«Шахсоне, ки Ватанро аз барои манфиати кишварҳои бегона тарк мекунанд, дар ғарибӣ мавриди эҳтиром қарор намегиранд ва дар меҳан бегонаанд».Эзоп
Банда, на сиёсатшиносам, на иқтисодчӣ ва на шоиру нависанда, балки як шаҳрванди одии ин диёри азиз. Чун ҳимояи Ватан танҳо аз сиёсатшинос, сарбоз ва ё хизматчии давлатӣ вобаста несту ҳар фарди худшиносу худогоҳро мебояд доири ҳифзу нигаҳдошти Ватан биандешад. Лозим донистам,чанд ҳарфе дар ин мавзўъ гуфта бошам. Чун ин гуфта ҳақ аст, ки ҳар нафари меҳри ватандошта, бо ханҷару тиру туфанг не, метавонад ҳатто бо як калима Ватани хешро ҳимоя созад. Аммо бо тамоми маъно дар дил доштани ин калимаи муқаддас ва ба лаб овардани он номусуғуруру виҷдонталаб мекунад.
Чун дар ин мавзўъ навиштан,аксар вақт ба гўши “ватандўстон”-и беватан намефорад ва нависандаи чунин сатрҳоро бештари ҳолат ба таҳқиру ҳақоратҳо мекашанд, инҷониб ҳам зиёд кўшидам, то даст ба ин мавзўъ назанам. Аммо…Менависам! Чаро? Ҳамон виҷдон ва ҳамон ғуруру муҳаббати Ватан маҷбурам масозад, ки қалам ба хокашкашида, чизе рўи авроқ орам.
«Барои душманонро муайян намудан, саросема нашавед, ҷанг ҳам эълон накунед, ҳамин кофист, ки фикри худро баён кунед»,- гуфтааст,Мартин Лютер, ҳомии ҳуқуқи сиёҳпўстони амрикоӣ. Бале, дар ин шабу рўзи ҳассос, ки шабакаҳои иҷтимоиро шахсони ифротӣ олудаи сафсата намудаанд, гуфтаи ҷаноби Лютерро, ки зиёда аз 50 сол қабл иброз намудааст, метавон ҷонибдорӣ кард. Оре, ҳамон ифротиёне, ки шурўъ аз соли 1990 миллатро ба як аср ақиб бурда, қудраташонро на бо шеъру сухан, на бо кумак ба мардум ва на бо рақобати мусолиматомез, балки бо тиру туфанг ва рехтани хуни мардум нишон доданд. Онҳо аз аввал мафкураи нопухтаи мардумро, ки асло ҷангро надида буд, омўхта, сипас, донистанд, ки мардум бештар ба дини ислом имон дорад, ҳамоно ин ақидаро дар сархати нақшаҳои муғризонаи хеш қарор доданд ва бо ин сўистифодаву амали зишташон ниқоби исломӣ ба рўй кашиданду амсоли «Даҷҷол»халқро ба «биҳишту ҷаҳаннами дохили пўстинашон «ихтиёр» доданд. Ин амал нишон дод, ки бародар аз дасти бародари ҳамхунаш кушта шавад ва ё духтараки моҳсириште аз ҷониби наздиконаш мавриди таҷовуз қарор гирад. Ин аст, ки мегўянд: «Ислом ба зоти худ надорад айбе...». Беибо метавон гуфт, ки дар аксар мамолики мусалмоннишин то имрўз ҳар хуни бегуноҳе рехта мешавад, ҳатман аз дасти мунофиқини дини ислом аст, ки аз номи покаш бо ҳиссиёти мардум меҷанганд. Онҳо ҳатто мунофиқ нестанд, балки душмани динанд. Дар он солҳое, ки ёдовар шудем, чи қадар бузургон аз қабили олимону шоирону нависандагон кушта, ободиҳо харобазор, кўдакон сағиру модарон овора ва бечорагон ҳиҷрат шуданд. Аз нақлҳои мардуми азиятдида мешунидам, ки чи гуна модар аз ночориву гуруснагӣ ва оворагӣ ҳатто тифли навзоди худро дар биёбон баХудо супоридааст…
Шояд ин ҳама танҳо дар навишт ва ё ба гуфтан осон намояд, вале дар асл на танҳо ба торҳои асаб, балки пардаи ҷон мехарошад… Тасаввурнокарданист!
Дар ин бора, бо яке аз дўстонам суҳбате доштам, ки гуфта буд: «Як назар ба дунёи хоинон моро огоҳ месозад, ки ин афрод аз тамоми ҷою макон, шиносу хешу ақрабоне, ки доранд, баҳри ба даст овардани манфиат сўиистифода мекунанд. Ва ҳатман дар таҷрибаи хоинии худ ба боварии наздикону пайвандон завлонаи хиёнат мезананд. Рафтору гуфтор, амалу кирдор ва муоширати аввалии хиёнатпешагон ҳеҷ вақт рўирост баёнгари разолати онҳо буда наметавонад. Вале онҳо ҳамеша ба нуқтаи охирини ҳадафи худ менигаранд ва то ба он ҷо расидан, ҳамеша аз эҳсосу боварии одамон ба нафъи худ истифода мекунанд».
Оре, чун ҳолати нохуби сартосарӣ ва рў ба рў шудани ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари азизамон-Тоҷикистон ба COVID-19, бори дигар собит намуд, ки афроди хиёнаткору хиёнатпеша ва даст ба хун олудаву дар дил ҳадафи нопокдошта, ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷҳолат нияти кору амали хуб надоранд. Ҳоло он ки, дар ин манзараи оламгир набояд манфиати хешро ба роҳ монд.
Рўзҳои охир саркардаи наҳзат мисли одати ҳамешагиаш худро сиёсатмадору хирадманд ба намоиш гузошта, дар суханрониҳои пучаш вобаста ба хатари коронавирус бисёр воҳима карда, мардумро ба таҳлука меандозад ва ҳангомаҷўёна мехоҳад, ки аҳолии кишварро ба изтироб орад. Ягона мақсади ў аз баромадҳояш ва умуман амалаш дасисаангезиву туҳматпароканӣ нисбат ба Ҳукумат ва интишор додани нобоварӣ дар байни мардум ба ояндаи неки давлат ва миллати тоҷик аст. Тарзе вонамуд мекунад, гўё талош дорад, ки дар ғами мардум аст, аммо дар асл, ба ў нооромии миллат ва харобшавии вазъияти кишвар муҳимтар аз ҳама аст. Андешаҳои ботилашисбот месозанд, ки дар чунин вазъ ў мақсадҳои касифашро татбиқ намуда истодааст. Сироятшавии ҳамватанон аз коронавирус барои ин гуна хоинон фурсати навбатист, ки истифода мекунанд, вале мардуми азиятдида аллакай таҷриба дорад ва медонад, ки Кабирӣ ва ҳамдастагонашҳамчун муллоҳои мутаассиб ва ифротгаро танҳо дар андешаву манфиати худу хоҷагонашон ҳастанд. Дар ҳоле ки машҳуртарин пажўҳишҳои кишварҳои мутараққӣ дар ростои омўзишу таҳқиқи коронавирус ҳанўз ба натиҷаи аниқе нарасидаанд, ин саркардаи наҳзат оид ба ин мавзўъ бешармона баромад мекунад ва ба Ҳукумату мардуми кишвар “тавсияҳо” додан мехоҳад.
Саркардаи наҳзатӣ, ки ҳамеша лофи ватандорӣ ва миллатдўстӣ мезанад, дар асл як қаллобу риёкори дурўғгўеро мемонад, ки бисёр ба осонӣ Ватан ва дигар муқаддасотро савдо мезанад. Барои вай танҳо манфиати моддиаш муҳим асту иҷрои супориши хоҷагонаш.
Мутаассифона, имрўз ин балвогари наҳзатӣ дар хориҷи кишвар аз ҷавобгарӣ дар назди қонун паноҳ бурда, амалҳои манфури худро зидди давлату миллати тоҷик идома медиҳад. Тавассути расонаҳои хабарӣ хабарҳои бардурўғ паҳн намуда, матолиби душманонаро бар зидди манфиати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон интишор менамояд. Бо баҳонаи хатари коронавирус мехоҳад ба вазъияти кишвар таъсири манфӣ расонда, дар ҷомеа таҳлукаю иғво барангезад ва нобоварии аҳолиро ба Ҳукумат ба миён орад. Баъзан аз амалҳову ниятҳои чунин “мардон” аз мард буданам шармам меояд. Ҳайҳот!
ҲНИ ва аъзояш агар воқеан ҳам нияти ободониву пешрафти Ватан ва ғами мардумро мехўрданд, аз ин ҳолат ҳаргиз истифода карда, манфиатҳои хешро пиёда намесохтанд, ҳарчанд, ки мардум аз амалҳояшон огоҳанду тирашон шурўъ аз соли 1990 инҷониб, ҳамоно хок мехўрад.Боре намеандешанд, ки маҳз натиҷаи амалкардаи онҳо мардуми тоҷикро бо вартаи ҷанги барордаркуш тела дод, зеро ба чунин андеша ҳаргиз қодир набуданду нестанд.
Мо хеле огаҳҳастем, ки дар мавриди ватандўстӣҳар муроҷиате ба саркардаҳои ин ҳизби террористиву ифротӣба гўши кар азон гуфтан аст, вале метавонем дар ин росто аз дигар ҷавонону ҳамватанон даъватба амал орем, ки ҳеҷ гоҳе фирефтаи доми ин хоинон нагарданд. Ояндаи худу наздиконашонро барабас надиҳанд.
Дуруст аст, ки мо баъзан мушкилиҳо дорем ва ҳеҷ кишваре наметавонад бидуни мушкилот арзи ҳастӣ дошта бошад, дар они воҳид, ки кишвари мо дар фалон мушкил печидааст, тарки ону бо хоинонаш пайвастан нишонаи на мусалмонист, на инсонӣ ва на чизе дигар. Ва бо тарки миллату Ватан ва хиёнат ба онҳеҷ гоҳе мушкилоти мо ҳалли худронамеёбад ва мо наметавонем, пас аз он зиндагии бидуни мушкилу пур аз шириниро дошта бошем. Дар ин маврид, Саул Алинский, сиёсатшинос ва арбоби ҷамъиятии Амрико ба дурустӣ гуфтааст, ки хиёнаткор ба муваффақият ноил шуда наметавонад, зеро дарҳолати хиёнат кардан ў барои хиёнати нафари дигаре замина мегузорад, ки ин аллакай шикасту номуваффақист.
Гуфтаи шоир Абдуллоҳи Раҳнамо низ дар ин маврид хеле дархўр аст:
Гузарад соати душвор, Ватанро мафурўш,
Ғами имрўз шавад пор, Ватанро мафурўш.
Пеши таърих мабодо, ки хиҷолат монӣ,
Рўҳи аҷдод мададгор, Ватанро мафурўш...
Қурбон АҲМАДЗОД