Мурод Шукурзода,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъкиди Пешвои миллат, раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити хеле мураккаби ҷаҳони муосир, афзудани таҳдиду хатарҳо ба низоми кишварҳо ба асари пандемияи коронавирус, мушкилоти гуногуни геосиёсӣ, афзоиши сатҳи бекорӣ, буҳрони бесобиқаи иқтисодию молиявӣ баргузор мешавад. Бинобар он дар ин давра ҳама бояд бисёр ҳушёр , зирак ва ояндабин бошем. Ба маводҳои ғаразноку ифротгароёнаи душманони миллат бовар накарда, баръакс бо ҳисси ватандӯстӣ ва бо далелҳои муътамад ба онҳо ҷавоб диҳем. Сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиро таҳким бахшем.
Дар давраи баргузор гардидани интихоботҳои пешин- аз як интихобот то интихоботи дигар роҳбарияти ҷумҳурӣ тавонистанд дар се самт – фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, қадамҳои устувор гузоштан ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шаванд. Мо дар асоси барномаи пеш аз интихоботии ҲХДТ тавонистем сиёсати бунёдкоронаи худро идома дода, ба масъалаҳои таҳкими амнияту оромии сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва таъмини зиндагонии шоистаи мардум саҳм гузорем.
ҲХДТ тӯли беш аз 25 соли фаъолият борҳо аз чунин имтиҳону санҷишҳо бо сарбаландӣ гузашта ва бо итминон изҳор медорем, ки интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор мешавад. Ба номзади арзандаи ҳизбамон овоз додани мо, ба маънои ҳифзи субботу оромӣ ва кафолати шукуфоии беш аз пеши кишвар хоҳад буд.
Зоҳир Қодиров, // сурат 
муовини сардори раёсати илм, инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ҳамагон маълум аст, ки хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар хеле дер давом кард. Гарчанде ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷанги шаҳрвандӣ ҷой надошт, аммо дар заминаи заиф будани қонуният ва бетартибиҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ як қисми инфрасохтори вилоят вайрон шуда ва аз байн рафта буд. Бартараф намудани оқибатҳои чунин бедодгариҳо вақти муайянро тақозо менамуд. Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат кӯшиш ба харҷ доданд, ки волоияти қонунро ба тадриҷ дар саросари кишвар,аз ҷумла дар ин вилоят таъмин ва рӯҳияи сокинонро нисбат ба ояндаи некашон дилгарм намоянд.
Сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар буд, ки сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят беҳтар ва симои шаҳру ноҳияҳои он тағйир ёфт. Хусусан, намуди маркази вилоят шаҳри Хоруғ дар солҳои соҳибистиқлолӣ куллан дигаргун шуд. Сокинони шаҳр хуб дар хотир доранд, ки дар даврони Шӯравӣ ҳатто варзишгоҳи мувофиқ ба талаботи он замон ҷавобгӯро надоштанд. Ба фаъолият оғоз намудани Донишгоҳи давлатии Хоруғ, бунёди роҳҳои мошингард ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва рушди озоди фаъолияти соҳибкорӣ нахустин дастовардҳои вилоят дар даврони истиқлол ба шумор мераванд.
Дар зарфи бист соли охир зиёда аз 373 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дошта бо арзиши 2,1 миллиард сомонӣ бо стандарти ҷаҳонӣ бунёд гардиданд, ки таввасути онҳо ҳамасола ҳазорҳо нафар мусофирон ва дар ҳаҷми ҳазорҳо тонна молу маҳсулот ба вилоят ворид ва хорҷ мешавад. Ҳоло дар соҳаи роҳсозӣ барои вилоят татбиқи боз 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ идома дорад ва лоиҳаи таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб - Ванҷ, ки яке аз бузугтарин лоиҳаи роҳсозӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, ояндаи наздик кори он оғоз мешавад.
Маҳз, интихоби дуруст заминаи иҷрои ин гуна лоиҳаҳоро боз ҳам васеътар месозад. Ана барои чӣ ман ба номзади ҲХДТ овоз медиҳам!
Исматулло Холниёзов,
корманди фахрии мақомоти Прокуратураи
ҷумҳурӣ, сокини шаҳри ДушанбеТибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар фард ҳуқуқи баробар барои овоздиҳӣ дошта, дар рӯзи интихобот бо додани раъй иродаи худро баён мекунад.
Ман як нафари зодаи даврони Шӯравӣ ҳастам ва аз соли 1982 то соли 1992 узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Баъдан солҳое, ки корманди мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол шудам, бо интихоби Президенти ояндаи кишвар ояндаи худро ҳам пешакӣ муайян кардам. Гузашти вақт нишон дод,ки дар интихоб он солҳо хато накарда будаам. Бояд гӯям, ки имрӯз низ дар мавзеи худ устуворам ва дар интихоботи пешорӯй исми номзаде, ки овоз медиҳам, муайян аст.
Бо шарофати амалҳои густурдаи созандаю бунёдкорона, иқдомоти хайру накӯкорона Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон дар муддати роҳбариашон байни мардум соҳибэҳтирому соҳибэътибор гардидааст. Ба ёд биёварем, ки пас аз истиқлол ба даст овардан кишвари сарсахти мо имкони кам андар ками ба худ омаданро дошт. Сарвари нави кишвар бо вуҷуди маҳдудиятҳо, ҷиҳати таъмини Истиқлолияти миллӣ дар як шароити вахим камар баста, бо истифода аз таҷрибаи хоҷагидории даврони гузашта, бо амалкардҳои созанда то ба сатҳи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ расид. Ба он ҷойгоҳе расид, ки на ба ҳамаи роҳбарони давлатҳо насиб мегардад. ӯ омӯзгори махсусе дар илми давлатдорӣ надошт, балки барои омӯзиш фурсат ҳам набуд. Ҳамаи дастовардҳояш дар бахши давлатдорӣ танҳо аз кӯшишу ғайрати модарзодӣ, бо такя ба таҷрибаи роҳбариаш дар соҳаи кишоварзӣ, дар муқовимату набард бо мушкилоти пешомада, бо ноумед нашудан аз нокомиҳо, ризоият аз хурдтарин нишонаҳои таҳкими пояҳои нави давлати миллӣ ҳосил ва насибашон шуд. Танҳо барои раҳоӣ аз буҳрони шадиди камбуди барқ ва таъмини кишвар бо рӯшноӣ, бо сохтану мавриди истифода қарор додани ҷодаҳои замонавӣ ва роҳкушоӣ ба кишварҳои дуру наздик, барқарор кардани муносибатҳои дӯстона бо ҳамсояҳо, дар арсаи ҷаҳон шиносонидани миллати тоҷик, тавсиаи сиёсати маорифпарварона чеҳраи сарварамон ҷаҳонӣ шуд. Имрӯз ҳам кишвар ба чунин шахсияте дар сатҳи роҳбарӣ ниёз дорад ва бинобар ин ман номзадеро беҳтар аз Пешвои муаззами миллатро намебинам. Ман боз ҳам ӯро интихоб мекунам ва дигаронро ҳам даъват менамоям, ки ба ӯ раъй диҳанд!