Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ ВА ДАСТРАСӢ БА МАЪЛУМОТ

ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ ВА ДАСТРАСӢ БА МАЪЛУМОТ

15-05-2020, 11:31
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ ВА ДАСТРАСӢ БА МАЪЛУМОТ
Бояд андешаву дидгоҳҳои ғалатро тағйир диҳем
Саломатӣ неъмати бебаҳост ва мунтазам огоҳ шудан аз вазъи он, инчунин аз мутахассис дар бораи сиҳатӣ маълумот ба даст овардан қадри ин неъматро донистан аст. Аз ҷониби дигар, дастрасӣ ба маълумоти ройгон дар бораи саломатии шахсӣ ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар як инсон аст ва ҳар як фардро лозим аст, новобаста ба он ки шаҳрвандӣ дорад ё не, дар ин бора бидонад. Мутаассифона, маҳз ин паҳлуи масъала дар аксар кишварҳо гоҳе аз тарафи шаҳрвандон сарфи назар мегардад, гоҳи дигар мутахассисони масъули соҳаи тандурустӣ бо ин раванд муносибати нодуруст ё хунукназарӣ менамоянд.
Тоҷикистон ҳам, бо вуҷуди он ки аллакай 29 сол боз мустақил аст ва дар самти рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил шудааст, аз ин камбудӣ орӣ нест.
Дар ин бора дар расонаҳои ахбори кишвар матолиби зиёд ба нашр расидаанд. Ҳар яки мо зиёд мехонем ва мешунавем, ки шаҳрвандон барои ба даст овардани маълумотномаи тиббӣ, ҳарчанд барои ташхис маблағи расман муқарраршударо ба хазинаи марказҳои саломатӣ пардохт мекунанд, боз водор мешаванд, «ҳаққи хизмат»-и духтуреро, ки корҳои маълумотномагириро барояшон «тахт» кардаанд, бидиҳанд. Бо чунин усули кор ва муносибат мумкин аст, кормандони соҳаи тандурустӣ баъзе аз ҳуқуқи касбӣ ва ваколатҳояшонро дар назди бемор аз даст диҳанд. Албатта, ин ҳолат (яъне «такудав» барои гирифтани маълумотнома ба шаҳрвандон) ба таври расмӣ иҷро намешавад, вале, вақте ки корманди тиб барои як маълумотномаро то ба дасти шаҳрванд расонидан «ҳаққи хизмат» мегирад, дар мавридҳои лозимӣ имкон дорад, ки дигар аз ҳуқуқаш дар назди корафтодагон ҳимоя карда натавонад. Зеро бо гирифтани «ҳаққи хизмат» (аслан, дар қонунгузорӣ инро «пора» мегӯянд) дар назди беморон ва ё корафтодаҳо, ба қавле, «муттаҳам» аст. Ба ин монанд боз як қатор мушкилоти дигарро дар соҳаи тандурустӣ метавон ном бурд, ки ҳуқуқи шаҳрвандон поймол мегардад.
Чунин муносибатҳо, аз рӯи масъалагузориҳои ҳуқуқӣ ва қонунӣ, яъне халалдор кардани ҳуқуқи дастрасии инсон ба маълумот дар бораи саломатии шахсияш мебошад. Бо вуҷуди он ки мақомоти дахлдори Тоҷикистон пайваста барои бартараф кардани мушкилоти соҳаи тандурустӣ чораҳо меандешанд, вале ҳанӯз ҳам мавҷуд будани мушкилот ифодагари он аст, ки ё чораҳои андешидашуда дуруст татбиқ намегарданд ва ё аз ягон ҷиҳат норасоие доранд, ки наметавонанд ба ҳалли проблемаҳо мусоидат намоянд.
Солҳои охир дар кишвар барои ҳамкорӣ ва кумак дар самти барқарор кардани адолат дар ҳама гуна самту соҳаҳои фаъолият дар радифи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои Ҳукумат ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиву мустақил низ арзи ҳастӣ карданд. Фаъолияти ин гуна ниҳодҳоро, ки дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута сабти ном шудаанд ва дар баробари давлату Ҳукумат талош мекунанд, ки ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон амал намоянд, ҳам ҷомеа ва ҳам Ҳукумат хуш пазируфтаанд.
Барои ба танзим даровардани фаъолият ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаҳои ҳаёти аҳли ҷомеа иттиҳодияҳои ҷамъиятие монанди шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад, Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраро метавон ном бурд, ки аз ҷумлаи фаъолтарин ёрдамчиёни Ҳукумати Тоҷикистон дар самтҳои болозикр мебошанд. Масалан, аз ҷумлаи иқдомҳое, ки иттиҳодияҳои номбурда мунтазам мегиранд, нашри китоб, маҷаллаву брошюраҳо ва дигар намуди варақаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъҳои гуногун тибқи лоиҳаву барнома ва нақшаҳои қаблан баррасӣ ва тасдиқшуда мебошад. Воқеан, пас аз бесарусомонии даврони ҷанги шаҳрвандӣ мардуми кишвар дар баробари дигар намудҳои талафот аз донишандӯзӣ низ хеле дур монданд. Донишҳои ҳуқуқӣ ва шинохтани ҳуқуқу уҳдадориҳо, ки мутолиаи дурусту мунтазамро талаб мекунад, бе будани воситаҳои моддии омӯзиш имконнопазир аст. Маҳз ҳамин проблемароҷомеа ва Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони пас аз ҷанги шаҳрвандӣ доштанд. Бо ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба тадриҷ мушкилоти мазкур дар қатори дигар масъалаҳои он вақт бавуҷудомада ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби маблағгузориҳои ташкилот ва сармоягузорони хориҷӣ бартараф карда шуданд.
Дар шароити кунунӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон масъалаи дастрасии осон ва бидуни поймол шудани ҳуқуқ ба маълумот дар бораи вазъи саломатии шахсӣ аз мушкилоти ҳалталаб ба шумор меравад. Дар ин замина бояд тамоми неруҳои дахлдор барои ҳалли ин ва дигар мушкилоти соҳаи тандурустӣ муштарак фаъолият баранд. Ин таъкид дар қонунгузории кишвар ҳам дарҷ гардидааст. Масалан, мутобиқи моддаи 8 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мақомоти хокимияти иҷроия, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии нигаҳдории тандурустӣ дар масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ фаъолиятро ҳамоҳанг созанд.
Моддаи 38-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас ҳуқуқ ба саломатиро кафолат дода, таҳким бахшидааст. Дар банди 1-и моддаи 170-и Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин масъала зикр ёфта, саломатии шахс ба номгӯи арзишҳои шахсии ғайримоддӣ дохил карда шудааст. Ҳарчанд дар қонунгузории амалкунанда дар бораи мафҳуми мушаххаси саломатӣ батафсил гуфта нашудааст, вале мақомот ва ташкилоти марбут ба соҳаи ҳуқуқ ва қонунгузорӣ дар самти равшанӣ бахшидан ба паҳлуҳои норавшани ҳар гуна масъала фаъолияти судманд мебаранд.
Акнун шаҳрвандони кишварро танҳо зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда барои баланд бардоштан сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ самаранок истифода баранд, то ҳам аз зарарҳои гуногуни моддӣ, маънавию молӣ дур бошанд ва ҳам дар таъмини ҳама гуна адолати иҷтимоӣ бо танзим кардани ҳаёт ва муносибатҳо саҳм гузоранд. Аз тарафи дигар, ҳама гуна мақомоту муассиса ва ташкилоту иттиҳодияҳои давлативу ғайридавлатиро зарур аст, ки барои бартараф кардани мушкилоти ҳуқуқӣ дар соҳаи тиб бештар аз пештар камари ҳиммат банданд.
Мутобиқи талаботи Кодекси тандурустӣ воситаҳои асосии таъминсозии саломатӣ гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳо дар ҷои истиқомати аҳолӣ, мубориза бар зидди бемориҳо, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, расонидани хизматҳои тиббӣ ва санитарӣ, дастрасии баробарии халқ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва санитарӣ, масъулиятшиносии кормандони тиб барои сари вақт расонидани хизмати босифати тиббӣ, табобат ва барқарорсозии саломатии одамон мебошад. Ба ин тариқ, ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад.
Тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, чорабиниҳои гуногуни иҷтимоӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, илмӣ, тиббӣ, санитарию эпидемиологӣ ва дигар тадбирҳое мавҷуданд, ки барои боз ҳам ба танзим даровардан ва барқарор кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон чун патсиент давлат ба манфиати шаҳрвандонаш бояд ба амал барорад.
Муҳаққиқон ва коршиносони масоили ҳуқуқии ҳифзи саломатӣ ва дастрасӣ ба кумакҳои тиббию маълумот дар бораи вазъи саломатӣ муайян кардаанд, ки ҳар як шаҳрванд мутобиқи меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар ҳуқуқи зеринро ба саломатӣ доро мебошад: 1) Ҳуқуқ ба гирифтани ёрии касбии тиббӣ. Мутобиқи моддаи 36 Кодекси тандурустӣ шаҳрвандон ҳангоми гум кардани қобилияти корӣ ва ҳолатҳои дигар ба ёрии иҷтимоии тиббӣ (табобатӣ, ташхисӣ, пешгирикунанда ва ғайра) ҳақ доранд. Чунин ёрии пешгирикунанда бояд дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ ройгон расонида шавад. Мувофиқи нишондоди ин қонун шаҳрвандон бо ёрии таъҷилии тиббӣ дар муассисаҳои наздиктарини тиббию пешгирикунанда, сарфи назар аз тобеияти ҳудудию идоравии онҳо, бояд таъмин карда шаванд. 2). Ҳуқуқ ба таъминоти саривақтӣ бо доруворӣ тавассути бастани қарордодҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ. 3) Ҳуқуқ ба протезикунонии (ориятии) пулакӣ дар асоси қарордод. 4). Ҳуқуқ ба табобати косметологӣ дар асоси қарордод. 5). Ҳуқуқ ба донорӣ ва трансплантатсия. 6). Ҳуқуқи иштирок дар озмоиши тиббӣ. Бояд дар назар дошт, ки мутобиқи моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ қарор додани инсон манъ аст. 7). Ҳуқуқи шаҳрванд ба беҳдошти экологӣ, санитарӣ - эпидемиологӣ ва радиатсионӣ. 8). Ҳуқуқи шаҳрванд ба дастрасӣ ба маълумот дар бораи саломатӣ ва омилҳои ба саломатии ӯ таъсиррасонанда. 9). Шаҳрвандон ба талофӣ карда шудани зарари ба онҳо расонидашуда ҳангоми ташхис, озмоиш ё табобат ҳақ доранд. 10). Ҳуқуқи шаҳрванд ба муносибати инсондӯстонаи кормандони тиб, интихоби духтур ва муассисаи табобатию ташхискунанда, бо хоҳиши ӯ гузаронидани консилиум ва машваратҳо, ҳуқуқи даъват кардани адвокат барои ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда.
Меъёрҳои асосии байналмилалие, ки риояи ҳуқуқи инсонро дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ кафолат медиҳад, аз ҷониби мақомоти қарордодии Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳам оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон қонун ва барномаҳои миллии мувофиқ ба санадҳои байналмилалӣ қабул шуда истодаанд. Танҳо дар соҳаи тандурустӣқонунҳоизиёдисоҳавӣқабулгардида, барномаҳои миллӣ низ амалӣ мешаванд. Хосатан, санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ворид гардидааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1948, пас аз хотимаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон қабул шуд. Дар ин ҷанг беш аз 60 миллион сокинони кураи Замин талаф ёфта, зарари он то ҳол дар Нагасаки ва Хиросима идома дорад, ба хотири ин қурбониҳо қабул гардидани санади мазкур саривақтӣ ҳисобида шуд. Эъломияиумумииҳуқуқибашарсанадиҳатмӣнабуда, балкичунроҳнамодарташаккули қонунгузории муосир оид ба ҳуқуқи инсон нақши муайянкунанда бозидааст.
Ҳарчанд ҳоло нисбат ба солҳои нахустини даврони Истиқлолияти давлатӣ дастрасӣ ба дастгоҳҳои техникии тиббӣ бештар имконпазир шудааст, аммо дастрасӣ ба маълумот дар бораи вазъи саломатӣ дар марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳанӯз ҳам нигаронкунанда мебошад ва чорабиниву тадбирандешиҳои саривақтиву ҷиддиро талаб дорад.
Бо вуҷуди ин ҳама ҳолату вазъияте, ки гуфта шуд, воқеан метавон гуфт, ки ҷомеаиТоҷикистонбароигузаштанбанизомитабобатиибидунинақзиҳуқуқууҳдадориҳо аллакай омодааст. Танҳо аҳли ҷомеаро мебояд барои ояндаи дурахшон ва зиндагиву фаъолият дар ҷомеаи пешрафтаву муваффақтар якҷо камари ҳиммат банданд.
Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос И. Бобоҷонзода ба ин назар аст, ки бо вуҷуди кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Конститутсия ва шартномаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ, чораҳои андешидашаванда барои фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри таъминоти шароити тиббӣ, меҳнат, манзили зист, амнияти озуқаворӣ кофӣ нестанд.
Дар мамлакат дар доираи амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон якчанд мушкилиҳо вуҷуд дорад. Аз ҷумла, нобаробарии дастрасӣбахизматрасониҳо, новобастабаҷоиистиқомат, иқтисодиёт, иҷтимоиётвамақомигендерӣ, поймолнамуданиҳуқуқиякгурӯҳодамониимконияташонмаҳдуд, азҷумланашъамандон, гирифторониВНМОвағайра, вайроннамуданимеъёрҳоиэтикавасирритиббӣазтарафикормандонитиб, норасоиимутахассисонисоҳаитандурустӣ, хизматрасониҳоибесифатвағайриқаноатбахшитиббӣ, набуданимеханизмҳоимониторингиумумӣваназоратдар самти хизматрасонии нигоҳдории тандурустии умумӣ, набудани механизми васеи маълумотнокии аҳолӣ дар самти нигоҳдории тандурустии умумӣ.
Монеаҳои мавҷуда ва мушкилиҳо барои исботи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар самти нигоҳдории тандурустӣ намегузоранд, ки онҳо ба суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Дар қонунгузорӣ масъалаҳои товони зарари моддиву маънавӣ пурра карда нашудааст ва он наметавонад хароҷот ва рафъи зарарро пӯшонад. Чунки гарон будани хизматрасонии адвокат ва дар сатҳи зарурӣ тайёр набудани онҳо дар тафтишоти парвандаҳои тиббӣ, шаҳрвандон наметавонанд ҳуқуқ ба ҳимоятгар дошта бошанд. Яке аз вазифаҳои муҳим барои ҳимояи патсиентҳо ташкил намудани сохтори ҷамъиятие доир ба мониторинг мебошад, ки дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Новобаста аз мушкилоти мавҷуда ҳамаи ҳуқуқеро, ки қонунгузорӣ ба шаҳрвандон додааст, ба он маъност, ки бояд аз ҷониби масъулиндарсатҳизарурӣриоякардашаванд. Дарбаробариин, шаҳрвандонрониззарураст, кибароибаландбардоштанимаърифатиҳуқуқиашонталошварзанд. Ҳолоташкилоту муассисаҳои зиёди давлативу ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки метавонанд дар самти дастгирии шаҳрвандон доир ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ кумак намоянд. «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи ташкилотҳои ҷамъиятие мебошад, ки айни ҳол бо табибон ва ҳамшираҳои шафқат вохӯриҳои судманд мегузаронад.
Бино ба гуфти роҳбари Лигаи занони ҳуқуқшинос Қаноат Ҳомидова, ташкилоти мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара. Панҷакент ва ноҳияи Шаҳритус семинарҳои иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи патсиентҳо ва кормандони тиб дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе гузаронид, ки дар онҳо беш аз 500 нафар иштирок намуданд. Ҳангоми мубоҳиса байни коргарони тиб ва тренерон саволе ба миён омад, ки ҳимояи ҳуқуқи коргарони тиб ба кадом мақомот марбут аст ва ҳангоми зарурат бо кадом далел муроҷиат намоянд ва бегуноҳиро чӣ тавр исбот созанд. Дар навбати худ патсиентҳо савол доданд, ки кадом намуди хизматрасониҳои тиббӣ ройгон мебошанд, чунки дар гӯшаи иттилоотии марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарии ройгон маълумот вуҷуд надорад.
Дар айни замон дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқ ба саломатӣ - арзиши муҳими инсон аст» телефони таъҷилӣ (боварӣ) барои патсиентҳо, духтурон, кормандони тиб ва дигарон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар фаъолият дорад. Ба телефони боварӣ зиёда аз 400 шаҳрванд муроҷиат намудааст. Ба баъзе аз муроҷиаткунандагон барои ҳимояи ҳуқуки онҳо ҳимоятгар (адвокат) ба таври ройгон ҷудо карда шуд. Ногуфта намонад, ки ба телефони мазкур табибон ва дигар кормандони соҳа низ метавонанд занг зада, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бигиранд.
Ҳамин тариқ, дар замони муосир роҳу василаи зиёде вуҷуд дорад, ки корафтода метавонад тавассути онҳо аз ҳаққу ҳуқуқаш дифоъ кунад. Танҳо шаҳрвандонро мебояд, маърифати ҳуқуқиашонро такмил дода, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба амалҳои ғайриқонунӣ ҳатман ба мақомоти марбута муроҷиат намояд. Ҳамчунин, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, ба мисли «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавҷуданд, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ кумак мерасонанд. Аз ин рӯ, бояд бо чунин ташкилотҳо низ робитаи хуб дошт, то ҳангоми зарурат барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо аз хизматрасониҳоионҳоистифодакарда шаванд.
Азамат Дӯстов,
Ҷамшеди Сабоҳиддин
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: