Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

22-09-2020, 10:37
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо варзишгарони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат майдони мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Маҳмадалиев бунёд намуда, дар он барои тамрини ҷисмонии ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 0,16 гектарро дар бар гирифта, сохтмони он бо назардошти талаботи муосир анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, атрофи майдонча пурра панҷарапӯш ва чароғон карда шудааст. Майдони бозӣ аз масолеҳи хушсифат бунёд ёфта, барои тамошобинон нишастгоҳҳои алоҳида насб гардидаанд.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва анҷоми корҳои сохтмонӣ ба масъалаи ободонии атрофи иншоот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ин ҷост, ки гирду атрофи майдончаро гулҳои зебои мавсимиву ҳамешасабз оро медиҳанд. Ҳамчунин барои варзишгарону сокинони ноҳия иншооти ёрирасон, аз қабили утоқи ивазкунии сару либос сохта шудааст.


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор додандБа Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар баробари бозии футбол наврасону ҷавонон ҳамчунин метавонанд ба варзиши сабук машғул гарданд. Дар назди майдончаи футбол дастгоҳу таҷҳизоти зурурӣ барои машғулияти ҳамарӯзаи варзишӣ ва обу тоби бадан насб гардидаанд. Ҳамзамон роҳрав ва атрофи майдончаи варзишӣ пурра сафолакпӯш шудааст.

Майдончаи варзишӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба таъкиди масъулини соҳаи варзиши ноҳия, тадбирҳои идона ба истиқболи солгарди 30-юми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарту шароит ва имкониятҳои онҳоро ба тарзи чашмрас дигаргун намуд. Аз ҷумла, дар ноҳия то кунун 15 адад майдонча ба истифода дода шуда, танҳо дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 майдончаи варзишии муосир барои наврасону ҷавонон ва варзишгарон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни боздид Роҳбари давлат иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ба ҷавонону наврасон маслиҳат доданд, ки имконоти мазкурро самаранок истифода баранд ва вақтҳои холигии худро бештар бо машқу тамрин сипарӣ намоянд, зеро варзиш омили муҳимтарини солимист.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: