Гуштин варзиши ҳама сокинони сайёра аст5-04-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 1314 нафар
Назарҳо: 0
Агар дар нахуст инсон қувваи зӯри бозӯи худро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва истодагарӣ дар назди ҳодисаҳои табиат сарф намуда бошад, хеле баъдтар гуштин барои омодагии баҳодурони майдони набард роли ҳалкунанда мебозид.
Набардҳои тан ба тан бахусус дар Юнони антиқа басо шӯҳрат дошт. Гуштин дар Юнон баъд аз давидан дуввумин навъи варзиш маҳсуб гардида, дар нахустин бозиҳои олимпӣ (Соли 776 то милод) чун навъи ҳатмии олимпӣ ба мусобиқаҳо шомил гардида буд. Дар мусобиқаҳои панҷҳарбаи классикӣ – Пентатлон (гуштин, давидан, найзапартоӣ, гулӯлапартоӣ, ҷаҳидан) Гуштин асоситарин навъи мусобиқа маҳсуб мешуд. Баъдтар Гуштин дар Панкратион - муштзанӣ ва набарди тан ба тан навъи маъмулии бозиҳои олимпӣ дониста мешуд. Набарди тан ба тан дар Рими қадим яке аз маъракаҳои тамошобоби сокинон дониста мешуду паҳлавонон ва маҳорату истеъдоди онҳо мавзӯи сӯҳбати ҳарлаҳзаинаи доираҳои мухталиф буд. Дар радифи дигар намудҳои варзиш Гуштин дар мактабҳои махсус таълим дода шуда, дар ин ҷода устодони соҳиб касб ба воя мерасиданд. Баъди аз ҷониби Рум ишғол гардидани Юнон баробари мавриди қабули румиҳо қарор гирифтани санъати пешрафтаи Юнон ҳарби тан ба тан шуғли дӯстдоштаи баҳодурон гашт. Ин навъи зӯрозмоӣ чӣ дар ҳангомаҳои худнамоии баҳодурон ва чӣ дар набарди Гладиаторҳо манзури тамошо, дилхушӣ ва баҳодиҳии тамошобинони сершумор қарор мегирифт. Ҷорӣ шудани Оини масеҳӣ ба равнақи набарҳои тан ба тан шикаст овард. Дар ибтидои асри чорум қариб ҳама мактабҳои омӯзиши набарди Гладиаторҳо баста шуданд. Ҳарчанд Гуштин чун шуғли писандидаи халқи оддӣ боқӣ монд, дигар аз шаҳомати он осоре намонда буд. Танҳо дар охири асри 18 ва аввали асри 19 дар Аврупо гуштини руму юнонӣ чун навъи варзиш аз нав эҳё гардид. Ин замон дар деҳоту шаҳрҳои Франсия гуштин маъмул буд. Агар дар нахуст ин навъи варзишро ҳунармандони сирк дар намоишҳои хеш истифода мебурданд, баъдтар дар боғҳои фароғатӣ, чорабиниҳои мухталиф баҳодурони набарди тан ба тан ба издиҳом ҳунари худро пешкаш мекарданд. Баъдтар Гуштин ба мусобиқаҳои умумишаҳрӣ ва умумидавлатӣ роҳ ёфт. Акнун ба Франсия аз дигар мамлакатҳо баҳодурон меомадагӣ шуданд. Паҳлавонони немис, русу итолиявӣ баробари ин, ки дар Париж маҳорати худро намоиш донад, ин тарзи Гуштинро дар кишварҳои худ низ ба роҳ монда тавонистанд. Дар миёнаҳои асри 18 гуштини румию юнонӣ дар аксари кишварҳои олам шӯҳрати беандоза пайдо карда тавонист. Ҳарчанд ин навъи варзиш дар ҳар як давлат бо усулу услуби хоса гузаронида мешуд, ба хотири нахустдавлатҳо Рум ва Юнон гуштини руму юнонӣ унвон гирифт. Дар Осиё, кишварҳои Шарқ ва Амрико ин навъи варзиш гуштини тарзи озод ном гирифт. Соли 1896 ин навъи гуштин ба рӯихати барномаи бозиҳои олимпӣ шомил гардид. Дар ин мусобиқаи умумиҷаҳонӣ ҳамагӣ 5 нафар аз чор кишвар ( Юнон, Олмон Венгрия, Британияи кабир) варзишгар ҳунарнамоӣ карданду халос. Оғоз аз ин даври бо истиснои олимпиадаҳои солҳои 1900 ва 1904 гуштини руму юнонӣ навъи асосии бозиҳои олимпӣ дониста шуда, дар он қариб варзишгарони ҳамаи қитъаҳои олам ҳунарнамоӣ менамоянд. Соли 1912 Федератсияи байналмилалии гуштини руму юнонӣ FILA таъсис дода шудааст. Агар сухан дар бораи ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик оид ба ин навъи мусобиқа равад, ҳамин нукта басандааст, ки гӯем - гуштин ҷузъи таркибии варзиш дар ҳаёти халқи тоҷик мақоми арзанда дошту дорад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки оғоз аз ҳунарнамоии ҷавонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов чанд даҳсола пеш то ба имрӯз даҳҳо баҳодурон дар майдони ҳарб бо ҳунари волои худ номи паҳлавонони кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонистаанд. Феълан номи Расул Боқиев, Комроншоҳи Устопириён ва даҳҳо нафари дигарро метавон қайд кард, ки дар пуршукуҳиарин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо ҳунари волои худ номи паҳалвонони тоҷикро боло будаанд. Зероаз қадим баҳодурони тоҷик дар маъракаҳои шодӣ, ҷашну маросимҳо мусобиқаҳои гуштин ташкил намуда, зафарёфтагон бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешуданд. Хато намебуд агар гӯем, ки феълан гӯштин ва дигар номгӯи муҳорибаҳои тан ба тан аз намудҳои варзише маҳсуб мешаванд, ки варзишгарони тоҷик комёбиро соҳиб мешаванд. Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.