Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эътирози чандин ҳазор одам дар Вашингтон, Лондон ва Берлин

Эътирози чандин ҳазор одам дар Вашингтон, Лондон ва Берлин

8-06-2020, 09:39
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Эътирози чандин ҳазор одам дар Вашингтон, Лондон ва Берлин
Ҳазорҳо сокини ИМА дар Вашингтону бештари шаҳрҳои ин кишвар бо талаби адолат дар низоми адлия ва зидди нажодпарастӣ, зиёдаравии кормандони пулис даст ба тазоҳурот заданд. Дар шаҳрҳои Аврупо низ чунин эътирозҳо анҷом шуданд ё дар ҳоли анҷомёбӣ ҳастанд.
Шаҳрдори Вашингтон Мюриэл Баузер ба далели ба гуфтаи ӯ, аз ҳад зиёд сахт будани вокуниш ба бетартибиҳо бо президенти ИМА Доналд Трамп вориди баҳс шуд. Дар роҳ ба сӯи Кохи сафед шиореро овехтанд, ки дар он навишта шудааст, "Ҳаёти сиёҳпӯстон аҳамият дорад".
Дар тазоҳуроти шоми 6 июн дар шаҳрҳои Берлин, Франкфурт-на-Майн, Мюнхен, Ҳамбург, Бонни Олмон ҳам беш аз 57 ҳазор кас иштирок карданд.
Дар Майдони порлумонии шаҳри Лондон, ки макони баргузории ҳамоишҳо аст, тазоҳурот баргузор шуд. Эътирозгарон ба хотири гиромӣ доштани Ҷорҷ Флойд, марди сиёҳпӯсте, ки дар натиҷаи боздошти бераҳмона аз сӯи пулис ҷон бохт, сари як зону истода, сипас бо номи ӯ шиорпартоӣ карданд.
Дар шаҳрҳои Брисбен, Мелбурн ва Сиднейи Австралия низ ҳазорҳо нафар ба хотири гиромӣ доштани Ҷорҷ Флойд ба кӯчаҳо баромаданд. ​Пулис Брисбен ба иштирокдорон ниқоб ва маводи зиддиуфунӣ тақсим кард. Танҳо дар ин шаҳр шумори тазоҳургарон ба 10 ҳазор мерасид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: