Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдати миллӣ- гарави рушди босубот

Ваҳдати миллӣ- гарави рушди босубот

25-06-2020, 12:34
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
 Ваҳдати миллӣ- гарави  рушди босубот
Воқеан, фозилон ва мутафаккирони миллатҳои гуногун перомуни аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ақидаҳои судбахш ва фармудаҳои ибратомӯз иброз намудаанд. Зеро дар ҳар сарзамине, ки дӯстиву ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, дар он ҷо, амну амонӣ ва сулҳу субот пойдор шуда, роҳи пешрафту такомул ва некуаҳволии ҷамъият таъмин мегардад. Ин раванди таърихиро дар мисоли Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имсол бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23–юмин солгарди он ҷашн гирифта мешавад, бевосита мушоҳида карда метавонем. Сарчашмаи асосии ваҳдати миллӣ аз барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 1992 баргузор гардида буд, зимнан маншаъ гирифта, пойдевори он дар тӯли солҳои мавҷуда мустаҳкаму устувор гардидааст.
Тазаккур ба ёдоварист, ки ба Президенти мамлакат эҳдо шудани мақоми нав –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат аҳли ҷомеаро то андозае мутаассир намуда буд. Гарчанде, ки аҳли сершумори миллати бонангу номуси тоҷик ин мақоми баландро ҳанӯз аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд (16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992) ва соли 1997 пас аз расидан ба истиқрори сулҳу Ваҳдати миллӣ, яъне, қатъи амалии ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш ва дастрасии нони серӣ дар дастархони мардум ва амсоли он ба ин фарзанди фарзона ва сарсупурдаю ҷонфидои Ватан муносиб медонистанд. Оре, ҳақ бар ҷониби халқ асту бас!
Ба ҷасорат ва ѓайрату матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсонист, зеро дар ҳамон замони пурталотум ва ниҳоят душвор иҷрои ин вазифаи пурмасъулият бағоят душвору гарон ва хатарнок буд. Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш маҳорату матонат ва садоқату ҷоннисории худро борҳо собит сохта, бо ҳамроҳии мардуми шарафманди кишвараш ба эҷоди давлати тозабунёди миллӣ шарафёб мегардад, ки он кору пайкори бемисл ва дастоварди беназир аст.
Мардуми заҳматкаш ва шарафманди тоҷик то ҳол дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосияи таърихӣ дар ҳузури вакилони мардумӣ дар симои халқи шарифи Тоҷикистон савганди садоқат ёд карда буд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Дар ҳақиқат, имрӯз шоҳиди он гашта метавонем, ки он суханон даъватҳои шиори сиёсӣ набуда, балки фарёди ҷонгудози як фарзанди барӯманди халқи тоҷик аст, ки дарди ҷонкоҳи ватану миллат вуҷуди ӯро саросар фаро гирифта буданд.
Бояд гуфт, ки вожаҳои Ваҳдати миллӣ ва истиқлолият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар муддати кӯтоҳ сохтори давлатро ба талаботи меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Маҳз имрӯз Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон далели раднашавандаи зафари афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Хушбахтии мардуми тоҷик маҳз дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, ҳеҷ гоҳ ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи тоҷикон аст. Новобаста аз душвориҳои зиёд неруи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон медиҳад, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созанд. Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил кайҳост, ки эътироф ва шинохта шудааст.
Дар ҳақиқат ҳам, баракати беназири Ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург ва нотакрор аст, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар гурезагон ба Ватан баргаштанд, ҳазорон кӯдакону бепарасторон ба ѓамхории давлат фаро гирифта шуда, сарпаноҳ ёфтанд, ҳазорон нафар соҳиби хонаву дар ва оилаи обод гаштанд. Инчунин, дар натиҷаи баракати Ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон, бахусус, шаҳри Душанбе маркази асосии чандин чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ мегардад. Халқи тоҷик дар муддати бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа марҳалаҳои мушкилу сангинро сарбаландона паси сар намуда, ба пешрафту такомули давлату ҷомеаи миллӣ муваффақ гардиданд. Аз ин лиҳоз, санаҳои муҳимтарини таърихиеро, ки дар тӯли бисту ҳашт соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бисту се соли Ваҳдати миллӣ, хушбахтона, насиби мо гардидаанд, онҳо саҳифаҳои рангину беназири таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбанд.
Аз ин рӯ, бо боварии комил ва камоли эҳтиром гуфта метавонем, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ гарави ягонаи пирӯзии имрӯзу фардо ва пасфардо дар низоми давлату давлатдории миллӣ ва рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор мераванд.
Б. Қурбонов, доктори илмҳои таърих профессор,
мудири кафедаи таърихи халқи тоҷик ДМТ,
Ю. Шодипур н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи
халқи тоҷик ДМТ, Аълочии маорифи Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: