Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пойгаи мототсиклронӣ доир мегардад

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пойгаи мототсиклронӣ доир мегардад

11-11-2020, 11:16
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пойгаи мототсиклронӣ доир мегардад
14 ноябри соли равон бахшида ба 29-солагии таъсиси Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пойгаи мототсиклронӣ доир мегардад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант, Ваҳдат, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок менамоянд.

Пойга барои фатҳи марра байни мототсиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифта, варзишгарон бо мототсиклҳои замонавии истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Хонда, Кавасаки, Судзуки ва Ямаха миёни худ сабқат хоҳанд намуд.

Fолибон аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.

Мусобиқа бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: