Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ПАЁМ ПАЙҒОМИ ПУРИФТИХОР БА НАСЛҲОИ ИМРӮЗА ВА ФАРДО

ПАЁМ ПАЙҒОМИ ПУРИФТИХОР БА НАСЛҲОИ ИМРӮЗА ВА ФАРДО

1-02-2020, 10:30
Хабарро хонданд: 470 нафар
Назарҳо: 0
ПАЁМ ПАЙҒОМИ ПУРИФТИХОР БА НАСЛҲОИ ИМРӮЗА ВА ФАРДО
Мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе, №2 аз 06.01.2020. ва нақша – чорбиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон» вохўрӣ доир гардид.
Дар он Абдураҳмон Хонов – роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Бойалӣ Ҳусейнов, номзади илмҳои равоншиносӣ, аъзои Шӯрои собиқадорони ноҳияи Фирдавсӣ, устоди ДДТТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Абдураҳмон Хонов зимни баромади хеш қайд намуд, ки Паём фарогири тамоми самтҳои муҳиму афзалиятноки кишвар буда, рушди дурнамои ин самтҳоро муайян намудааст. Мавсуф роҷеъ ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани мамлакат, дастовардҳо дар соҳаи илму маориф, боло рафтани дарозумрӣ, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ибрози андеша намуда, дар мавриди ҷойҳои намоёнро ишғол намудани Тоҷикистон дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ сухан кард.
Ҳусейнов Бойалӣ изҳор дошт, ки Паёми имсола махсус буда, бештар дар атрофи барномаи пешазинтихоботӣ, ки 7 солро дар бар мегирифт, сухан рафт. Ҳама самтҳо бо далелу асосҳои муътамаду мушахас таҳлилу баррасӣ гардида, барои рушди минбаъдаи самтҳои муҳиму афзалиятнок дастуру супоришҳо дода шуд. Ин Паём боз аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҳар деҳоте, ки то 100 ҳазор аҳолӣ дорад, бояд бунгоҳи тиббӣ, мактаб, варзишгоҳ ва дигар иншоотҳои ҳайётан муҳим сохта ба истифода дода шавад. Роҷеъ ба таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиии миллӣ, ватандӯстӣ, илму маърифат, ахлоқи ҳамида, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб-терроризму экстремизм, истифодаи бемавқеи интернет ибрози андеша намуд. Ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои пешазинтихоботӣ даъват намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: