғонистон Нодир-паҳлавон, Афиф-паҳлавон, Зулмай-паҳлавон, Қосим-паҳлавон, Мамнун-паҳлавон, Шоиқ-паҳлавон ва Сахӣ-паҳлавон зӯрозмоӣ намуда, паҳлавонони амир Олимхон шикаст хӯрда, амир хеле дар ғазаб мешавад. Мири Балҷувон амирро ором намуда, мегӯяд, ки паҳлавонҳои қаламрави мо аз паҳлавонони Афғонистон ҳеҷ камие надоранд, агар иҷозат фармоӣ ман паҳлавонони Кӯлобиро ба майдон даъват намоям то камарбанди паҳлавонони Бухороро аз дасти афғонҳо бозпас бигиранд. Ин суханони мири Балҷувон амирро дар аввал хеле нороҳат намуд, аммо яке аз надимони амир, ки Мавлави Сафии Хатлонӣ буд, дархости мири Балҷувонро барои ба майдон хостани паҳлавонони кӯлобӣ ба амир муадабона мефаҳмонад. Амир ин хоҳиши мири Балҷувонро пазируфт ва амр кард, ки аз хазина мукофотҳои калонро барои паҳлавонон ҷудо намоянд. Ҳамин тавр, паҳлавонони кӯлобӣ Сайид-паҳлавон, Қамар-паҳлавон, Сафар-паҳлавон, Шукур-паҳлавон, Қодир-паҳлавон ва Салмон-паҳлавон ба майдон баромада, паҳлавонони афғонро аз по афтонданд. Фақат Афиф паҳлавонро натавонистанд, ки аз по афтонанд. Афиф-паҳлавон номдортарин паҳлавони вақт дар Афғонистон буд. Мири Балҷувон Исмоил-паҳлавонро хоҳиш намуд, бахотири эътибори аморат ва меҳмони олиқадр амирОлимхон бо Афиф паҳлавон зӯр озмояд. Ин хоҳиши мири Балҷувон пазируфта шуда, Исмоил-паҳлавон рӯи майдони набард ҳозир шуд. Ду қаҳрамони номдор, ду шери жаён, ду уқоби тезчангол дарафтоданд бо ҳамдигар. Исмоил, ки хеле чанголи боқувват ва бозувони оҳанин дошт ва аз Афиф-паҳлавон чанд газ баландтар буд, бо дастонаш болои китфи Афиф-паҳлавон сахт часпида, ӯро ба худ наздик шудан намемонд. Чанд партоб низ аз ҷониби Исмоил-паҳлавон ба миён омад, ҳамоно Афиф-паҳлавон истодагарӣ мекард. Ҳамин тавр, баъди сеюм даст паҳлавонҳо ба майдон баромаданд. Ҳарбҳои тан ба тан хеле шадид гашт. Афиф-паҳлавон бо макру ҳилла пасу пеши Исмоил тоб мехӯрд. Ин бор Исмоил-паҳлавон ӯро пеши бағал карду бо каме хам шудан ӯро аз замин бардошт, пойҳои Афиф-паҳлавон аз замин канда шуд, доду фиғон ва фарёди мухлисон баланд гардид. Афиф-паҳлавон дар болои бозувони Исмоил-паҳлавон печу тоб мехӯрд. Ҳамин ки пояш ба замин расид, бо як партоби паҳлавонона Исмоил-паҳлавон ӯро бо пушт ба замин афтонд. Шӯру валвалаи мардум ба само печид. Чанд нафар паҳлавонони кӯлобӣ, ки дар сафи пеши мардум атрофи майдон буданд, чорхез зада, вориди майдон шуда, Исмоил-паҳлавонро рӯи шонаҳояшон бардоштанду «Ҳу –шери Хатлон, ҳу- марди майдон» гуфта, гирд-гирди майдон гардондандаш. Амир Олимхон аз ҷой бархоста, аз шавқу шури мардум ба ваҷд омада, Исмоил-паҳлавонро наздаш хонд. Ба ӯ ба хотири ғалаба ва шарафи Аморати Бухоро як аспи сурхи бодпойи туркманӣ, як шутур ва ду барзагов тақдим намуда, ӯро ба Бухоро хонд. Исмоил-паҳлавон бошад, ба баҳонаи модари пири барҷомонда ва ду додару як хоҳари муштипараш рафтани Бухороро ба таъхир гузошта, дар хидмати мири Балҷувон, ки хеле арҷаш мегузошт, монд. Баъди чанде аниқтараш тобистони соли 1917дар синни чилупанҷсолагӣ бо тавсияи мири Балҷувон ва тӯҳфаву инъомҳои зиёд баъди адои хидмат ба назди модару ду бародару хоҳари муштипараш ба мавзеи Товасанги Дашти Ҷум меояд. Исмоил-паҳлавон бо духтари яке аз фозилони давр Мавлавӣ Сафар валади Сайиднозим,Мисқолбӣ хонадор гардида, соҳиби се духтар ва се писар гардида, соли 1928 бо баҳонаи амлокдорӣ ва мактабдории замони кӯҳна ба дасти болшевикон дар кушторхонаи Роҳатии Сталинобод ба қатл расонида мешавад.Ногуфта намонад, ки аз се духтари Исмоил-паҳлавон писарони далеру шуҷоъ ва ватанхоҳе ба дунё омада,ки хидматгузори халқу Ватани азизашон будаанд. Миёни мардум ин хонадони покмаҳзар ҳанӯз соҳиби эътибори баланд мебошанд. Ду набераи Исмоил-паҳлавон Мирзоватан ва Ҳабибулло на танҳо майдондори майдони варзиш, балки майдондори эътибори миллат буда, ҳарду генерал ва мақомдори эътибори давлат ва миллат гардида, паҳлуи Пешвои муаззами миллат, дар барқарорсозии сохти Конститутсионии кишвар саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Ҳабибулло-паҳлавон тӯли чанд сол фармондеҳи сипоҳи сафархати Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бар дӯш дошт. Дар ин мақоми пурэътибор чун ҷадди бузургвораш Исмоил-паҳлавон бо садоқат ва номусу шарафи баланди ватандорӣ хидмат намуда, бо амри Пешвои муаззами миллат баъди хидмати шоиста ба нафақа фиристода шуд. Ин ёддошти таърихӣ бад-он хотир буд, ки ин паҳлавони варзида ва номдори кишвар на ҳаваскор, на бо балегуфтанҳои касе, на ба молу манол, балки паҳлавони воқеӣ буда, он гуна ки дар урфият мегӯянд: «Марди паҳлавонро зани паҳлавон ба дунё меорад, марди донишмандро зани донишманд. Яъне пушти модарии ин майдондори шарафу номуси ватандорӣ паҳлавони номдори таърихи майдондории кишварамон Мирзоватан-паҳлавон буда, номи покаш дар таърихчаи қаҳрамонони варзиш бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардидааст. МАКТАБИ ПАҲЛАВОНӢ Он гуна ки гуфтем, фаъолияти майдондории ин паҳлавони номдор ва шарафёри миллат аз соли 1965 то соли 1982 давом намуда, дар тӯли ҳабдаҳ соли майдондорӣ шаст маротиба дар спартакиадаҳои қаламрави Шӯравӣ ва Осиёи Марказиву Қазоқистон зӯрозмоӣ намуда, се бозиаш ба холҳои баробар ва панҷоҳу ҳафт маротиба дастболо гардида, сазовори ҷои аввал гардидааст. Панҷоҳу ҳафт маротиба ӯро қаҳрамон хондаанд. Панҷову ҳафт маротиба номи покаш сафаҳоти матбуоти даврии Шӯравии абарқудратро аз номи тоҷики майдондор рангин намудааст. Солҳои 1968, 1969,1971, 1973, 1974, 1976 рӯзномаи пурэътибори Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ «Советский спорт» аз майдондории ӯ лавҳаву очерк ва муждаҳои пирӯзиашро ба мардуми саросари кишвар расонидаанд. Беш аз сӣ нафар шогирдонаш сазовори унвони пурифтихори қаҳрамони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (ногуфта намонад, ки қаҳрамонони варзиши Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ дар бисёре аз кишварҳои соҳибистиқлоли имрӯзӣ баробар ба қаҳрамонони ҷоми ҷаҳонӣ гардидаанд). Наздики сад нафар ба унвони номзад ба қаҳрамони варзиши Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ ва беш аз панҷоҳ нафар ба унвони қаҳрамони варзиши ҶШС Тоҷикистон шарафёб гардида, ҳанӯз номбардори эътибор ва шарафи кишвари азизамон мебошанд. Шогирдони асили мактаби қаҳрамониҳои варзишии Мирзоватан Ҳасаналиев, имрӯз ба сифати беҳтарин паҳлавонони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ: Ашӯр Амиралиев, Бурихон Ҷобиров, Хоҷакелдӣ Юлдошев, Абдулхайр Тавакалов, Нурамон Файзуллобеков, Р. Рамазонов, А. Яъқубов, Х. Ахмедов, Ҷ. Давлатов, Ҳабибулло Маҷидов, Сайидаҳмад Баҳриддинов, Қурбон Пирназаров, Ҷӯрахон Орифов, Ҳайитмурод Нуралиев, Аловиддин Мирзоавлиёев, Маҳмадшариф Сулаймонов, Муборакшо Иронов, Аҳтам Мавзудов, Сайидалӣ Нозимшоев, Нусрат Исматов, Исмоил Қиёмов, Ҳабибулло Қодиров, Саъдӣ Одинаев, Саидаҳмад Саидаброров, Худогӯ Ҷумъаев ҳамчун мураббӣ дар тарбияи шогирдон саҳми босазои худро гузошта, шарафи варзиши кишварро бардоштаанд. Иддае аз ин устодони варзиш то вопасин нафас дар хидмати мардум буданд. Ин мактаби эътибори ватандории устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи намуди гӯштини самбо, самбои муҳорибавӣ ҷудои ҷопонӣ ва гӯштини миллии тоҷикӣ, қаҳрамони чандинкаратаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон Мирзоватан Ҳасаналиев хишти аввали бинои муҳташами варзиши кишварро гузошта, ин мактаби маҳорати касбӣ дар китоби пурэътибори номуси ватандорӣ бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт хоҳад гардид. Мактаби қаҳрамонии варзиши ӯ аз (институти собиқ тарбияи ҷисмонии ба номи М.И. Калинин) имрӯз Институти тарбияи ҷисмонии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳвил дода шуда, дар ин макони паҳлавонони номдори кишвар ӯ саҳми хеле бузурги хешро гузоштааст. Гӯштини миллии тоҷикӣ, Самбо, Ҷудои японӣ ва гӯштини тарзи озод бо шарофати ин паҳлавони номдори Ватан дар ин минтақа хеле ривоҷ ёфта, шогирдони зиёде: Н. Бозоров, А. Абдуллоев, С. Нурматов, А. Насибов, М. Мирзоалиев, А. Камаров, Н. Ғайратов, Р. Мӯъминов, Н. Ортиқов, А. Шарифхоҷаев, А. Зоиров, А. Маҳмадов, Лашкаров, Р. Буриев, М. Гулмадов, Р. Рамазонов, Х. Исоқов, Х. Муминов, Р. Усмонов, А. Муҳиддинов, Р. Назаров, Ф. Саидов шарафёби унвонҳои қаҳрамони гӯштини Шӯравӣ гардидаанд. Мирзоватан бо устодони азизи хеш дар донишкада Борис Герасимович Аргунов, Ғиёсиддин Қаюмов, Амирсултон Наботов ва Мурватшо Бачабеков хеле ифтихор дошт. Саҳми бузурги онҳоро дар тарбия ва ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданаш ҳамеша мегуфт. Ва ин абёт ҳамеша вирди забонаш буд: Подшоҳе писар ба мактаб дод, Лавҳи симин бар сараш бинҳод. Набишта дар он лавҳ ба зар, Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар. ӯ бо ҷаҳонпаҳлавон устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, устоди дараҷаи байналмилалӣ устоди варзиши Тоҷикистон, раиси федератсияи гӯштини ҷудои японӣ, собиқ раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Саидмӯъмин Раҳимов хеле самимият ва эҳтироми баланд дошт. Устод Саидмӯъмин Раҳимов низ ба ӯ хеле арҷу эҳтироми зиёд дошт. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ӯро устоди тамоми паҳлавонони номвари кишвар медонист, мактаби бузурги Мирзоватанро ҳамеша васф мекард. Ғамхориашро дар ҳаққи шогирдон, ватанхоҳиву ватандорӣ, ҳалоливу покизагӣ ва донишмандиву инсонпарвариашро аз тамоми устодони варзиш боло мегузошт. ӯ мегуфт: Мирзоватан, пеш аз ҳама, шахси бофарҳанг, босавод ва боақлу донишманд буд. Мо ҳамчун дӯсту бародар ва ҳамсиришту ҳамтақдир қадрдони ҳамдигар будем. ӯ соҳиби мактаби бузург ва шогирдони зиёд мебошад. Мо ҳамроҳи Мирзоватан дар спартакиадаи Ҷоми Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи гӯштини «Самбо» дар шаҳри Саратов иштирок намудем. Ман дар се давр ғолиб омадам. Мирзоватан як бозиро бо баробарӣ ва ду бозиро бо ғалабаи мутлақ анҷом дод. Бозии аввалро дар як дақиқаву 23 сония, бозии дуввумро дар панҷову ду сония бо ғалабаи мутлақ анҷом дод. Баъди ин, тобистони соли 1975 дар спартакиадаи панҷуми халқҳои Шӯравӣ дар шаҳри Кишинёви Молдова иштирок намудем. Дар он ҷо, баробари ман Мирзоватан дар се вохӯрӣ ғолиб омада, соҳиби ҷоиза гардид. Ҳамин тавр, ман бо Мирзоватан ду маротиб иштирокчии спартакиадаҳои халқҳои Шӯравӣ будем.Эътибор ва шарафи паҳлавонии Мирзоватан Ҳасаналиев дар тӯли ҳабдаҳ соли майдондорӣ вирди ҳамагон гардида, мухлисону ҳаводоронаш дар сурати ӯ қаҳрамони мағлубнопазирро медиданд. Ва ҳамин тавр ҳам буд. Бинобар таъбири мардум пушти ӯ зинҳор заминро надидааст. Модари бузургвораш холаи Мастура бо он ифтихор дошт, ки писари паҳлавонашро ҳазрати Хӯҷаи Хизр дуову фотиҳа додааст. Далели ин гуфтаҳои модар он будааст, ки дар пушти ӯ сояи панҷаҳои ҳазрати Хӯҷаи Хизр буд. Дар ривояту қиссаҳои мардумӣ омадааст, ки агар писарбачаеро ки ҳазрати Хӯҷаи Хизр фотиҳа бидиҳад, дар пушташ сояи панҷаҳояшро мегузорад. Ва ин бача бо шарофати Худованд ва мадади дӯсташ майдондори майдони паҳлавонӣ хоҳад гардид. Ҳамин ривоят дар ҳаёти воқеии қаҳрамони чандкаратаи мусобиқоти Иттиҳоди Шӯравӣ ва спартакиадаҳои Ҷоми Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон Мирзоватан Ҳасаналиев воқеият дошта, номи покаш дар равоқи тиллоии эътибори миллат сабт гардидааст. ӯ соли 1982 ба даъвати роҳбарияти шуъбаи амниятии дар минтақаи Кӯлоб будаи КАМ ба сифати мураббии ҳарбҳои тан ба танба кор даъват гардида, баъди чанде сардори шуъбаи кадрҳо ва баъди як сол сардори шуъбаи фаврии ҷустуҷӯӣ таъйин мегардад. Соли 1991 ҳамчун сардори раёсати минтақавии Кӯлоб фаъолият намуда, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ саҳми босазои хешро мегузорад. Замони нооромиҳо ва шӯру ғавғои иддае аз бебасарон, ки оташи кинаву адоваташон дар ҷӯш буд, марзи сарҳадии минтақаи Кӯлобро ноором кардан мехостанд, маҳз бо зиракӣ ва ҷоннисориҳои ӯ ин ҳадафи онҳо барбод дода шуда, амнияти мардум нигоҳ дошта мешуд. Тӯли солҳои 1994 то 2004 марзи сарҳадӣ аз ҷониби иддае аз кӯрдилони носипос аз марзи давлати Исломии Афғонистон мавриди ҳамлаҳои шадид қарор гирифта, авзои сиёсии кишвар ноором гардида буд. Гурӯҳи фаврии зудамали нируҳои КАМ бо роҳбарии Мирзоватан Ҳасаналиев бо онҳо муқовимати шадид намуда, нагузоштанд, ки онҳо вориди хоки поки кишвар гардида, вазъиятро ноором намоянд. Ин ҳама муқовиматҳо зери назорати қатъии ӯ қарор дошт. Ҳамин хидматҳо ва садоқат бар ватан доштанашро Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта,соли 1999 ӯро ба сифати муовини раисиамнияти кишвар таъйин намуда,ҳамон сол бо рутбаи низомии генерал-майор сарфароз мегардад. Баъди панҷ соли хидмат дар ин сохтори калидии кишвар ба мақоми муовини Котиби Шӯрои амнияти кишвар омада, то вопасин нафас дар хидмати Модар-Ватан буд. Моҳи апрели соли 2005 ҳангоми иҷрои вазифа бо таври ногаҳонӣ аз олам даргузашт.Хотираи неки ин паҳлавони номвар ва майдондори майдони шарафу номуси ватандорӣ дар қалбҳои ҳазор-ҳазор ҳаводорон ва ватанхоҳони асили миллат ҷой гирифта, бо дуои хайр аз ӯ ёд менамоянд. Номи покаш бошад, дар китоби эътибори миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардида, ояндагон бо номи пуршарафи ин фарзонафарзанди миллат ифтихор хоҳанд намуд. Шоири донишманду хушкаломи тоҷик Абдулқодири Раҳим чунин майдондорони номусу шарафи ватандориро хеле хуб таҷассум намуда гуфтааст: Ба ному шуҳрату овоза доим, Тавозӯъ дошт, ёри мардумон буд. Барои миллату ҳам сарзаминаш, Ба майдон буду неку паҳлавон буд. Ҷумъахони Темурзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.