Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Садри аъзами Олмон як қатор маҳдудиятҳоро бекор кард

Садри аъзами Олмон як қатор маҳдудиятҳоро бекор кард

16-04-2020, 16:00
Хабарро хонданд: 133 нафар
Назарҳо: 0
Садри аъзами Олмон як қатор маҳдудиятҳоро бекор кардСадри аъзами Олмон Ангела Меркел коҳиши тадриҷии маҳдудиятҳоеро эълом кард, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ҷорӣ шуда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳафтаи оянда фурӯшгоҳҳои дорои то 800 метри мураббаъ метавонанд, фаъолияти худро аз сар гиранд. Ҳамчунин фурӯшгоҳҳои мошину китоб, новобаста аз масоҳаташон, метавонанд, дарҳои худро дубора боз ва осорхона, китобхона, бойгонӣ, боғи ҳайвонот ва боғҳо ҳаққи иҷозати фаъолият дарёфт хоҳанд кард.

Вале бештари маҳдудиятҳо дасти кам то 3 май боқӣ мемонанд. Меркел тавсия дод, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби тиббӣ пӯшида шавад.

Дар Олмон аз 4 май мактабу сартарошхонаҳо низ метавонанд, фаъолияти худро аз сар гиранд. Вале чорабиниҳои бузурги ҷамъиятӣ ва динӣ то охирҳои моҳи август баргузор карда нахоҳанд шуд. Тарабхона, толорҳои консерт ва кинотеатрҳо баста боқӣ мемонанд.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан 127,5 ҳазор сокини Олмон ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 3200 кас ҷон бохтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: