Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бар чунин мардони олам офарин бод, офарин...

Бар чунин мардони олам офарин бод, офарин...

16-04-2020, 15:25
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Бар чунин мардони олам офарин бод, офарин...
Ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маъмулан ва ё одатан мукаллафияти собитшудаи молу амволи таърихро танҳо ҳакаме доварӣ карда метавонад, ки ҳукму қарораш одилонаву холисона ва бузургу беназир бошад. Ва ё аз дидгоҳи хирадмеҳварӣ мухотабашро агар каме оромтар бигӯем, ҳамсони ҳикмати «бузургӣ на ба синну солхӯрдагӣ, балки дар заковати гирою зарфияти қавӣ» доштан мебошад.
Албатта, пайроҳаи паймудаи се соли охири давлатсозии миллиамонро бо таваҷчуҳ ба навсозиҳои навини маркази тоҷикони олам -шаҳри Душанбе, ки имрӯз шаклу намояшро ба сурати хеле диданиву ҷолиб ҷилвагар намудааст, метавон бо сароҳат изофа намуд, ки арзишҳои таърихиамон ин масири созандагиро на ба сифати як арқоми маъмулӣ, балки ҳамчун як фасли мукаммали ифтихори бунёдкории сифатноки навин сабт хоҳанд намуд. Зеро натоиҷи чунин меъёру ҳадро ҳанӯз аз замони ҳастии башарият то ба имрӯз, на мову шумо, балки танҳо довари одилонаи замон «ВАҚТ» муайяну баҳогузорӣ карда метавонад. Шурӯъ аз масоили куҳнатарини нақлиёти ҷамъиятии сокинон то беҳбудсозии гулгашту боѓҳои муосир, бунёди хонаҳои болобаланд бо намои миллӣ ва ҳамчунин эҳёи роҳҳои навини сеқабатаю таҷдиди нақшаи генералии пойтахт аз ҷумлаи он ибтикороти муаззаме мебошанд, ки иҷрои самаранокии ин гуна созандагиҳо, мисли “офтобро ба домон пӯшонидан нашояд” аст…
Одатан, тамошову сайругашт дар табиати зебову муҳити фараҳафзо ба дилхоҳ инсон ҳузуру ҳаловат мебахшад. Насбу шинонидани намунаҳои нодири гулу буттаҳои ороишиву накҳатбор бо тарҳи муосири миллӣ бештари кӯчаву роҳрав ва гулгашту боѓҳои навбунёди пойтахти азизамонро зебу зинати хосса бахшида, боиси афзун гардидани маҷмӯи васеи сайёҳону меҳмонон ва хориҷиёни зиёд гардид. Агарчи ин тасмими муфиду иқдоми тарабафзо дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯйи даст гирифта шуда бошад ҳам, вале иҷрои ин ҳама тарҳу навгониҳои назаррабо бозую устувории рустамонаву завқи баланди зебоиофарии роҳбарияти олии шаҳрдору шаҳрофар вобастагии мустақим дорад.
Мусаллам аст, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел, Рӯзи пойтахти Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бар асоси ин муқаррарот, имсол низ ин санаи ифтихорӣ 18-уми апрели соли равон таҷлил мегардад.
Аввалин рӯйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахти кишвар ҳанӯз моҳҳои аввали соли 2017 ба амал омад, ин дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор мақоми аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии «34 travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии «Mastercard» тасдиқ намуда, ба нашр расонид. Дар ин феҳрист шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гардид. Соли 2018 бошад, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои рушди имкониятҳои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19-уми апрели соли мазкур Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Федератсияи Россия дар қисме аз нашрияҳои давриаш ба нашр расонид. Дар ин замина навгонии муассире, ки зикраш боиси таъкиди махсус аст, ин дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7-ум то 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, пойтахти кишвар ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд.
Давоми як соли охир бошад, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои сафар ва сайёҳати виртуалӣ ба осорхонаю маконҳои тамошобоби шаҳру кишварҳои ИДМ шомил гардида, айни замон бо 18 шаҳри қитъаҳои Осиёву Аврупо ва Амрикову Африқо муносибатҳои бародарона барқарор намудааст. Дар самти оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш фаро гирифтани шаҳрвандони пойтахт бошад, баҳрабардории 231 майдончаи варзишӣ ва 71 боѓу гулгашти замонавӣ рушду инкишофи соҳаҳои мазкурро ба таври бесобиқа таъмин намуда, ба марҳилаҳои сифатан нав расонид. Ҳамчунин, давоми се соли сипаришуда Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайату намояндагони корпуси дипломатии ниҳодҳои байналмилалии муқими пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ва ниҳодҳои дохилӣ, 32 мулоқоту вохӯрӣ анҷом дода, бори аввал дар таърихи давлатдории навинамон роҳбарияти олии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2019 бо сафари расмии хориҷии худ озими Ҷумҳурии ӯзбекистон гардиданд.
Албатта, таъкиду ёддошт ва ҷузъе аз далоили зикргардида, шумори аз он дастовардҳои аввалине мебошанд, ки иҷро ва амалисозиашон барои се даҳаи давлатсозии навинамон бори нахуст ба тадбиқ мерасанд. Вале нуктаи аслии муҳиме, ки дар як фурсати хеле ками вақт боиси ин ҳама комёбиву шуҳратёр шудани пойтахти маҳбубамон гардид, натиҷаи фаъолияти пурсамари ана ҳамон парвардаи мактаби мураккаби сиёсие мебошад, ки имрӯз олами башарият миллати сарбаландашро танҳо бо номи Пешвои муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд.
Инак, бо ин ҳама шарҳу тавзеҳи натиҷаҳои самараовари Рӯзи пойтахти азизамон-шаҳри Душанберо, ки аз рӯзи эҳё ва таъсиёбиаш қариб як аср сипарӣ мегардад, барои шаҳриёну шаҳрнишинон шодбош гуфта, қабл аз ҳама, ба роҳбари воломақому соҳибфитраташ - муҳтарам Рустами Эмомалӣ чунин мегӯем:
Дар ҷигардориву ҳушёрӣ шуморо мисл нест,
Бар чунин мардони олам офарин бод, офарин!


Каримзода Ҳақназар

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: