Таърихи 10 марти соли равон дар «Кохи афсарони» шаҳри Душанбе Маҷлиси ҷамъбастии Ситоди марказии пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ зери раёсати муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва иштироки муовинони Раиси ҲХДТ, роҳбарон ва аъзои ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ, кормандони масъули дастгоҳи ҳизб, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва аъзои ситодҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ВАО-и ҳизбӣ баргузор гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти Ситоди марказӣ, саҳми ҲХДТ, кумитаҳои иҷроия, ташкилотҳо ва фаъолони ҳизбӣ дар шаффоф, озоду демократӣ баргузор шудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва иҷрои муассири барномаи пешазинтихоботии номзадҳои он муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор дар назди ҳозирин гузориш дод.
ӯ таъкид намуд, ки вобаста ба иҷрои қарорҳои Ҷаласаи Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ то интиҳои моҳи декабри соли 2019 ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар тамоми қаламрави кишвар таъсис дода шуданд.
Нахуст масъулин ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоиди кории фаъолияти ситод муваззаф гардида, дафтари корӣ, рӯйхати аъзои ситод, ҷадвали навбатдорӣ ва нақшаи фаъолият таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Илова бар ин, дар асоси ҷадвали навбатдории ҳаррӯза аз соати 08.00 то соати 20.00аз ҳисоби аъзои Ситод навбатдорӣ ташкил карда шуд.
Фаъолияти худро Ситоди марказӣ пеш аз ҳама дар асоси нақшаи тасдиқгардида, ки он аз 25 банд иборат буда, ба роҳ монда, дар ин муддат дар ҷаласаҳои Ситод ҳисоботҳои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шунида шуда, вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз ҷумла зикр шуд, ин маъракаи муҳими сиёсӣ, чуноне ки мушоҳидони байналмилалӣҳам таъкид намуданд, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт ва ба мақомоти олии қонунбарор бештар намояндагони насли ҷавон, шахсиятҳои маълуми сиёсӣ ва дорои таҳсилоти олии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои муҳим, мутахассисони баландпоя, шахсони донишманду соҳибмаърифат ва арзанда интихоб гаштанд. Тоҷикистон барои гузаронидани ин чорабиниҳо аз таҷрибаи ғании давлатҳои демократӣ ба таври васеъ истифода намуд. Ситоди Марказии интихоботи ҲХДТ дар мувофиқат бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон шароити мусоид фароҳам овард, тогомзадҳои ҳизб озодона бо интихобкунандагони худ мулоқот гузарониданд.
Номзадҳои ҳизб дар баробари истифодаи васеъ аз ВАО-и ҳизбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз дигар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистонниз истифода намуда, дар баҳсу муколамаҳое, ки воситаҳои ахбори давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хориҷӣ доир карданд, фаъолона иштирок намуда, иттилооти воқеиро дар бораи маъракаи пешазинтихоботӣ, барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбу номзадҳои он ба самъи шаҳрвандони кишвар расониданд.
Латифзода Асрор фаъолияти гӯрӯҳи кориеро, ки дар шаҳрҳои марказии Федератсияи Россия бо муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқотҳои судманд доштанд, мусбӣ арзёбӣ кард. Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳҳои корӣзимни сафари хидматӣ дар шаҳру вилояти Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Краснодар, Новороссийск, Сочӣ, Адлер, Геленҷик, Екатерибург, Қазон, Уляновск, Челябинск, Томск, Ярославл, Переславл ва Новокузнетск бо муҳоҷирони меҳнатӣ бештар аз 90 вохӯрию мулоқот доир карданд.
Тавре, ки таъкид шуд, барномаҳои аксарият номзадон аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма гирифта, дархосту пешниҳоди шаҳрвандон низ мавриди эътибор қарор гирифта буданд.Зеро худи номзадҳо, ки як ҷузви фаъоли ҷамъият мебошанд, бо ормонҳои ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ пеш аз ҳама хоҳони таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисоди миллӣ, тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ дар кишвар будани ҷомеа огоҳанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо вориди рақобати интихоботӣ шуданд.
Бинобар омори Ситоди Марказии пешинтихоботии ҲХДТ, дар маҷмӯъ аз 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон, ки 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад, 50,4 дар сад ба тарафдории ҲХДТ раъй худро доданд.
Вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷмӯъ,47 мандати вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои панҷ соли оянда ба даст оварданд.
Дар гузориши ҷамъбастии Ситоди Марказии интихоботии ҲХДТ дар баробари дастовардҳо, баъзе аз камбудиҳои Кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ҳизбӣ низ зикр гардид.
Сипас, чанде аз раисони ситодҳои интихоботии ҳизб дар вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ низ азфаъолияти худ дар давраи омодагиҳо ва баргузории интихобот гузориш доданд.
Ҷонибек Қозибеков, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ зимни гузоришдар бораи фаъолияти Ситоди вилоятӣ ёдовар гардид, ки ҷаласаи ситод, мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон саривақт баргузор ва дар онҳо амалкардҳои ҳизб барои муаррифии номзадҳо тавзеҳ мешуд.
Ӯ бо таъкид ба хидматҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҷиҳати таъмини суботу оромии кишвар зикр кард, ки мо қадри ин неъматро дар қиёс бо вазъияти имрӯзаи Афғонистон баръало мушоҳида мекунем. Дар кишваре, ки муддати панҷ моҳ бинобар нооромию нотифоқии нерӯҳои сиёсӣ натавонистанд, натиҷаҳои интихоботии президентии худро эълон кунанд, имрӯз низ вазъ ноором аст.
Мавсуф ҳамчунин ёдоварӣ кард,вақти сафар ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи ситод, онҳо дар роҳи марзӣ бо Афғонистон бинобар ҷанги гурӯҳҳои мухолиф дар деҳаи Рузвайи Афғонистон соатҳо интизор монданд, ки муноқишаи гурӯҳҳои мусаллаҳи афғон дар он сӯи дарё хотима ёбаду онҳо баъд аз таъмини амният роҳашонро ба сӯи пойтахти кишвар идома бидиҳанд.
Дар мавриди фазои идонаи вилоят дар рӯзи интихобот гуфт, дар ҳамаи участкаҳои овоздиҳӣ кори комиссияҳо соати 6-и саҳар бо садои мусиқӣ оғоз ёфт ва чунин як фазои шодию хурсандӣ то поёни рӯз давом кард.
Миралиён Қиёмиддин -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ситоди вилоятии пешазинтихоботии ҳизб, интихоботи гузаштаро саҳифаи нави сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони озод унвон карда,дар давраи омодагиҳо ба интихобот 146 ҷаласаи ситоди вилоятӣ ҷаласаҳои шаҳриву ноҳиявӣ доир шуданд.
Мавсуф ёдоварӣ кард, ки дар шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо бинобар ҷойгиршавии ҷуғорофӣ гоҳе, 300- 400 нафар овоздиҳанда ва баъзан бинобар дури роҳ 10 – 20 нафар иштирок мекарданд, аммо дар ҳама ҳолат ҳам вохӯрии фаъолони ҳизбу номзадҳояш пурмазмуну хотирмон доир мегардид. Дар доираи омодагӣ ба интихобот дар маркази вилоят бо иштироки зиёда аз 8ҳазору 500 нафар аксияи таблиғотии ҳизб доирва дар он нуктаҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии ҳизб баён гардид.
Раиси ситоди вилоятии ҳизб, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода дар суханронии хеш ёдовар шуд, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявӣ-сиёсӣ ба таври шаффофу демократӣ доир шуда, бо ба даст овардани аксари овози интихобкунандагон пирӯзии ҲХДТ таъмин гардид.
ӯ афзуд, натиҷаи интихобот, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор шуд, бори дигар собит кард, ки мардум ба нерӯи фардосози ҲХДТ эътимод дошта, ғояҳои онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Номбурда зикр намуд, ки ҲХДТ бо барномаи дурбинона ва созанда, ки рушди тамоми самтҳои кишварро барои панҷ соли оянда дар назар доштааст, ба марҳилаи нави сиёсӣ ворид шуд. Ва номзадҳои он, ки аксаран дар интихобот пирӯзӣ ба даст оварданд, минбаъд дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Таъкид шуд, ки дар марҳилаи аввали фаъолият ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум, инчунин, омодагии ташкилотҳои ҳизбӣ 1331 семинарҳои дастурдиҳиву методӣ, вохӯриҳо доир ба маъракаи интихобот гузаронида шуданд.Аъзои гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ, ки аз зиёиён, занон, ҷавонон ва собиқадорону фаъолони ҳизб иборат буданд, дар қаламрави вилоят 1284 вохӯрӣ доир карданд, ки он қариб 200 ҳазор нафар интихобкунандагонро фаро гирифт. Дар ин вохӯриҳо Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастоварду комёбиҳои ҳизб ва номзадҳои он муаррифӣ мешуд.
Ҳамзамон, дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри тарғиби дастовардҳои ҲХДТ, ғояҳои созандаи ҳизб ва даъвати иштирокчиён ба истифодаи ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар интихобот силсилаи вохӯриҳо, ҳамоишҳои сатҳи баланд ба роҳ монда шуданд. Дар маркази вилоят ҷаласаи якҷояи Ситоди вилоятӣ ва масъулони Ситоди марказии пешазинтихоботии ҳизб бо роҳбарии Асор Латифзода – муовини Раиси ҲХДТ доир шуд.
Мувофиқ ба дастури Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳизбиро густариш бахшида, қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, 7566 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ бо ғояву ҳадафҳои ҳизбӣ фаро гирифта шуданд.
Фаъолияти васеи тарғиботиву ташвиқотӣ, вохӯриҳои рӯ ба рӯ бо мардум, аксияву чорабиниҳо, дастгирии мардум ва расидагӣ ба мушкилоту муаммоҳои ҷомеа буд, ки рӯзи интихобот аксарияти мардум ҳизб ва номзадҳои моро интихоб карданд.
Дар идома инчунин Зоир Раҳмонзода, раиси Ситоди пешазинтихботии ҳизб дар шаҳри Душанбе,Лоиқзода Қаноатшо, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки аз шаҳрҳои Новосибирск, Томск ва Новокузнетск боздид кардааст, роҳбари Ситоди вилоятии интихобот Қосими Қодир, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт РаҳматҷонМаҳмадов ва чанде аз дигар иштирокчиёни маҷлис сухан карда, зимни суханронӣпешниҳодҳояшонро бароибеҳтару хубтар баргузор гардидани чунин маъракаҳо дар оянда баён карданд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ вақти натиҷагирии маҷлис изҳор кард, бинобар фаъолияти пурсамари Ситоди марказӣ мақсадҳоеро, ки ҳизб пеш гузошта буд, дар ин маъракаи сиёсӣ ноил шуд. Аммо ҳар узви ҳизб ва ҳар масъули ҳизбӣ ин итминонро дорад, ки фаъолияти самараноки ҲХДТ дар ҷараёни омодагиҳо ба интихобот ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабти бевосита дорад.
Мо аз натиҷаи интихобот қаноатмандем, аммо ин набояд боиси фориғболии аъзо ва масъулони ҳизбамон шавад, таъкид намуд ӯ.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ бо ёдоварӣ аз Интихоботи Президентӣ, ки дар охири имсол доир мегардад, гуфт, ки мо, масъулон, Кумитаҳои иҷроия ва фаъолони ҳизб аз ҳоло бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи интихоботи гузашта ба маъракаи аз ин муҳимтар бояд тайёрӣ бинем.
Тайёрӣ ба ҷашни Наврӯз, таъсиси Ситоди созандагӣ барои ободонии шаҳру ноҳияҳо, аз пешниҳодҳое буд,ки дар ин маҷлис баён гардид.
Муовини Раиси ҲХДТ бо арзи сипос барои иштироки фаъолонаи аъзои ситод, ибрози умедворӣ кард, ки фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб, бо истифода аз таҷрибаи ҳосилшуда ба сӯи дастовардҳои бештару хубтар пеш мераванд.
Дар поёни маҷлис чанде аз шахсиятҳои фаъоли маъракаи пешаинтихоботӣ бо сипосномаҳои КИМ ҲХДТ сарфароз гардиданд.
Маҷлис дар мавриди масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул кард.
Пас аз ҷаласаи ҷамъбастии Ситоди марказӣ бо иштироки кормандони масъули Дастгоҳи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раисони КИ ҳизбии вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ баргузор шуд. Дар он муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ сухан карда, доир ба тақвияти фаъолияти ҳизб, ба кор гирифтани шеваҳои нави коммуникативӣдар маъракаҳои сиёсӣ, таъмини бештари ҳузури фаъолон ҳизбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, амалӣ намудани корҳои воқеӣ, аз қабили бунёди майдончаҳои варзишӣ ва объектҳои иҷтимоӣ дастурҳо дод.
Солеҳ Юсуфов