Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Зиндагӣ арсаи муборизаҳост”

“Зиндагӣ арсаи муборизаҳост”

28-02-2020, 11:38
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
“Зиндагӣ арсаи муборизаҳост”
Мусоҳибаи ихтисосии журналист Раҷаб Мирзо бо муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Хайринисо Юсуфӣ
“Тамаддун чист? Натиҷаи нуфузи занони иродатманд!”



- Хонум Юсуфӣ, сӯҳбат бо Шумо силсилаи мусоҳибаҳои ихтисосии моро бо роҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хотима мебахшад. Хеле рамзист, ки ин сӯҳбат бо аввалин бонуи сиёсатмадор аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсист. Воқеан, ҳарчанд аксари аҳолии мамлакатро занҳо ташкил медиҳанд, мо ягон нерӯи сиёсие надорем, ки раҳбариашро як бону ба зимма дошта бошад. Фикр мекунед чунин зарурат вуҷуд надорад?
- Чун ба таърихи таъсис ва фаъолияти азҳоби сиёсӣ дар дунё нигоҳи фарохтар намоем, огаҳӣ хоҳем дарёфт, ки дар саргаҳе корномаи ҳизбҳо ғолибан мардҳо қарор доштаанд. Вале ин ҳаргиз маънои ба тангно кашидани нақши занонро дар ин самт надорад. Таърих гувоҳ аст, ки як зумра бонувони ҷасоратманду соҳибиродат дар идомаи фаъолияти азҳоби сиёсӣ нақши муассир гузоштаву бо тадбиркориву хиради созандаи худ ҳамагонро ба ҳайрат овардаанд. Маълум, ки ҳадафи ҳар ҳизби сиёсӣ ба даст овардани (на ғасби) ҳокимият ва ба ин васила дар ҷомеа роҳандозӣ намудани маҷмӯи тадбиру аҳдофаш нисбат ба сохти давлатдорӣ мебошад. Албатта, дар ин самт ҳизбе комгору парчамбардор хоҳад шуд, ки азму нияташ нек, зовияи дидаш бавусъат, аъмолаш беғаразона, барномааш бунёдкорона ва созгор ба ормонҳои мардум бошад.
Ман бар он боварам, ки бонувон метавонанд дар садри азҳоби сиёсӣ бошанд, пешбариву раҳнамоӣ бикунанд, барои тантанаи адолату ҳақикату муҳаббат дар ҷомеа талош биварзанд. Ин ҷо як нукта хеле ҷолиб аст: оғози фаъолияти аксар ҳизбҳо бо гирудору баҳсу талошҳои сиёсӣ печида мебошад ва чун онҳо ин марҳиларо паси сар карда, ба татбиқи барномаашон мепардозанд, нақши бонувон дар фаъолияти ин азҳоб барҷаста мешавад, зеро занон табиатан гаравиш ба созандагиву бунёдкорӣ, осоиштагиву оростагӣ доранд. Бо ин ҳама, агар ба таҳқиқ ба соҳати таърих бингарем, хоҳем дарёфт, ки бонувони зиёде дар ҳассостарин марҳилаҳои таърих зимоми роҳбарию раҳнамоиро ба даст гирифтаву муваффақ гаштаанд. Донишманди бузург Амрсон гуфтааст: “Тамаддун чист? Натиҷаи нуфузи занони иродатманд!”
- Воқеан, раиси ҲХДТ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ишора кард, ки 40% номзадҳои ҳизбатон занҳо хоҳад буд. Ҳукумат ҳоло нишон доданист, ки ба занҳо таваҷҷӯҳи бештар дорад. Шумори мансабдоронро ҳам афзоиш доданианд. Ин таваҷҷӯҳи хос аз куҷо сарчашма мегирад: 1) аз рӯи дархости созмонҳои байналмилалист, ки солҳо боз аз Ҳукумати Тоҷикистон даъвати ҷалби бештари занҳоро ба курсиҳои ҳукуматӣ дорад?; 2) Ё ҳукумат ягон иқдоми хосеро ният кардаву ягон бонуи таъсиргузори худро ба мансабҳои калидӣ таъин карданист?
- Ин иқдоми Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҳизби мо нахуст ба хотири бартараф намудани он беадолатие, ки дар таърих, бахусус, дар кишварҳои мусалмоннишин нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои бонувон ҷой дошт, роҳандозӣ шудааст. Ба гувоҳии омор, беш аз панҷоҳ дарсади ҷомеаи моро бонувон ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо теъдоди занони соҳибмаълумот ва мутахассисони варзида на камтар аз мардон аст. Пас, мо чаро ин нерӯи тавоноро дар арсаҳои маҳдуд нигоҳ дорем ва аз он ба хотири рушду пешравии кишвар истифода накунем? Аз дигар тараф, ҳар зан дар навбати аввал модар аст ва ҳамин рисолати модарӣ онҳоро таҳрик медиҳад, ки барои фарзандони худ шароити беҳтари зиндагиро фароҳам оранд. Зану мард, ба қавли маъруф, нимаи ҳамдигаранд ва боз гуфтаанд, ки “зану марданд дар асоси зидагонӣ”. Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим, созанда ва ҳуқуқбунёд бошад, бояд дар тамоми самтҳо ин тавозунро риоя кунем.
Бо назардошти нерӯву ҷасорати бонувони кишвар бо мақсади тавсеаи ҳар чӣ бештари нуфузи онҳо ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расида буд. Фармони мазкур табадуллоти бузурги инқилобӣ дар фазои маънавии ҷомеа эҷод намуд ва фарҳанги муносибати шаҳрвандиро ба шахсият ва ҳайсияти Модар – Зан бо тамоми шавкат ва шаҳомати руҳониву инсониву иҷтимоӣ дигарбора бозгӯ намуд.
- Мушкилоти занҳо барои Шумо бояд ошно бошанд. Чун қаблан масъулиятҳое дар ин бахш доштед. Ба сифати муовини Сарвазир, раиси Кумитаи зан ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон. Яъне аз воқеиятҳо огоҳӣ доред. Хоса афзоиши талоқ ва мушкилоти хонаводагии занҳо, ки онҳоро баъзан ба худкушӣ ҳам мебарад ва шумораи занҳо аз рӯи омор дар ин маврид ҳам, мутаассифона хеле зиёд аст. Оё раҳбарияти ҲХДТ- ро, ки ҳизби ҳоким аст, ин воқеиятҳо ба ташвиш намеорад?
- Агар таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки дар асноди расмиву барномавии ҳизби мо ба ҳалли ин мушкилот таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода шудааст. Аслан, аъмоли мазкур рухдодҳои тозападид нестанд, реша ба умқи таърих доранд. Аммо ин мушкилӣ таҳти таъсири хатарҳои муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳанги суннатии халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла, миллати мо таъсири манфӣ мерасонад, имрӯз бештар ба назар мерасад. Ин ҳолатҳо сабабҳои объективии худро доранд. Ҷомеаи кишварҳои ховарзамин бештар мардсолорӣ буда, мутаассифона, дар оилаҳои мардуми Шарқ то ҳанӯз нақзи ҳуқуқи зан ва хушунат нисбат ба онҳо зиёд эҳсос мешавад. Мо зина ба зина дар баробари омӯзиши таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ва дар корбаст аз расму оини суннатии халқамон барномаҳоеро роҳандозӣ карда истодаем, ки ба коҳиши шиддати ин амалҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам меоранд. Муҳаббат, эҳтироми ҳамдигар ва устуворию таҳаммулпазирӣ асоси оилаи солим аст ва мо бояд ин арзишҳоро дар зеҳни мардум ҷо диҳем. Ҳар як фарди ватандӯсти тоҷик бояд дарк кунад, ки бидуни бунёди оилаи солим бунёди ҷомеаи солим, ки дар он бояд ба хушунату ҷиноят ҷой набошад, ғайриимкон аст. Вобаста ба ин масъалаи муҳим масъулини ҳизби мо дар манотиқи гуногуни кишвар бо доираи васеи мардум вохӯриву мулоқотҳои муассир баргузор намуданд ва ин амал минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
- Албатта сабабу омилҳои гуфтаи Шумо ва тадбирҳое, ки мегӯед, шояд таъсирнок бошанд. Аммо бубинед, беш аз 1 миллион (раиси ҲСДТ дар сӯҳбати ахири мо ин теъдодро ба 2,3 миллион баробар арзёбӣ кард) нафар муҳоҷири корӣ дорем, ки моҳҳо аз хонавода, аз ҳамсару тарбияи фарзанд дуранд. Гуфта мешавад, ҳудуди 500 ҳазор тоҷикистониён дар Русия шаҳрвандӣ ба баст овардаанд, ё иҷозаи иқомати расмӣ дошта, ки баъдаш барояшон шаҳрвандӣ медиҳанд. Солона то 40 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия мегирад, ки одамони аз нигоҳи иқтисодӣ фаъоланд. Бо назардошти тамоюли афзоиши 20-25 дарсадӣ дар сол, панҷ соли оянда шояд боз беш аз 300 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русия ба даст меорад. Аксари ҷавонони синни издивоҷ берун аз кишваранд. Коршиносон аз артиши 250- 300 ҳазории духтарони калонсоли бешавҳар мегӯянд. Ба шавҳар баромадан мушкили асосии духтарон дар аксари деҳоти кишвар шудааст. Пас фикр намекунед, ки сабабҳои аслӣ шояд дар дигар ҷо бошанд?
- Муҳоҷирати меҳнатӣ тамоюлест, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ва мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар саросари олам беш аз 200 млн. нафар берун аз кишвари худ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ман ҷонибдори ин тамоюл нестам, вале ин як амри табиист, ки тамоми кураи заминро фаро гирифтааст ва мо низ наметавонем аз таъсири он берун бошем. Рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба таври гуногун сурат мегирад, дар кишваре, ки аҳолии кам ва иқтисоди пешрафта дорад, ба қувваи корӣ бештар ниёз доранд, дар кишвари дигар бошад, афзоиши аҳолӣ зиёд ва аз ин боис қувваи корӣ низ афзунтар аст. Ин сабаби асосии муҳоҷирати қувваҳои корӣ ва афзоиш ёфтани муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад. Шояд ин тамоюл ба вайроншавии оилаҳо ва зиёд шудани талоқ низ таъсир расонад, вале гумон мекунам, иллати асосӣ нест. Чаро? Барои он ки аксарияти ҷавонмардони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хотири таъмини маишати оила, бунёд ё хариди манзил, бо таҳсил фаро гирифтан ва ба истилоҳи мардумӣ «оиладор» кардани фарзандонашон мераванд. Гузашта аз, ин теъдоди муҳоҷирони корӣ дар баъзе кишварҳои ҳамҷавори мо бештар ба назар мерасад, вале мушкилии талоқу бешавҳар мондани духтарон камтар аст. Вале он, ки Шумо аз қавли коршиносон “артиши 250-300 -ҳазории духтарони калонсоли бешавҳар” мегӯед, ба назарам, далели саҳеҳу воқеӣ нест, зиёдаравӣ ба мушоҳида мерасад дар ин омор.
- Дар масъалаи либосӣ миллӣ, ки мавриди баҳсҳост. Аз нигоҳи Шумо чаро пӯшиши бонувон дар ҷомеа ба як масъалаи муҳим табдил ёфт?
- Бонувон дар интихоби либос озоданд. Нафаре ба либоси аврупоӣ ва дигаре ба либоси миллӣ тарҷеҳ медиҳад. Вале ҳароина либоси миллӣ ин як ҷузъи фарҳанги мо буда, манзури Шумо, агар тарғиби либосҳои миллӣ миёни бонувон бошад, гумон мекунам боиси ҳеҷ нигаронӣ нест. Пӯшидани либоси миллӣ барои бонувони мо на амри ҳатмист, балки бештар хусусияти тавсиявӣ дорад. Ман бар он назарм, ки агар мо ба анъанаҳои ниёгонамон, ба арзишҳои миллӣ, ба фарҳангу одоби халқамон арҷ гузоштанӣ бошем, ғолибан бояд ба либоси миллӣ бартарӣ бахшем. Бисёр халқҳои олам бо либоси миллиашон шинохта мешаванд, ин гуна либос ба рамзи муҳаббат ба халқи хеш, ба ифодагари ифтихори миллӣ табдил ёфтааст. Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Турсунзода бо ҳиссиёти баланд ба бонувони тоҷик хитоб карда буданд:
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас.
“ҲХДТ зодаи тафаккури Пешвои миллат аст ва бояд раҳбараш ӯ бошад”
- Қисмати бештари саволҳои мо ба раиси ҳизбатон иртибот мегиранд ва ин табиист. Чун он кас сарварии як давлатро ба ӯҳда доранд. Дар мавриди маъруфияти бебаҳси ҷаноби президент мо шубҳа надорем. Сабабҳояш низ маълум. Аммо барои ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон кист? Чеҳра ва шахсияте, ки ба воситаи ӯ худро муаррифӣ менамояду ҷойгоҳи ҳизбии худро бештар? Ё...
- Мо - албатта - ифтихор дорем, ки чунин як шахсияти маъруф - Пешвои миллат роҳбарии ҳизбамонро ба зимма доранд ва ин бароямон масъулиятафзо ҳам ҳаст. Аслан метавон гуфт, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳаббати хоса доранд ва аз ин лиҳоз, ин Шахсияти барҷаста на танҳо муаррифгари ҳизби мо, балки ба ҳайси муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудаанд. Албатта, маъруфият ва маҳбубияти Раиси муаззами ҳизб ба обрӯю нуфузи ҳизб таъсири файзбор мерасонад ва мо, кормандони масъули ҲХДТ, пайваста кӯшиш менамоем, ки бо кору пайкори худ ба манфиати миллат, давлат ва тамоми халқҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррасеро анҷом диҳем ва собит созем, ки комёбиҳои ҳизбамон дар паҳнои сиёсат аз фаъолияти ҳар як узви он вобастагӣ дорад.
- Дар ҳамин ҳол, мухолифони сиёсии ҳизбатон мегӯянд, ки раҳбарии як ҳизби сиёсиро ба ӯҳда гирифтани Президенти Тоҷикистон ин мантиқро ба миён меорад, ки эшон намояндагӣ танҳо аз як гурӯҳи иҷтимоӣ (бигзор ҳизби аз ҳама сераъзои кишвар, ки ҳудуди 500 ҳазор нафарро фаро мегирад, аммо на 9 миллион нафар) мекунанд, на аз тамоми мамлакат ва ин мухолифати ҳуқуқӣ ҳам дорад ба моддаи 64 Конститутсияи мамлакат. Ба онҳо чӣ посух медиҳед?
- Барои посух додан ба ин суоли Шумо мо бояд нахуст ба таърихи ҲХДТ рӯ орем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, (он вақт Ҳизби Халқии Тоҷикистон унвон дошт) дар даврае таъсис ёфт, ки миллати тоҷик ба чанд гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз як тараф ҷонибдорони собиқ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ намехостанд, ки ҷилави ҳукуматро аз даст диҳанд, аз ҷониби дигар, гурӯҳ ва фирқаҳое пайдо шуданд, ки бо таҳрики нерӯҳои радикалии исломӣ мехостанд дар кишвар ҷомеаи исломиро бунёд гузоранд. Чанд ҳизбу ҳаракати дигаре, ки дар фазои сиёсии кишвар пайдо шуданд, оҳиста-оҳиста зери таъсири нерӯҳои радикалӣ қарор гирифтанд. Ҳеҷ яке аз ин нерӯҳо наметавонист, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ нисбат ба идеологияи онҳо хушбин набуд. Зарурате пеш омад, то як нерӯи тозаи сиёсӣ, ки арзишҳои милливу башариро омезиш дода, аз афкору андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа сарчашма гирад, таъсис дода шавад. Ин Ҳизби Халқии Тоҷикистон буд, ки баъдтар ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил ёфт ва мардуми кишварро тавонист зери идеологияи созандаи худ муттаҳид намояд. Ин ҳизби бузург бидуни шаку тардид зодаи тафаккури созандаи Пешвои миллат аст. Ва месазад, ки асосгузори ҳизб роҳбари он бошад, ин барои мо ифтихор ҳам ҳаст, масъулият низ. Ёдовар мешавем, ки Раиси ҳизб аз ҷониби вакилони Анҷумани ҲХДТ интихоб мешавад. Бубинед, ки имрӯз дар тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон фаъолияти роҳбари кишвар бо ҳизбаш иртиботи ногусастанӣ дорад. Фаразан фаъолияти Доналд Трамп бо Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА, фаъолияти бону Меркел бо Ҳизби сиёсии Иттиҳоди насронӣ- демократии Олмон, фаъолияти Владимир Путин бо ҳизби Единая Россия, ки пайваста дар ҷаласаҳои Шӯрои сиёсии он иштирок ва суханронӣ мекунад...
Ба ин гуна мо метавонем мисолҳои зиёд пеш орем ва ман гумон мекунам, ки Роҳбари ҲХДТ будани Пешвои миллат ва ба ин ҳизб такя карданашон ҳеҷ мушкилие барои ҷомеа эҷод намекунад, балки доираи фаъолияташонро густариш мебахшад.
- Дар маҷмӯъ, ҲХДТ ояндаи ҳизбсозиро, ки дар русӣ онро "партийное строительство" мегӯянд, дар кишвар чӣ хел мебинад? Оё ба фикратон зарурат ба таъсиси ҳизбҳои дигар ҳаст? Масалан, як замон директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, марҳум Сӯҳроб Шарипов, ки вақтҳои охири умрашон бо намояндагӣ аз ҲХДТ дар парлумон вакил буданд, мегуфтанд шояд дар мо ҳам низоми дуҳизбиро мисли Амрико баррасӣ намоянд. ҲХДТ ҳоло дар ин бора чӣ фикр дорад?
- Ин корҳо бояд ба таври табиӣ сурат гиранд. Иҷборан як ҳизбро таҳрик дода, онро дар баробари ҳизби дигар нерӯи пешрави ҷомеа кардан ғайриимкон аст. Зиндагӣ арсаи муборизаҳост. Маҷрои ҳаёт, ҳаводиси гуногун, иродаи халқ ва омилҳое ба ин гуна метавонанд боиси ба майдон омадани ҳизбе ё аз байн рафтани ҳизби дигар гарданд. Танҳо ҷонибдорӣ ва муҳаббати халқ метавонад пирӯзӣ ва пойдории як ҳизбро дар майдони сиёсат таъмин намояд. Барои ба ин мақом соҳиб шудан ҳизби сиёсӣ бояд ҳамарӯза фаъол бошад, на ин ки танҳо дар давраи интихобот аз худ дарак диҳад. Он чунон, ки мегӯянд, зиндагӣ “зарби худро озмудан” ва “як даме наёсудан” аст.
“Вакилро мардум интихоб мекунад, на раиси ҷамоат ё шаҳру ноҳия”
- Воқеан, фазои сиёсии ҳозираро интихоботӣ гуфтан хеле душвор аст. Инро ҳатто дар пойтахт мо тақрибан эҳсос намекунем. Дар минтақаҳо низ мардум шикоят доранд, ки бо номзаду барномаҳояшон шинос нестанд. Шояд ин нонсенс бошад, ки дар тамоми дунё интихобшаванда ба назди интихобкунанда меравад ва онҳоро ба қавле “безор” мекунад, аммо дар мо баръакс, мардум доди ношиносӣ мезананд. Инро ба чӣ нисбат медиҳед?
- Доир ба фаъолияти дигар ҳизбҳо ва фаъолияти номзадҳои онҳо чизе гуфта наметавонам, вале номзадҳои пешбаришудаи ҳизби мо ҳамарӯза бо интихобкунандагон на камтар аз ду мулоқот баргузор менамоянд. Ҳамаи онҳо барномаи пешазинтихоботии худро таҳия ва интишор намудаанд, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма мегирад. Дар кишвар Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ, ситодҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ фаъоланд, ки ҳар як интихобкунанда метавонад озод ба онҳо ворид шавад ва ба дилхоҳ суоли худ посух ёбад, асноди заруриро биомӯзад. Ҳизби мо дар тамоми сатҳҳо, гирифта аз вакилони маҷлиси ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо то вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъол аст. Инро мешавад, аз ҷумла, аз иттилооти радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо эҳсос кард.
- Дар бораи вакилон ҳам мардум тақрибан ҳамин фикрро доранд. Мегӯянд аксаран онҳоро намешиносем, чун онҳо танҳо ба мулоқотҳои расмие, ки ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил мекунанд, қаноат мекунанду талоши дигари мулоқот бо онҳоро надоранд. Вакилон ҳам аслан дар хидмати раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ҳастанд, чун онҳо овозро барои вакилӣ “таъмин” мекунанд. Фикр намекунед, ки ин раванди бисёр хуб нест? Ва бори Президенти Тоҷикистонро бештар мегардонад, ки мардум маҳз ба ӯ муроҷиат мекунанд ва мегӯянд, “умеди ягонаамон ба Шумост”...
- Вакил намояндаи мардум аст, на намояндаи раисони ҷамоатҳо ё шаҳру ноҳияҳо, ӯ бояд нахуст ин рисолати аслии худро дарк кунад. Раъйе, ки вакили мардумӣ мегирад, раъйи ҳар як интихобкунанда аст, на раъйи ягон мансабдор. Вакил бояд дар парлумон, қабл аз ҳама, манфиатҳои интихобкунандагони худро бо роҳи иштирок дар қабули қонунҳои ба зиндагии мардуми одӣ таъсиргузор ҳимоя кунад. Дар мулоқотҳое, ки номзадҳои ҳизби мо баргузор менамоянд, на танҳо раисони шаҳру ноҳияҳо, балки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ иштирок намекунанд. Гузашта аз ин, ҳар як номзади мо ду нақшаи мулоқот бо интихобкунандагон дорад, ки яке дар доираи мулоқоти ҳавзаҳои интихоботӣ ва дигаре дар асоси нақшаи тавъами бо созмонҳои маҳаллии ҳизбӣ тартибдодаи вакил сурат мегирад. Доир ба бахши дуюми суоли Шумо ин нуктаро таъкид карданиам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳояшон дар хитоб ба соҳибмансабон ошкоро гуфтаанд, ки агар ҳар як масъулу соҳибвазифа рисолати худро содиқона ва бо дили соф анҷом диҳад, мардум то ба Роҳбари давлат ҳеҷ гоҳ шикоят намебаранд. Мо бояд дар ин самт фаъолияти муассир дошта бошем ва камбудиҳоро вобаста ба салоҳияти худ дар маҳалҳо ҳаллу фасл намоем, ки то муҷиби муроҷиат ва додхоҳии мардум то мақомоти болоӣ нагардад. Ҳам то интихобот ва ҳам пас аз интихобот бо интихобкунандагони худ ва умуман, бо аҳли ҷомеа дар тамоми манотиқи мамлакат вохӯриву мулоқотҳо баргузор кардан барои вакилони мо ҳукми анъанаро гирифта.
- Дар идомаи саволи аз ин пеш, ҲХДТ тавсеаи ҷомеаи чандандешро дар Тоҷикистон бо назардошти фаъолияти воқеии ҳизбҳои сиёсӣ чӣ хел мебинед ва чиро, ба назари Шумо, бояд ислоҳ кунем?
- Маълум, ки бо як дарахт боғ ва ё бо як гул гулистон бунёд кардан ғайриимкон аст. Боғ дар ҳамон вақт комилу зебост, ки дар он меваҳои гуногун парвариш ёбанд ва гулистон ба ҳамон шарт фараҳбахшу муаттар аст, ки дар он гулҳои рангоранг сабзанд. Вале гоҳо дар ин боғу гулистон гиёҳҳои бегонаву зиёновар низ мерӯянд. Дар ҷомеа ҳам мисли ин аст: ҳар қадар назару андешаи созандаву гуногун бошад, ба манфиати кор аст, ба ҷуз он назару афкор, ки танҳо бар манфиати гурӯҳӣ, ба ғаразҳои шахсӣ такя мекунаду ба зарари халқу ҷомеа нигаронида шудааст.
- Бо раҳбарони аҳзоби дигар низ сӯҳбат доштем. Хулосаи ман ин аст, ки ҳамаашон дар доираи як тезис – “мубориза барои ҷои дуюм” худро фаъол мекунанд. Суоле пайдо мешавад, ки чӣ гуна аҳзобе, ки дар бораашон тақрибан чизе шунида намешуд, садди панҷфоизаро гузаштанд? Шояд ба ин савол Шумо ҷавоб надиҳед. Пас саволро ба ин тарз мемонем: ҲХДТ дар интихоботи навбатӣ кадоме аз ҳизбҳоро рақиби аслии худ мепиндорад? Ё мутмаинед, ки “ҳизби дуюм” боз ҳам ҲАТ мешавад?
- Мо ҳамаи аҳзоби сиёсиро рақиби худ мешуморем, вале бо онҳо ҳамеша дар доираи муайяннамудаи Конститутсия ва дигар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди баҳс мешавем. Ин рақобатҳо бояд дар доираи мубоҳисаҳои созанда сурат гиранд ва ба электорати сиёсӣ имкон диҳад, ки барномаи ин ё он ҳизбро озодона интихоб намоянд. Фаразан, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки ёд кардед, ҳадафаш ба кишвари пешрафтаи аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аст, ҳадафи ҳизби мо бошад, аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани кишвар аст. Бубинед, ки ҳароина дар назару андешаҳои ин ду ҳизб фарқияти бунёдӣ вуҷуд дорад. Мо бар онем, ки фаъолияти ҳамаи ҳизбҳо дар маҷмӯъ ба пешрафти ҷумҳурӣ, ба шукуфоии ҳарчӣ бештари Ватани маҳбубамон мусоидат намояд.
- Шакли баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон то соли 2010 бештар аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии рақибатон ҳамеша интиқод мешуд. Дар ин баробар нозирони байналмилалӣ ҳам. Ҳоло рақибонатон метавонанд чандон норозӣ набошанд, ғайр аз ҲСДТ. Шумо ба танқиди онҳо чӣ посух медиҳед?
- Муовини аввали Раиси ҲХДТ, муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ дар яке аз навиштаҳои худ, ки дар ҳафтаномаи “Минбари халқ” нашр шуд, ишора намуданд, ки мутаассифона, на ҳамаи нозирони байналмилалӣ ба интихоботи мо назари мунсифона даранд. Аз натиҷаи интихоботи кишварҳое, ки дар фазои ҷангу хушунат, таҳти фишори нерӯҳои мусаллаҳ баргузор мегардад, хушбин ҳастанд, вале ба маъракаи интихоботии кишвари мо, ки дар фазои амну ором баргузор мегардад, баҳои манфӣ медиҳанд. Вокуниш нишон додан ба эрод ва танқиди ҳизбҳои сиёсӣ вазифаи Комиссияи марказии интихобот аст. Вале мо низ омода ҳастем, ки ба эродҳои ба мо дахлдори ҳизбҳои сиёсӣ бо далелҳои мӯътамад посух гӯем. Саъдии бузургвор фармудааст:
Дило, гар кунӣ ростӣ ихтиёр,
Шавад халқи дунё туро дӯстдор.
“Рузвелтро ҳам барои дур шуданаш аз арзишҳои демократӣ интиқод карда буданд”
- Оё ҲХДТ дар баробари сиёсати феълии маҳдуд кардани озодии баён, ки журналистони мустақил ва созмонҳои ватаниву байналмилалӣ мегӯянд, масъулият эҳсос мекунад ва онро ба чӣ нисбат медиҳад?
- Ман гумон намекунам, ки дар кишвари мо маҳдудияти озодии баён вуҷуд дошта бошад. Бубинед, ки Шумо ба ҳайси як журналисти мустақил бо банда, ки айни замон Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Муовини Раиси ҲХДТ ҳастам, озод суҳбат анҷом медиҳед ва дилхоҳ суолатонро пеш меоред. Магар ин далели озодии баён нест? Ва боз, аз тақрибан 500 ВАО, ки дар кишвари мо фаъолият доранд, бахши бештари онҳо хусусианд ва метавонанд дар дилхоҳ мавзӯъ матлабҳои интиқодӣ нашр намоянд, ки ин низ аз озодии баён дар кишвари мо далолат мекунад. Ба андешаи ман, дар замоне, ки технологияҳои муосири иттилоотӣ дастраси оммаанд, маҳдуд намудани озодии баён комилан ғайриимкон аст. Ин маврид ман танҳо таманнои онро дорам, ки қаламкашон дар ҳама навиштаҳои худ аз озодии баён сӯистифода накунанд, ба одобу ҳусни баён риоя намоянд, сухан бо далелу санҷида бигӯянд.
- Воқеан, гуфта мешавад нашрияи ҳизбиатон “Минбари халқ”, ки асоси сарчашмаи даромади ҳизб ва асбоби асосии тарғиби ҳизб аст, дар муқоиса бо дигар нашрияҳо вазъи на он қадар хуб дорад. Кормандон аз маоши кам шикоят доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки сертиражтарин нашрияи Тоҷикистон аст...
- Дар бораи вазъи пешинаи нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” чизе гуфтанӣ нестам. Вале баъд аз ба кор ворид шудани роҳбарияти нав доир ба ин масъала муовини якуми Раиси ҲХДТ, муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ бо сардабири ҳафтанома Бахтиёр Ҳамдамов чанд мулоқот доштанд ва оид ба беҳтар намудани фаъолияти ҳафтанома ва аҳли эҷоди он сӯҳбатҳо баргузор гардид. Феълан дар асоси пешниҳоди сардабир ба хотири такмили фаъолияти нашрия ба сохтори штатии ҳафтанома баъзе тағйирот дароварда шуд. Маоши рӯзноманигорони ҳафтанома дар сатҳи маоши кормандони дастгоҳи ҳизб буда, мукофотпулиҳо низ баробар пардохта мешаванд. Ғайр аз, ин ба таври илова барои матлабҳои навиштаи рӯзноманигорон ҳаққи қалам пардохта мешавад. Роҳбарияти ҳизб хуб дарк мекунад, ки дар замони муборизаҳои шадиди иттилоотӣ дастгирии ВАО-и ҳизбӣ бояд дар сатҳи баланд қарор гирад. Мо дар ин маврид баъзе тасмимҳо дорем, ки барои боз ҳам беҳтар шудани шароити кору эҷоди ҳамкасбони Шумо дар ояндаи наздик амалӣ намоем.
- Роҳбарияти ҲХДТ борҳо гуфтаанд, ки мафҳуми демократия ва бунёди давлати демократӣ барои мо вожаҳои нав мебошанд. Президент ҳам чанд бор гуфт, ки мо бояд қолаби демократии кишварҳои пешрафтаро айнан нусхабардорӣ накунем. “Демократияи хос” ба мо чӣ буда метавонад?
- Президенти ИМА Франклин Рузвелт барои баровардани иқтисодиёти кишвараш аз “депрессияи бузург” ба баъзе иқдомҳо даст зад, ки ӯро мухолифонаш ба даст кашидан аз арзишҳои ҷомеаи демократӣ ва рӯ овардан ба иқтисоди коммунистӣ айбдор намуданд. Вале ин иқдомҳои ӯ, ки вобаста ба вазъияти муайян роҳандозӣ шуда буданд, натиҷаҳои хуб доданд ва иқтисодиёти заифи ИМА дар фурсати хеле кӯтоҳ тавоно шуд. Аз ҳамин гуна иқдоми Сарвазири Сингапур Ли Куан Ю ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ден Сяо Пин мухолифонашон ва ҳатто баъзе кишварҳои Аврупо хушбин набуданд. Вале вақт собит намуд, ки танҳо ҳамин гуна иқдомҳои ғайримуқаррарӣ тавонистанд кишварро аз вартаи инқироз раҳо бахшанд. Мо албатта ҷонибдори арзишҳои демократием, вале бояд онро на бошитобу насанҷида, балки зина ба зина ва вобаста ба арзишҳои миллӣ, имконоти мавҷуда, одобу фарҳаги мардумӣ ва вазъи сиёсиву иқтисодии худ татбиқ намоем.
“Ҳатто дар Фаронса мардум эътироз мекунанд”
- Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар соли 2015: «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ном дошт. Ҳоло мебинем, ки бархе аз аҳзоб ба ин монанд шиор доранд. Пас фикр мекунед кадом қисматҳое аз ин барнома ҳалношуда боқӣ мондаанд, ё ин маънои бӯҳрони беғоягиро дорад?
- Ҳадафи ҳамаи корҳое, ки анҷом дода мешаванд, бояд фароҳам овардани зиндагии шоиста барои шаҳрвандон бошад. Расидан ба аҳдофе, мисли ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ба хотири таъмини зиндагии осоишта ва арзандаи халқи мост. Ҳеҷ ҳизби сиёсӣ ҳанӯз нашудааст, ки дар таърихи башарият бо барномаи зиддимардумӣ худро муаррифӣ карда бошад, магар ки баъзе аз аҳзобу ҳаракатҳои радикалӣ. Вале баҳс дар он аст, ки то кадом андоза ин ҳизбҳо иқтидори кофӣ доранд, ки бандҳои барномаашонро дар амал татбиқ кунанд. Дар дунё кишваре нест, ки мушкил надошта бошад. Ҳатто дар Фаронса, ки гаҳвораи демократия маҳсуб мешавад, мавҷи эътирози мардум, ки аз сатҳи зиндагӣ норозианд, тӯли чанд соли ахир хомӯш намешавад. Ҳизби мо низ ҳаргиз нагуфтааст, ки мушкил надорем, вале мо омодаем барои ҳалли мушкилоти мавҷуда талош варзем.
- Сулҳ. Субот. Роғун. То имрӯз ин се тезисе буд, ки ҲХДТ асоси барномаи худ ва таблиғот дар интихоботҳо қарор медод. Ҳоло ғайр аз тезиси “табдили Тоҷикистон аз модели аграрӣ -саноатӣ ба модели саноатӣ -аграрӣ”, ки ишора кардед, ҳизби ҳукмрон барои 5 соли баъдӣ чӣ дорад? Ва онро чаро муҳим мешуморад?
- Ба андешаи ман, ин се истиллоҳеро, ки ном бурдед ва онҳо дар ҷомеаи мо бо талошҳои зиёд устувор шуданд, ҳеҷ як фарди солимфикр инкор намекунад. Гумон мекунам, зарурат ба шарҳ нест, ки мо бо чӣ ҷонбозиҳо ба сулҳу субот расидем. НБО-и Роғун низ бузургтарин сохтмони аср ва бунёди он коре буд, ки дар хориҷ аз кишвар ва ҳатто баъзе коршиносон дар дохили кишвар бовар надоштанд. Вале истодагарӣ, ҷуръату талоши Роҳбари давлат буд, ки мо ба ин зудӣ шоҳиди ба истифода додани ду агрегати он гардидем. Бо роҳнамоии Пешвои миллат кореро анҷом додем, ки як давлати пуриқтидори Шӯравӣ аз бунёди он даст кашида буд. Зери истилоҳи “ба саноативу аграрӣ” табдил додани Тоҷикистон низ бунёди садҳо корхонаи саноатӣ дар назар аст, ки ба коркарди маҳсулоти ниҳоӣ машғул мешаванд ва ҳазорон нафарро бо шуғли доимӣ таъмин менамоянд.
Барномаи пешазинтихоботии мо аз 8 самт ва 30 бахш иборат буда, самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои 2020-2025 фаро мегирад. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ; сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ; рушди маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот; такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ; сиёсати ҷавонон, бонувон, варзиш, сайёҳӣ бахшҳои муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо мебошанд.
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва мушкилоти онҳо ҳамеша мавриди баҳсҳост. Мегӯянд, ки ҳоло сохтори наве ҳукумат дар назар дорад вобаста ба ин. Бо таъсиси он то куҷо мушкилоти муҳоҷирон ҳалли худро пайдо мекунад?
- Ба андешаи ман, ин тасмими хуб ва саривақтист. Таъсиси як ниҳоди махсус имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳоҷирон дар як идора ҳаллу фасл шаванд ва муҳоҷирон низ дигар маҷбур намешаванд, ки барои ҳалли мушкилоташон ба чанд ниҳод муроҷиат намоянд.
- Бархе созмонҳои иҷтимоии вобаста ба муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, ки мушкили аслии ҳукумат ин аст, ки аслан ба сохторҳои таъсисдодаи худ такя мекунад, на ба онҳо. Ин ҳам дар ҳоле, ки бисёрии вақт маҳз онҳо ба мушкили муҳоҷирон расидагӣ мекунанд. Оё вақти бархӯрди нав наомадааст?
- Новобаста аз фаъолияти ниҳодҳои масъули давлатӣ мо бо диаспора ва марказҳои фарҳангии тоҷикон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, робита дорем. Намояндагии ҳизби мо дар Федератсияи Русия фаъол аст, ки дар назди он қабулгоҳи ҷамъиятӣ барои муҳоҷирон таъсис дода шудааст. Ҳоло низ як гурӯҳи хеле бузург ба хотири мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва шунидани таклифу пешниҳоди онҳо, ҷиҳати беҳтар кардани вазъи буду боши муҳоҷирон дар Русия қарор дорад. Итминон дорам, ки натиҷаи ин сафари корӣ судманд хоҳад буд.
- Зимнан, ворид шудан ё нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё солҳо боз мавриди омӯзиши ҳукумат аст. Фикр намекунед дар посух дерӣ дорем?
- Ба андешаи ман, бидуни баррасии ҳамаҷонибаи манфиат ва зарари ин иттиҳод ба иқтисодиёти кишвар ва насанҷида ворид шудан ба он худдорӣ кардан беҳтар аст. Ҳароина, мо низ интизори хулосаи вазорату идораҳои масъул ҳастем. Ба ифодаи мардумӣ, “дер ояду дуруст ояд”.
- Фазои сармоягузорӣ низ дар Тоҷикистон беҳбудӣ мехоҳад. Президент ҳам дар ин бора борҳо норозигӣ кардааст. Барои беҳтар шудани ин фазо ҲХДТ дар барномаи худ чӣ пешниҳодоти мушаххас дорад?
- Фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар баъзе ислоҳотро дар бахши иқтисодӣ ва андозбандӣ тақозо менамояд. Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати ҶТ, ки моҳи январи соли равон баргузор гардид, инчунин, дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби Роҳбари давлат супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамчунин бо супориши Раиси мӯҳтарами ҳизб, ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя дар се соли охир дар соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудаанд.
- Соҳибкорон аз мушкилоти андоз ва бархӯрди нодурусти мақомоти андоз бо онҳо, ки пешпардохт ҳам талаб мекунанд, зиёд мегӯянд. Дар ҳамин ҳол, дар интихоботи гузашта ҳам ҲХДТ тағйиру иловаҳо ба Кодекси андозро баррасӣ кард ва дигар ҳам намуд. Аммо он ба гуфтаи соҳибкорон вазъиятро бадтар кард. Ҳоло гурӯҳи нави корӣ барои таҳияи ин кодекс машғуланд. То куҷо бовар доред, ки он вазъиятро беҳтар мекунад ва дигарбора ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз рӯ намеорем?
- Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки дар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси андоз бояд гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ низ ҷалб карда шавад. Ин имкон фароҳам меорад, ки дар таҳияи нави Кодекси андоз заминаҳои воқеии иштибоҳҳои дар кодекси пешин буда муайян ва ислоҳ карда шаванд.
- Мардум мепурсанд, ки парвозҳо бо самолёт ба хориҷи кишвар мушкил ва гарон ҳам бошанд, то ҷое танзим шудаанд. Ҳукумат солҳои рушди сайёҳи эълон мекунад, пас чаро дар фикри танзими парвози хатсайрҳои ватанӣ нестанд?
- Ин мушкилӣ низ аз ҷониби Роҳбари давлат дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати ҶТ мавриди баррасиву тадбирандешӣ қарор дода шуд. Масъулин дастур гирифтанд, ки то моҳи марти соли равон ҷиҳати паст кардани арзиши чиптаҳои ҳавопаймо ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ чораҳои ҷиддиву асосманд биандешанд.
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии
журналист Раҷаб Мирзо
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: