Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

19-11-2020, 10:49
Хабарро хонданд: 551 нафар
Назарҳо: 0
Табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонБа муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ворид гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Мехоҳам аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Америка табрикоти худро ба муносибати ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон ирсол дорам.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида шарикии пойдори байни кишварҳоямонро бар асоси манфиатҳои муштараки мо дар пешбурди сулҳу субот дар тамоми Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ мекунад.

Миллатҳои мо муносибатҳоеро барқарор кардаанд, ки ба афзоиши робитаҳои байни шаҳрвандон ва ҳукуматҳои мо мусоидат мекунанд. Ман ба Шумо барои дастгириатон дар соҳаҳои дорои аҳамияти дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла амният ва субот дар Афғонистон ташаккур мегӯям. Солҳои оянда, чун мо дар самти ҳадафҳои мутақобилаи худ бо мақсади таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодӣ саъй менамоем, муносибатҳои қавии байни кишварҳоямон боз ҳам рушд хоҳанд ёфт».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: