Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БИР барои хариди дастгоҳҳои тиббӣ ба Ӯзбекистон $17 млн медиҳад

БИР барои хариди дастгоҳҳои тиббӣ ба Ӯзбекистон $17 млн медиҳад

13-04-2020, 11:23
Хабарро хонданд: 135 нафар
Назарҳо: 0
БИР барои хариди дастгоҳҳои тиббӣ ба Ӯзбекистон $17 млн медиҳадБонки исломии рушд (БИР) барои хариди фаврии дастгоҳҳои тиббӣ, ки дар мубориза зидди вируси корона истифода мешаванд, ба Ӯзбекистон 17 миллион доллар медиҳад.

Ба иттилои вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон, ин маблағҳо аз маҷмуи қарзҳои кунунии БИР ҷудо шудаанд, ки қаблан барои Ӯзбекистон пешбинӣ шуда буданд.

Созиши қарзи 17-миллион долларӣ дар ҷараёни ҷаласаи видеоии рӯзи 8 апрел ҳосил шуд, ки ин ҷаласа бо иштироки ноиб-сарвазири Ӯзбекистон ва вазири сармоягузориву тиҷорати хориҷии ин кишвар Сардор Умирзоқов аз як сӯ ва сӯи дигар президенти Бонки исломии рушд Бандар Ҳаҷар баргузор гардид.

Дар поёни ҷаласа ҷонибҳо ҳамчунин ба созиш расиданд, ки БИР барои низоми ҳифзи сиҳатӣ ва кӯмак ба тиҷорати хурду миёнаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми бештар аз 140 миллион доллар сармоя ҷудо хоҳад кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: