Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қудрат ҳама з-иттифоқ хезад

Қудрат ҳама з-иттифоқ хезад

15-05-2020, 12:09
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
                          Қудрат ҳама з-иттифоқ хезад
Бале, қудратмандии ҳар давлат ва миллат дар иттиҳоду ҳамбастагӣ аст ва ин маъниро бо назардошти вазъи буҳронии ҷаҳон ба асари хуруҷи сирояти бемории вогири коронавирус ва ё COBID-19, ки ахиран дар Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар чунин баён доштанд: “Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ѓамхору меҳрубон бошем”.
Ин дастур, ки аз меҳру ихлоси самимӣ ва масъулият дар назди миллат ва давлат сарчашма мегирад, имрӯз бояд шиори ҳар шахсе бошад, ки ин обу хоки муқаддас, ин сарзамин барояш азиз аст, ба имрӯз ва фардои пурсаодати он эътимод дорад. Ваҳдати воқеӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат, дастгирии иқдомоти Ҳукумати мамлакат ҷиҳати коҳиш додани сирояти ин беморӣ, бо талафоти кам бартараф кардани он вазифаи ҷонӣ ва имонии ҳар кадоми мо аст. Бо камоли масъулият изҳор медорам, ки аъзо ва ҷонибдорони сершумори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳамин шумул ҳастанд. Инро бо мисолҳои зиёде метавон собит намуд.
Чанд рӯз қабл,-баъди эълони дар Тоҷикистон ба қайд гирифтани сирояти ин беморӣ, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонро ба зону нишонидааст ва то ҳанӯз усули табобат ва барҳам задани онро пайдо накардаанд, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроия пешниҳод намуданд, ки дар назди Кумиҷроия хазинаи мубориза бо COBID-19 таъсис намоем ва нахустин шуда, ба он 30 дарсади маоши моҳонаашонро интиқол доданд. Ҳамин тавр , мо баробари роҳандозии густурдаи корҳои тарѓиботӣ, ки бо дастури Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ҳанӯз моҳе қабл шурӯъ намуда будем, ба кори амалӣ пардохтем. Хушбахтона, ин иқдоми моро нахустин шуда, вакилони Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, Меъроҷ Худойназаров, Қурбонмурод Усмонов, Сабоҳиддин Ҷумъаев, Далер Насриддинов, Саъдулло Иноятов ва Ҳусниддин Сиддиқов, ки аз ҷониби конфронси ташкилоти шаҳрии ҳизб пешбарӣ шуда буданд, дастгирӣ намуданд. Бо саҳмгузории онҳо ба маблаѓи шаш ҳазор сомонӣ 30 маҷмӯъ либосҳои махсуси тиббӣ ва як миқдор ниқобҳои тиббӣ харидорӣ ва ба бемористони марказии шаҳр тақдим карда шуд. Бо иқдоми кумиҷроия, дастгирии аъзои кумиҷроия, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ ва яке аз ҳизбиёни фаъол, сарвари намояндагии ширкати мобилии “ ТСЕЛЛ” Абулҳай Абулҳаев бо пешниҳоди ситоди шаҳрии мубориза бо СОВID-19 ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Лоиқ Шералӣ, Ёрӣ, Амондара Саразм , Чинор, Халифа Ҳасан ва Хурмӣ чор ҳазор ниқобҳои тиббӣ тақдим карда шуд.
Тадбири дигаре, ки кумиҷроия ин ҳафта роҳандозӣ намуд, низ аз ҷониби табибон ва беморон хуш пазируфта шуд. Барои сад нафар кормандони тиб ва беморони табобатгоҳи амрози сироятӣ ва бемористони ҷамоати деҳоти Саразм, ки барои қабулу табобати беморон бо аломатҳои коронавирус муҷаҳҳаз шудаанд, кумиҷроия хӯроки гарм расонд. Воқеан, имрӯз духтурон, ҳамшираҳои шафқат, дигар кормандони тиб дар сафи пеши мубориза бо ин вабои аср қарор доранд ва хидмати онҳо ба ҳар гуна подошу дастгирӣ арзанда аст. Мо низ талош мекунем дар мубориза бо ин амрози фарогир ҳамеша дар паҳлӯи онҳо бошем.
Саҳмгузории Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб бо ин анҷом намеёбад. Тавре зикр шуд, беш аз як моҳ аст, гурӯҳҳои тарѓиботӣ, ки ба онҳо кормандони масъули кумиҷроия, мутахассисони Маркази назорати давлатии беҳдоштӣ, табибон, ихтиёриёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан” шомиланд, дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр , ҷамоатҳои деҳот хона ба хона гашта, дар суҳбатҳо дар мавзеъҳои серодам ба мардум риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ, масофаи байниҳамдигарӣ, бе зарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан, истеъмоли ѓизои солимро, ки барои пешгирии сирояти ин беморӣ ҳатмӣ дониста мешаванд, тарѓиб намуда, беш аз 10 ҳазор варақаҳои тарѓиботро, ки аз Кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятии ҳизб дастрас гардиданд ва аз ҷониби Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб низ таҳия ва нашр карда шуданд, инчунин як миқдор ниқобҳои тиббӣ тақсим шуданд. Ин корҳо ҳамарӯза идома меёбанд. Ҳангоми ин мулоқоту суҳбатҳо ҳамчунин муҳтавои дастури Пешвои миллат ҷиҳати истифодаи босамари ҳар порча замин, омодагӣ ба кишти такрорӣ, гирифтани 2-3 ҳосил, ки омили муҳими таъмини амнияти озуқавории ҳар оила аст, фаҳмонида мешавад. Дар амалӣ намудани ин тадбирҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, узви кумиҷроия, раиси шаҳр Ислом Шафеиён моро пайваста дастгирӣ мекунанд.
Тавре, табибон, мутахассисон ва ҷомеашиносон таъкид менамоянд, ба воҳима дода нашудан, бовар накардан ба овозаҳо, туҳмату буҳтон, ки бадхоҳони давлати мо аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, яке аз омилҳои афзудани масунияти ҷисм дар муқобили сирояти ин беморӣ аст. Ба ин хотир мо бо истифода аз суҳбату мулоқотҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ, ҳизбӣ, нашрияи кумиҷроия – “Фарвардин”, садою симои маҳаллӣ ба ин гуна овозаҳо, хабарҳои носаҳеҳ ва воҳимабарангез ҷавобҳои қотеъона мегардонем ва мардумро муътақид месозем, ки Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат дар ин вазъи мураккаб барои аз ин буҳрон раҳо шудан ҳама чораҳои имконпазирро рӯи даст гирифтаанд.
Воқеан, дар вазъе, ки сирояти ин бемории фарогир густариш дорад ва таҷрибаи бисёр давлатҳо низ собит намудааст, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи иқдомоти Ҳукумати мамлакат, эътимод ба гузоришу ахбори расмӣ, ба воҳима дода нашудан, саҳмгузории воқеӣ дар мубориза бо ин вабои аср, муҳимтар аз ин риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ омили муҳимтарини раҳоӣ хоҳад буд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо дар ҳамин мавқеъ қарор доранд ва он рӯз дур нест, ки мо аз ин вабо раҳо мешавем. Ба ин талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ва хиради азалии миллати сарбаланди мо эътимод мебахшад.
Мурод Шукурзода,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,
узви Маҷлиси миллии МО ҶТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: