Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

30-06-2020, 09:32
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намудандДар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа, дар ҳамин ҷо Парчами миллиро парафшон намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ масоҳати 0,45 гектар заминро дар бар мегирад. Баландии Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил дода, бо истифода аз масолеҳи хушсифат, ки ба тамоми вазъи боду ҳаво муносиб мебошад, бунёд ва таҳкурсии он бо сангҳои гуногун оро ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар майдон ва сутунпояи Парчами давлатӣ соли 2019 оғоз гардида буданд. Дар ин муддат сохтмончиёни маҳаллӣ бо назардошти меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва ин ҷоро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.

Хусусан атрофи иншоот бо шаклу услуби хоси меъморӣ оро ёфта, дар майдон гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Дар ду тарафи Парчами давлатӣ фаввораҳои зебо бунёд гардида, майдони Парчам ба пуррагӣ чароғон карда шудааст.

Сохтмони майдону парафшон намудани Парчами давлатӣ ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии мардум дар тамоми шаҳру ноҳия ва марказҳои деҳот сурат мегирад. Аз ҷумла давоми чанд соли охир дар аксари ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ Парчами давлатӣ қомат афрохт.

Ҳамчунин дар доираи корҳои ободонӣ дар деҳоти Хистеварз, роҳҳои гирду атрофи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон мумфарш гардида, сокинони ноҳия бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳадаф доранд, ки 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои чашмрас истиқбол гиранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусту ҳифзи чунин маконҳои фароғатӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: