Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Трамп мехоҳад, барои қатъи нооромиҳо аз нерӯ истифода кунад

Трамп мехоҳад, барои қатъи нооромиҳо аз нерӯ истифода кунад

2-06-2020, 14:08
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0

Трамп мехоҳад, барои қатъи нооромиҳо аз нерӯ истифода кунадПрезиденти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, ки барои поён додан ба бетартибӣ ва яғмогариҳо, ки пас аз марги марди сиҳёпӯст ба дасти пулис дар чандин шаҳри Амрико сар заданд, аз ҳамаи имкониятҳо, ба ҷумла нерӯҳои мусаллаҳ истифода хоҳад кард.
Раҳбари ИМА гуфт, агар сарони аёлатҳо ин корро накунанд, ӯ худаш ба шаҳрҳои ноором артиш хоҳад фиристод. "Мо ба ошӯб ва бебандубориҳое, ки дар кишвар паҳн шудаанд, хотима мегузорем. Мо ҳамин ҳоло онҳоро қатъ мекунем," гуфт Трамп дар изҳороте барои матбуот дар "Боғи садбаргҳо"-и Кохи Сафед рӯзи 1-уми июн.

Трамп гуфт, ба ҳамаи аёлатҳо дастур додааст, ки барои ҷорӣ кардани тартибу низом аз нерӯҳои Горди миллии ИМА истифода кунанд. Бино бар қонунгузории Амрико, президент метавонад дар ҳолатҳои фавқулода нерӯҳои мусаллаҳро дастбакор кунад. Чунин фармон одатан, барои кумак ба амрикоиҳо ҳангоми офатҳои табиӣ мумкин аст, вале иҷрои он ҳамчунин ба иродаи ниҳодҳои федерол ва ҳукуматҳои маҳаллӣ бастагӣ дорад.

Президенти ИМА инчунин вандализм ва ғоратгариҳоро, ки 31-уми май дар Вашингтон ва дигар бахшҳои Амрико дар робита бо эътирозҳо аз марги марди африқоитабор Ҷорҷ Флойд ҳангоми боздошташ рӯзи 25-уми май дар Миннеаполиси аёлати Миннесота рух дод, шадидан маҳкум кард.

Тазоҳурот баъд аз он оғоз гирифт ва паҳн шуд, ки бино бар навори видеоӣ корманди пулис дар дастони марди сиёҳпӯст завлона мезанад ва барои беҳаракат нигаҳ доштани ӯ бо зонуяш сахт гардани Флойдро ба замин зер мекунад. Илтиҷои марди сиёҳпӯст, ки “ман нафас гирифта наметавонам” ба шиори ин тазоҳурот табдил ёфт.

Чаҳор афсари пулис, ки дар ин воқеа ширкат доштанд, аз кор ронда шуда, гумонбари асосӣ боздошт шуд ва зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гашт.

Вале норозиён мегӯянд, ин чораҳои қонеъкунанда нестанд ва ҳамчунин бахши бузурге аз мардуми ИМА аз маҳдудиятҳои марбут ба бемории ҳамагири коронвируси нав норозиянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: