Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони шаҳри Исфара

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони шаҳри Исфара

26-07-2019, 13:16
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинон, ки дар саҳни Маҷмааи «Ориён» ба таври густурда ташкил карда шуд, дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ ҳосили зироати кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсолоти ватанӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, шириниҳо ва инчунин маҳсули эҷоди ҳунармандони шаҳр, хосса кандакорон, кулолгарон ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Сарони давлатҳо ба меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳозу тамъ беназири ин минтақаи мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба меҳнати ҳололи сокинони шаҳри Исфара баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқлими деҳоти шаҳри Исфара барои бунёди боғ ва ба даст овардани ҳосили фаровон басо мусоид мебошад. Аз ин рӯ таваҷҷуҳи сокинон ба боғдорӣ бештар равона гардидааст. Майдони умумии боғу токзори шаҳр имрӯз зиёда аз 12 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли равон боғпарварон дар талу теппаҳои ин минтақа 46 гектар боғи нав бунёд кардаанд.

Дар ин ҷо ҳосили зироати полезӣ, аз қабили тарбуз ва харбуза ба таври хос ва дар 6 пирамида намоиш дода шуд. Гуфта шуд, ки имсол дар шаҳри Исфара дар майдони 26 гектар зироати полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва каду кишт карда шудааст. То имрӯз хоҷагидорон аз майдони полезиҳо 50 тонна тарбуз ба бозор баровардаанд ва ҳосилнокии он аз ҳар гектар 250 сентнерро ташкил медиҳад.

Дар намоишгоҳ занбӯрпарварон низ ширкат варзида, номгӯи гуногуни асали табииро пешниҳоди меҳмонон намуданд.

Тибқи иттилои масъулон, дар шаҳри Исфара 2155 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошанд ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ хоҷагидорон ба миқдори 31,1 тонна асали хуштамъ истеҳсол кардаанд.

Занону бонувони ҳунарманди шаҳри Исфара маҳорати нонпазӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллиро дар танӯру дегҳо намоиш доданд. Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти нонӣ қариб 20 намуд нонҳои миллӣ, аз ҷумла чаппотӣ, қалама, нонҳои равғанӣ, чормағдор, ҷаззадор ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари пазандагии занону бонувони шаҳри Исфара баҳои баланд дода, онҳоро барои омӯзонидани нозукиҳои ин ҳунарҳои миллӣ ба духтарон ҳидоят намуданд.

Дар самти коркард ва банду басти мева ва истеҳсоли консерва сокинони шаҳри Исфара таҷрибаи ғанӣ доранд. Тибқи иттилоъ, имрӯз дар шаҳри Исфара 14 коргоҳу корхона ба коркард ва банду басти меваи хушк ва 3 коргоҳу корхонаи дигар ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот машғул мебошанд. Агар дар ҳамин давраи соли 2018 аз тарафи корхонаҳои шаҳр ба миқдори 4 млн. 643 ҳазору 930 сомонӣ хушкмева коркард ва банду баст шуда бошад, пас имсол ин нишондод ба беш аз 10 млн. 300 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти консервагӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 1 млн. 498 ҳазору 340 сомонӣ баробар гардидааст. Коркард ва басту банди маҳсулот дар корхонаҳои номбурда ба таври хос ва бо тамғаи махсус сурат гирифта, стандарти байналмилалӣ риоя гардидааст, ки дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат харидори зиёд дорад. Соли гузашта дар баробари таъмин намудани бозори дохилӣ, инчунин аз шаҳри Исфара ба миқдори 11 ҳазору 375 тонна меваи хушк ва дар ҳаҷми 1 млн. 639 ҳазору 100 сомонӣ консерва ба кишварҳои Россия, Германия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра содирот карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби сарони давлатҳо ба маҳсули меҳнати сокинони шарафманди шаҳри Исфара баҳои баланд дода шуд ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар дар ҳама бахшҳо ба масъулон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Маҷмааи «Ориён», ки дар маркази шаҳри Исфара ва дар соҳили дарё бо назардошти санъати меъмории миллӣ сохта шудааст, писанди меҳмонон гардид. Намои беруна ва дохили маҷмаа пурра бо ҳунарҳои миллӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, гаҷкорӣ, санъати кундал ва ғайра оро дода шудааст. Дар ин ҷо сангҳои ороишии маҳаллӣ бо маҳорати баланди ҳунармандӣ истифода гардидаанд ва басо диққатҷалбкунанда мебошанд. Ин бинои боҳашамат дорои толорҳо барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, тарабхона, чойхона, ошхона, қаҳвахона, утоқҳои корию хизматрасонӣ ва ғайра мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: