Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо1-10-2018, 08:56
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси андӯҳи амиқи мо гашт. Аз Шумо хоҳиш дорам, ки тасаллияти самимии моро ба мардуми дӯсти Индонезия бирасонед. Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил ва барои тамоми осебдидагон шифои комил орзумандам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.