Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Қалбе тавъам бо қалам

Қалбе тавъам бо қалам

22-05-2020, 08:44
Хабарро хонданд: 423 нафар
Назарҳо: 0
Қалбе тавъам бо қалам
Барои хонандагони кишвар ва берун аз он ҳоҷати муаррифии васеи Бахтиёр Муртазоев нест. Давоми фаъолияти эҷодии қариб шастсолаи худ ӯ ҳамчун публисист, тарҷумон ва нависандаи варзида маъруфият ва эътирофи хонандагони закиро ба даст овардааст. Хидматҳояш бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, ки ҷоизаи нависандагон аст, қадр шудаанд.
Ба эҷодиёти бадеӣ ӯ ҳанӯз ҳангоми донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будан пайваст, вақте бо нависанда, фолклоршинос ва кишваршиноси қирғиз Тойтӯра Ботирқулов аз забони асл қиссаи Чингиз Айтматов «Роҳи Каҳкашон»-ро тарҷума карда буд.
Дар замони худ рӯзноманигори ҷӯёву пӯянда Бахтиёри Муртазо, тамоми нозукиҳои кори рӯзномаро аз худ карда, ба сифати муҳаррири нашрияи ҷавонон на танҳо тамоми ҷумҳуриро дидан кард, балки ба бисёр сохтмонҳои бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба монанди БАМ (Шоҳроҳи Байкалу Амур) ва дигар иншоот сафар кард, ки натиҷаи он силсилаи очеркҳои ҷолиби проблемавӣ, сафарӣ ва портретӣ, ба монанди «Чанор дар Солон» буд, ки аз ҷониби хонандагон хеле хуб қабул гардиданд.
Барои адои қарзи интернатсионалистӣ дар Афғонистон ӯ бо ордени «Ситораи Сурх» сарфароз гардидааст.
Тӯли якчанд соле, ки ман сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ»-нашрияи марказии ҲХДТ будам, бо мавсуф якҷоя кор кардам. Бояд гуфт, ки ӯ нахустин сармуҳаррири ин ҳафтанома буд ва номи «Минбари халқ»-ро маҳз Бахтиёри Муртазо гузоштааст. Тӯли фаъолияти меҳнатии якҷоя ман итминони комил пайдо кардам, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ ба ӯ эътимод карда мешавад.
Мехоҳам махсусан ҷаҳонбинии васеъ ва хотираи қавии ӯро қайд кунам. Мавсуф метавонад соатҳо ашъори шоирони классик ва муосирро қироат кунад, қариб ба пуррагӣ луғатҳои русӣ-тоҷикиро аз ёд медонад, гуфтори ӯ аз мақолу маҷоз ва зарбулмасалҳои гуногун ғанӣ аст. Ҳамаи ин, албатта, ба эҷодиёти ӯ таъсир гузоштааст. Ҳар як сатри ӯ ба тири нишонрас мушобеҳ аст ва ба ҳадаф мерасад. Дар онҳо ҳолати ботинӣ ва ҳисси дарки муҳити берунаи муаллиф дида мешаванд. Душвор нест фаҳмидани ин, ки чунин ҳолат ба осонӣ ба даст намеояд, аммо, чуноне мегӯянд, «Кӯдаке, ки бо ранҷу азоб тавлид мешавад, азизтар аст».

Махсусан истеъдоди Бахтиёри Муртазо дар тарҷумаҳояш зоҳир шудааст. Бо баргардониши ӯ романи Стендал «Сурх ва сиёҳ», асари К.Паустовский «Садбарги тиллоӣ» ба дасти хонандагони тоҷик расидаанд. Агар маҷозан гӯем, ин дурдонаҳо ҳастанд, барои ҳамин осон ва «бо як нафас» хонда мешаванд. Фаъолияти тарҷумонии Бахтиёр Муртазо аз ҷониби ҳамтоён, ҳатто худи Сотим Улуғзода қадр шудаанд.
Вақте чанд сол пеш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии анъанавӣ бо аҳли зиё аз онҳо даъват ба амал овард, ки таърихнигори давр бошанд, дар каломи бадеъ образи муосиронро таҷассум кунанд, Бахтиёри Муртазо дарҳол ин пешниҳоди Сарвари давлатро қабул кард. Натиҷаи заҳматаш роман-хроникаи бахшида ба сохтмони нақби «Истиқлол» гардид. Ҳоло нависандаи пӯянда сари асаре кор мекунад, ки ба иншооти аср-НБО «Роғун» бахшида шудааст. Ин намунаи ватандӯстии аслӣ, хоҳиши сидқан гузоштани саҳми худ ба даврони нав, исбот кардани он, ки ниҳоли зиндагӣ ҳамешабаҳор аст.
Имрӯз дӯст ва ҳамкори мо ба синни 80 қадам мениҳад, ҳарчанд неру ва зарфияти ӯро дида, душвор аст чунин тасаввур кардан. Моро он чи шод мекунад, ки ӯ ҳоло қаламашро як сӯ гузоштанӣ нест, ҳоло зиёд нақшаҳои эҷодӣ дорад. Мо таманнои онро дорем, ки ин нақшаҳои Бахтиёри Муртазо ба хурсандии хонандагон ва мо, дӯстонаш, ҷомаи амал бипӯшанд. Барои рӯзноманигор ва адиби шинохтаву сермаҳсул ва дӯсти азизамон амалӣ тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорем.
Мансур Суруш
Аз русӣ тарҷумаи Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: