Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мақомоти Ӯзбекистон талаб доранд, таблиғоту огоҳиҳо бо забони давлатӣ навишта шавад

Мақомоти Ӯзбекистон талаб доранд, таблиғоту огоҳиҳо бо забони давлатӣ навишта шавад

11-03-2020, 09:21
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Ӯзбекистон талаб доранд, таблиғоту огоҳиҳо бо забони давлатӣ навишта шавад
Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон аз навиштани таблиғоту огоҳиҳо бо забони русӣ интиқод кард.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, девони вазирони Ӯзбекистон рӯзи 9 март дар робита ба табдили номи кӯчаҳо, маҳалҳои аҳолинишин, забони таблиғоту огоҳиҳо ҷаласа баргузор кард.
Сарвазир дар ин ҷаласа номҳои ғайримантиқӣ, таблиғоти берунӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба забони ӯзбекиро танқид кард.
"Бархе аз мағозаҳо, ошхонаву тарабхонаҳои навсохт пушти дарашон бо забони русӣ менависанд, ки "Ба наздикӣ боз мешавем", "Мо кушода шудем". Ҷолиб ин аст, ки навиштани таблиғот бо забони русӣ на танҳо дар маркази шаҳрҳо, балки дар минтақаҳои дурдаст ҳам ба анъана табдил шудааст. Агар бо забони худамон нависед, касе намефаҳмад? Ва ё касе ба мағозаву тарабхонаи шумо ворид намешавад? Ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба забони давлатӣ надоранд ин одамон?", - гуфт Абдулло Орипов.
Сарвазири Ӯзбекистон гуфт, бо назардошти он ки аксари истеъмолгарони Ӯзбекистон ӯзбекзабонон ҳастанд, таблиғоту огоҳиҳо низ бояд бо забони давлатӣ сурат гиранд.
"Дар таблиғот мо пеш аз ҳама бояд авлавияти забони давлатиро таъмин кунем", - афзуд вай.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: