Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суннатҳои Наврӯзӣ

Суннатҳои Наврӯзӣ

20-03-2020, 11:43
Хабарро хонданд: 2913 нафар
Назарҳо: 0
Суннатҳои  Наврӯзӣ
Наврӯз ва ҷашнгузории он яке аз суннатҳои писандидаи маъруфу машҳури тоҷикон мебошад, ки мақомаш дар адабиёти сердоманаи ғании классикӣ, фарҳанги рангину назаррабои мардуми даризабон тасвир ва ифодаи худро ёфтааст. Мардум, алалхусус, деҳқонон аз қадимулаём дар арафа ва рӯзҳои баҳорӣ – Наврӯзи бошукӯҳ таронахонӣ мекарданд, ҳамдигарро бо фаро расидани Cоли нав – Cари сол табрик гуфта, туҳфаҳо эҳдо менамуданд, русуми аҷоибро иҷро мекарданд. Дар тӯли солиёни муттамодӣ як идда мифу пешгӯиҳо низ арзи вуҷуд кардаанд, ки дар онҳо ҷаҳонбинӣ, арзу ниёз, дақиқназарӣ, орзуву омол ва кӯшишу ғайрати барзгарон, молдорон, косибон ҷиҳати рӯзгори осудаҳолона ифода гардидаанд. Мо мехоҳем танҳо роҷеъ ба баъзе шугун – пешгӯӣ ва фолу одоби халқӣ, ки марбути корҳои зироат сурат мегирифтанд, таваққуф намоем.
Мардумони Бухоро агар лаклакро, ки дар арафа ва рӯзҳои Наврӯзӣ аз ҷойҳои гарм парида меомад, аз пешаш медиданд, фоли нек мегирифтанд. Ба он муътақид буданд, ки корашон омад мекунад ва ба муроди дил хоҳанд расид. Мардум ба ашхосе, ки корашон омад кардааст, мегуфтанд:
- Ибӣ лаклака ап пешаш дидед?
Лаклак паррандаи зебою сафед, қосиди баҳору Наврӯз буда, рамзи хубию хушнӯдӣ қарор гирифтааст. Беҳуда нест, ки оид ба он шугуну тарона ва фолу пешгӯиҳо пайдо шудаанд:

Барфҳо ҳама об шаванд баҳор меояд,
Лаклак ба ҳаво қатор-қатор меояд.
Моҳи Ҳамалу Сарв ба гулҳо шукуфанд,
Булбул ба сайри лолазор меояд.


Турна низ яке аз он паррандаҳое мебошад, ки ба мардум аз фаро расидани баҳор ва Наврӯзи дилафрӯз мужда меоварад. Деҳқонони мо аз рӯи ҳолатӣ парвози он, чӣ тавр омадани соли ҷадиди деҳқониро пешгӯӣ мекарданд, фоли нек мегирифтанд. Турнаҳо, ки бо низом парвоз мекарданд, агар баланд гузаранд, деҳқонон ба таҳлука меафтоданд, ки сол қимматӣ шуда, мардум азият хоҳанд кашид. Ва агар онҳо пасту мавзун ва хомӯш бигзаранд, мардум фоли нек мегирифтанд, ки зироаташон омад мекунад ва сол серҳосил мешавад ва рӯзгорашон осуда хоҳад шуд. Чунин ақидаҳо дар таронаҳои халқӣ ва мифу пешгӯиҳои мардумии оид ба паррандаҳо ифода ва инъикос ёфтаанд:

Турна қатор меояд,
Пайки баҳор меояд.
Мавсими кор меояд,
Фасли баҳор меояд.
Дар аввали баҳорон,
Дар домани кӯҳсорон.
Турна аҷаб мепарад,
Ғазал саро мегзарад.
Турнақатор арғамчин,
Болохонадор арғамчин.

Мардуми водии Қаротегину Дарвоз фоле доштанд, ки тибқи он аввали баҳор ҳар касе бори аввал овози ғукро бишнавад, чашмонашро пӯшида, даст ба замин мениҳод. Ба дасташ сабза ояд, фоли нек мегирифт, ки сол серборон омада, зироати деҳқонӣ хуб нумӯъ мекунад, водиҳо сабзу хуррам гардида, рӯзгори мардум осуда мешавад. Ва агар ба дасти он шахс хок, санг, кулӯх меомад, фол нек намебаромад. Кас гӯё камризқ шуда, соли пешомад ҳам бефайзу баракат ва наҳс шуданаш аз эҳтимол дур набуд.Суннатҳои  Наврӯзӣ
Дар водиҳои Қаротегин, Хатлон, Дарвоз ва Ҳисор ҳамин, ки пеш аз Наврӯз раъду барқ шуду борони аввали баҳорӣ ба боридан шурӯъ кард, яке аз аҳли хонавода чумчаро аз равзан ба бом мепартофт. Сипас, баромада, медид, ки чумча чӣ хел афтодааст. Чумча агар рӯяш боз афтода бошад, ин рамзи серборонӣ, серҳосилӣ, фаровонӣ ва файзу баракат буд. Чумча пару меафтод, одамон фоли бад мегирифтанд, ки сол камборишу хушк ва камҳосил меояд. Тибқи ин рамз пару мондани даҳони чумча рамзи хушк мондани даҳони мардум будааст.
Дар Самарқанд ва гирду навоҳии он одате буд, ки ҳангоми дидани тиру камони аввалин духтарҳо занҷири дарро мегазиданд, ки то соли оянда ва тиру камони дигар дандонҳояшон дард накунанд ва мисли занҷири дар устувору қавӣ бошанд.
Дар бисёр маҳалҳои кӯҳдоман, вақте ки раъду барқ шуда, борон борад, мардум, алалхусус, ҷавонон, ба чидани хорчу қӯзақарнӣ (қӯзақандӣ) мебаромаданд. Касе қузарқарнии аввалинро, ки пайдо кард, таронаи зайлро тараннум менамуд:

Қӯзақандӣ ёрата гӯй,
Ёри чилучората гӯй.
Кампири айёрата гӯй,
Дугонаи зората гӯй.

Бо тараннуми ин қабил таронаҳо одамон табиатро афзун карданӣ мешуданд. Тибқи ақидаи ниёгон хорчу қузақарнӣ махлуқи ҷондоре пиндошта мешуданд ва мардум мехостанд, бо ин роҳ ёрони онҳоро пайдо намоянд.
Баъзе солҳо баҳор сербориш шуда, зироат ва корҳои боғдорӣ осеб медид. Мардум барои пеши офати табиатро гирифтан дегдонро тафсонда оби боронро ба он мепошиданд. Чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё пои боронро сӯхтаанд, то ки чанд мудате наояд.
Мардуми Қаротегин ва Дарвоз одате дошанд, ки он «домони офтобсӯзӣ» номида мешуд. Деҳқонон рӯзҳои аввали баҳори камофтоб ба писаре, ки дар фасли баҳор таваллуд шуда бошад, латаи кабудро дар дода мефармуданд, ки онро ба ҷои нури офтоб расидаи утоқ бимонад. Он лата бояд сӯхта хокистар мешуд. Бо ин маросим одамон гӯё домони офтоб, яъне абрҳоро месӯхтанд, ки дигар пинҳон нашаванд ва мардум аз пинҳоншавиашон азият набинанд.
Дар деҳоти водии Ҳисор дар ин маврид бачаҳо ба Офтоб муроҷиат мекарданд, ки:
Офтоб, Офтоб!
Дари осмона кушо.
Бачаякон бозӣ кунанд,
Духтаракон шодӣ кунанд.

Дар баъзе маҳалҳои дигар бачаҳо ба офтоб рӯ оварда чунин мегӯфтанд:
Офтоб, Офтоб
Биё нону ҷурғот хӯрем!

Дар Хатлон ва баъзе нуқоти дигари кишвар хурдтаракон дар ин маврид ба Офтоб мегуфтанд, ки:
Офтоб, Офтоб биё,
Кулчаву ҳалвот диҳам.

Торонаи дигаре, ки дар он парастиши Офтоб ба таври возеҳ хеле равшан ифода ёфтааст, дар байни аҳолии шаҳри Бухоро муравваҷ буд, ки «Анҷило» номида мешуд. Ва инро ҳам баъди дилбазан шудани борони бемаврид бо мақсади ҳарчи зудтар аз таги абрҳо баромада, ба мардум гармӣ ато намдани Офтоб таранум менамуданд:
Анҷилову манҷило,
Ба хаққи гумбази тилло.
Хуршедхоним фирор кун,
Нимаи биринҷа об кун.
Булӯр равад ба шаҳри дур,
Офтоб биёд ба шаҳри мо.

Дар кӯҳистони вилояти Сурхондарё ҳангоми бисёр боридани борон ва пешгирӣ намудани он аз лой кулча карда, дар танӯри тафсон хушк мекарданд. Хушк шудани лой гӯё ҳҳаворо мекушодааст ва бо ин Офтоб мебаромадааст. Дар ин маврид, тоҷикони ноҳияи Деҳнави Сурхондарё Офтобро ба навозиш ва суханони латиф даъват мекарданд:
Офтоби сари равзан,
Гоҳ торику гоҳ равшн.
Суннатҳои  Наврӯзӣ
Ба фикри мо чунин маросимҳо фарогири осори ақидаҳои қадимаи парастиши Офтоб буда, чунин таронаҳоеро ниёгони мо барои парастидан ва бузургдошти Офтобу Моҳтобро месуруданд, ки мо намунаҳои онҳоро дар «Авасто» мушоҳида мекунем. Чунин асарҳои мардумӣ ба мо ҷиҳати ба таври мутақобила тадқиқ ва барасӣ намудани осори боқимондаи қадимаи хаттӣ ва шифоҳӣ имконият медиҳанд.
Мардум соли сербориш дар водиҳои Қаротегин, Ҳисор ва Хатлонзамин аз ҳар хонаи аҳли деҳа орд ҷамъ карда, кулчаҳои хушк мепухтанд ва байни мардум қисм мекарданд.
Дар яке аз кӯчаҳои деҳа кундаҳоро оташ зада базм меоростанд ва дар атрофи гулхан мардум рақсу бозӣ менамуданд, кулчаҳо, ки гирд буданд, рамзи Офтоб ба шумор мерафтанд.
Дар водиҳои Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб дар фасли баҳор борон
наборад, мардум ба таҳлука афтода, маросиме созмон медоданд, ки он «Ашаглон» номида мешуд. Ин маросимро тоҷикони шимолӣ, алалхусус, вилояти Суғд ва баъзе деҳаҳои водии Зарафшон, сокинони Самарқанд, вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё «Сусхотун» меномиданд. Ҳангоми иҷрои маросим мардуми Хатлонзамин таронаи зайлро месуруданд:
Г
андум синачок аст,
Гандум зери хок аст.
Аз ташнагӣ ҳалок аст,
Ё раб, бидеҳ, ту борон.
Аҳли кӯҳистони марказӣ ва ҷанубу шарқӣ дар ин маврид таронаи:
Ашагулони ростина,
Оста биҷунбон остина.
Гандуми сабзум қоқ шудай,
Як бор бирезон боруна.

-ро тараннум менамуданд.
Дар байни мардум бисёр шугуну пешгӯӣ ва фолу одатҳо мавҷуданд, ки онҳо ба фаслҳои сол муталлиқ буда, қобили таҳқиқу баррасии махсус мебошанд. Масалан, деҳқонон дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣ муқаррар кардаанд, ки агар дар чилла борон биборад, зимистон бардавом шуда, сербарфу сард меояд. Аз ин рӯ, мардум гуфтаанд:
Дар чилла чу об дидӣ,
Баҳора дар хоб дидӣ.

Деҳқонони Самарқанд мушоҳида кардаанд, ки тирамоҳ барги дарахтон аз поён зард шуда ояд, зимистон сард меояд ва агар барги дарахтон аз боло зард шаванд, ин ба он далолат мекард, ки зимистон гарм мояд.
Фолу пешгӯиҳои халқӣ хеле доманадор буда, таҳқиқу баррасии онҳо барои донишмндони ақоиди давраҳои қадима, ҷаҳонбиниву афкори фалсафии ибтидоӣ аз аҳамият орӣ нестанд. Онҳо хеле ҷолиби диққатанд, ки дар тӯли қарнҳо эҷод шуда, кайфият ва таҷрибаи рӯзгори ниёгонро ҳамаҷониба акс намудаанд. Аз ин рӯ, ба таври густурда тадқиқ намуданашон аҳамияти боризи илмӣ ва маданию маърифатӣ дорад.

Рӯзии Аҳмад,
фолклоршинос
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: