Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд

Пешвои миллат боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд

22-08-2019, 10:21
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор додандДар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матоъ 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Масоҳати умумии майдони боғи назди Парчами давлатӣ 1,5 гектарро ташкил медиҳад.

Барои ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил додани боғ аз тарафи сохтмончиён зиёда аз 1000 дарахти ороишии арча ва гулҳои ранга шинонида шуда, дар масоҳати 80 метри мураббаъ 4 фаввора бунёд ёфтааст.

Инчунин дар роҳравҳои боғи истироҳатию фароғатӣ 20 роҳаткурсӣ, 6 суҳбаткада ва даҳҳо адад чароғҳои ранга насб гардидаанд.

Дар масоҳати 4120 метри мураббаи роҳравҳо сафолакҳои ранга чинда шуда, майдони 4413 метри мураббаъ сабзазор гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро нишон ва парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор мераванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: