Дар арафаи Анҷуман2-09-2020, 09:16
Хабарро хонданд: 594 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаёти ҳизб Хатлон Бохтар Тавсифифаъолияти собиқадорон Дар Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои собиқадорони ҳизб дар вилояти Хатлон доир шуд. Аҳмадҷон Ализода, узви шӯро, дар оғоз барои пеш бурдани он ҳайати кории раёсатро пешниҳод кард. Аз рӯйи масъалаи якум ҳисоботи раиси шӯрои собиқадорони ҳизб Исмоил Шафиев шунида шуд. Ӯ таъкид дошт, ки дар роҳи расидан ба ҳадафи идеологӣ – фароҳам овардани шароит барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон пайваста тадбирҳои созандаи дорои хусусияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва иқтисодиро амалӣ гардонида истодааст ва бо мақсади мусоидати фаъол дар ин ҷода аъзои Шӯрои собиқадорони ҳизб низ донишу таҷрибаи худро истифода мебаранд. Гуфта шуд, ки 37 дарсади аъзои ҲХДТ (185 ҳазору 247 нафар) ба вилояти Хатлон рост меояд, ки ин нисбат ба ин давраи соли гузашта 1,1 ва дар қиёс ба 5 соли охир 16,3 дарсад афзоишро нишон медиҳад. И. Шафиев афзуд: “Мо аз дастовардҳо бояд қаноатманд набошем ва фаъолияти хешро беш аз пеш хубтару беҳтар намоем, то ҷавонон аз натиҷаҳои хуби меҳнатии собиқадорони ҳизб истифода намоянд”. ӯ аз солҳои нобасомони қарни гузашта, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудӣқарор дошту ҳазорон пиру ҷавон сарсону саргардон дар хоки дигар давлатҳо буданд, мисолҳо овард. “Ҳоло кишвари мо дар миёни дигар давлатҳо ҳамчун кишвари амн эътироф шуда, аз баракати сулҳу оромӣ шаҳрвандони мамлакат метавонанд, ки президенти ояндаи кишварро худ интихоб кунанд. Ҳар як шахси солимақл бояд ба ҷонибдорӣ аз номзади арзанда раъй бидиҳад", - гуфт ӯ. Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис интихоби аъзои Шӯрои собиқадорон буд, ки ҳайати он иборат аз 21 нафар тасдиқ шуд. Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома – интихоби раис, муовинон ва котиби Шӯрои собиқадорон Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, баромад намуда, дар ҳамоҳангӣ бо аъзои шӯро пешниҳод кард, ки Исмоил Шафиев раис, Ализода Аҳмадҷон ва Хосият Миралиева, муовинони раис ва Солеҳамо Қосимова котиби шӯро интихоб шаванд. М.Қиёмиддин дар идомаи баромади хеш гуфт, ки фаъолияти шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилоят қаноатбахш буда, аъзои он дар шаҳру навоҳии вилоят дар амалӣ сохтани сиёсати олии ҲХДТ нақши бориз доранд. Масъалаи чоруму панҷум тасдиқи нақшаи кории Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои нимсолаи дуюми соли 2020 ва омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз ҷониби аъзои шӯро доир ба масъалаҳои болозикр низ қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Саидқул Шомалангзода, собиқадори ҳизб, дар ҳузури иштирокдорон бобати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳарф зада, нақши ҲХТД-ро дар рушди босуботи кишвар муассир арзёбӣ кард. Шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби занон дар вилоят беш аз 85 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намуда истодаанд. Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, узви ҲХДТқайд кард, ки хидматҳои шоёни занони хатлонӣ, ки дар давраҳои душвори ҳаёт дар паҳлуи мардуми осебпазир буданд, ҳаргиз фаромӯш наҳоҳад шуд. Онҳо, ба қавли ин шахси масъул омодаанд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд. Асалмо Сафарова, сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон", илова кард, ки давлати бидуни пояҳои устувор ва дар алангаи тиру туфанг қарордоштаро Раиси ҲХТД муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эътидол овард ва ҳоло мардум дар шароити созгори як кишвари ободу зебо ҳаёт ба сар бурда истодаанд. Дар охири маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба хотири ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтари меҳнатӣмиёни иштирокдорон табодули назар сурат гирифт. Семинар барои занон Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зери унвони "Таҳлилу омӯзиши салоҳиятнокии занон ҷиҳати баланд бардоштани хулқу атвори онҳо" бо иштироки мудирони кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят семинар баргузор гардид. Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ вилоятии ҲХДТ дар мавзӯи зикршуда маърӯза намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти занон назаррас аст. «Занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ кор карда, солҳои охир шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар аз тамоми имконоти мавҷуда истифода барем", – афзуд ӯ. Аз иштирокчиён хост, ки барои ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ миёни бонувон дар ҳамкорӣ бошанд, то онҳо ҳунарҳои аз ниёгон бозмондаро дубора ривоҷ диҳанд. ӯ ишора кард, ки соҳибкорӣ дар ин самт аз ҳама гуна андоз озод аст.“Шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои тобеи худ гурӯҳи фейсбукии “Ҳунармандони ҳизбӣ”-ро таъсис дода, ки то имрӯз аз ҷониби мудирони шуъбаҳои кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо дар он маҳсули дасти ҳунармандон дар ҳаҷми 170 мавод бо нишон додани арзиш ва макон ҷой дода шудааст”, – гуфт Қ. Раҷабзода. Гулчеҳра Наимова, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар мавзӯи «Нақши занон дар ҷомеа» баромад намуда, қайд кард, ки дар вилоят беш аз 1 миллиону 600 ҳазор зан ҳаёт ба сар мебаранд, ки аз ин шумора 965 ҳазор нафар бонувон дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Шумораи ходимони илм аз ҳисоби занон 387 нафарро ташкил медиҳанд.Дар мавзӯи “Тарбия намудани занону бонувон ба ҳаёти мустақилона” намоянда аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Адиба Олимзода дар ҳузури иштирокдорон маърӯза намуд. ӯ гуфт, ки ҳоло масъалаи пошхӯрии оилаҳо ҳамагонро нигарон кардааст ва агарчи мақомоти масъул корҳои омӯзиширо дар ин самт ба роҳ мондаанд, вале ин мушкил то ҳол роҳи ҳал мехоҳад. Ёвон CАРОҒОЗИ ВАТАН Таҳти ин шиор бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ- 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии аз пеҳншавии бемории сироятии коронавирус, муайян намудани ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Оби Шифо»-и деҳаи Чормағзаки ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов вохӯрӣ доир шуд. Дар он масъулони ниҳодии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба сиёсати созандаву бунёдкорона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, аз ҷумла донагиҳо, бе зарурат нарафтан ба ҷойҳои сераҳолӣ, истифодаи ниқоб ва маводҳои антисептикӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват намуданд. Тавре Абдуллозода Саёҳат- муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба «МХ»иттилоъ дод, раванди иқдомоти созанда дар ноҳия тоҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣбарои ободу зебо кардани деҳаю маҳаллаҳо идома хоҳад кард. Суғд Гулистон Дар васфи Истиқлол Тибқи нақшаи корӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи кумиҷроияи ҳизбии шаҳр Муяссара Раҳимова дар бархе аз маҳаллаҳо бо занон роҷеъ ба дастовардҳо ва музаффариятҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои судманд доир намуд. Зимни ин вохӯриҳо ба занон ба таври муфассал дар бораи душвориҳои ба даст омадани истиқлолияти кишвари азизамон, аз ҷумла дар бораи талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон суханронӣ намуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ М. Раҳимова ба саволҳои иштирокчиён, бахусус, масъалаҳои оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва масъалаи доғи рӯз-бемории сироятии коронавирус ҷавобҳои мушаххас дод. Ҳисор Вусъати ҳамкорӣ ҷиҳати омодагӣ ба интихобот Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор аз ҷониби гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи шаҳрииҲХДТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо кормандон ва фаъолони шаҳраки Шарора ҷаласабаргузор шуд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби роҳбари гурӯҳ, муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Аҳмадҷон Исматуллозода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Ф. Аловиддинзода раванди тайёрӣ ба Интихоботи Президент, рафтитаблиғу ташвиқи самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзӯи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус баррасӣ шуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зимни баромади худ нуктаҳои асосии Паёми Роҳбари давлатро ба аҳли нишаст баён намуда, ҳамзамон ба масъулони деҳу маҳаллаҳо дастур дод, ки тарғиби самтҳои дахлдори Паёмро дар ҳар як маҳалла ба роҳ монда, омӯзиши сатҳи зиндагии мардум, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби аҳолӣ ва рафти корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориро таҳти назорати ҷиддӣ ва доимӣқарор диҳанд. Дар ҷамъомад инчунин, ҷиҳати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси гурӯҳҳои ташаббускор бо ҷалби ҷавонони солимфикр ва ватандӯст, тарбияи дурусти насли наврас ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудану пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар шуд. Матолиби саҳифа бо истифода аз саҳифаҳои фейсбукии Кумитаҳои иҷроия ва почтаи «МХ» омодаи чоп шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.