Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Муҳити адабӣ, камоли ҳунарӣ ва рисолати нависанда

Муҳити адабӣ, камоли ҳунарӣ ва рисолати нависанда

4-11-2019, 13:40
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Муҳити адабӣ, камоли ҳунарӣ ва рисолати нависандаСатҳи камолу пешрафти адабиёт дар домани ҳар давру замоне ба шароиту тавонмандиҳои муҳити адабии он бастагӣ дорад. Дар ин миён агар матлаб шинохту маърифати адабиёти давраи хосе аз замон аст, пас лозим аст нахуст мушаххасоту барҷастагиҳо, асбобу абзори муҳитофар мавриди таҳқиқ қарор гирад.
Нерӯмандӣ, тавонҳои корсоз дар муҳити адабӣ бастагӣ ба донишу хирад, завқу салиқа, дунёи фикру андеша ва истеъдоду малакаи нависанда ё адиб дорад. Дар пайванд бо ин мавзӯъ метавон идао намуд, ки дар адабиёти муосир мо камтар ҳунарваре дорем, ки мисли шодравон Баҳром Фирӯз дар ҷомеаи адабии замонаш ҳузури комил дошта бошад.
80-сол аз умри шодравон Б.Фирӯз гузашт. Аз ин рӯ бемаврид нест агар сайре дар қаламрави корномаи адабии ӯ сурат бигирад.
Устод Баҳром Фирӯз даҳаи шастуми асри сипаришуда расман вориди майдониадабиёт шуд. Бо шеър ва нашри маҷмӯаи «Розҳои маҳтобшаб» хеле зуд ба марзи шуҳрату маҳбубият расид ва баъдан назмро канор гузошт ва насрро ҷиддӣ гирифт, ки тарҳу баррасиаш мавзӯи дигарест.
Манзури мо аз ин мухтасар ибрози андеша дар атрофи осорест, ки ба қавли худи нависанда дар атрофи «риштаҳои номашҳури адабиёт, тарғибу ташвиқ, тақризу таҳлил ва ғ…» иншо шудаанд.
Яке аз мавзӯъҳое, ки ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи эшон буда, масъалаи ҷойгоҳу мақоми нависанда дар конуни инсонист. Вазифаи адабиёт дар маҷмӯъ агар тарбияти инсон, татҳири ҷаҳони даруни ӯ, гушудани дарвозаҳои зебоӣ пеши чашми мардум бошад, дар амалисозии ин ҳадафи бузург аҳли эҷод бояд тамоми зарфияту имконоти зеҳнии хешро ба кор бигиранд. Ин кори содаву маъмулӣ нест, гузашт, ҷоннисорӣ, дурӣ аз бисёре лаззатҳои ониро иқтизо дорад.
Дар ин маврид Б. Фирӯз чунин изҳор дошта: «ҳар як ҳунарвар ҳангоми эҷод як нуқси бузурги ботини худро мебояд, ки барҳам занад. Ин нуқс вобастагии инсони эҷодкор ба шахси худ аст.
Аз худ бояд, ки бигурехт ва кулли тараддуду ташвишҳои рӯзмарра, аз хонавода, аз дӯстону ҳамнишинон, аз ҳамаи ин зоҳирнамоиҳо.Худро ва ин ҳамаро аз масофати дуртар, бо чашми дигар мебояд, ки нигарист. Он гоҳ ҳар чӣ менависед, ҳама даркорӣ муҳим ва дар мақоли худ меояд».[61]
Марҳум бештари дидгоҳҳо ва андешаҳояшро зимни баргузории мусоҳибаҳо бо донишмандии адабиёт ва намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ баён намудааст. Мурури дидгоҳҳо ва нигараҳо дар матни мусоҳибаҳову мақолоти ҷудогона гувоҳ бар ин аст, ки ӯ дар кори нависандагӣ вазифаи ҷонии ҳар адиберо дар ибрози ҳақиқат ва ҳифозати он медонад. Аз нигоҳи ӯ «мавқеи нависанда дар рӯ ба рӯи ҳодисоти ҷамъият бояд ягона бошад. Ин ҳам гуфтани ҳақиқат. Ҳунар, донишу фарҳанг-инро ҳам барои нияти қабеҳ ва фиребу нобакорӣ истифода кардан мумкин аст, вале ҳақиқатро не! Ҳақиқат ҳаргиз монеи некиву накӯкорӣ нахоҳад гашт».
Мавсуф ҳар асари тозаэҷодро ба манзалаи ҷаҳоне медонад, ки хонанда бо вуруд ба ҳарими он зиндагии дигаргунаро таҷруба мекунад.
Ба навиштаи Б.Фирӯз «агар қавлу амали адиб ба ҳам мувофиқат намекунад, ҷаҳди ӯ баробари дар ҳован обро кӯфтан аст. Ҳарфаш бетафт ва бетаъсир бармеояд».[172]
Доварӣ дар перомуни масоили инсонӣ, мардумомӯзӣ ба андешаи шодравон Б.Фирӯз ҳақки нависандаест, ки донишу фазилат, ниҳоди пок дошта, аз ҳама гуна таассубот дар канор аст.
Зимни арзёбии мақому ҷойгоҳи адабиёт, хотирнишон месозад, ки ҳадаф аз осори адабӣ дар маҷмӯъ кӯмак кардан ба мардум аст то «ӯ худро бишносад, ба нерӯи худ эътимод биафзояд, ба сӯйи адлу ҳақиқат некию некӯкорӣ майл овараду алорағми норастию нобакорӣ, дурӯғу фитна ба қиём бархезад. Адабиёт ба ҳамин минвол бояд, ки ба инсон ёридастӣ кунад, то ӯ хушбахт бошад».
Нуктаи дигаре, ки миёни андешаҳо қобили мулоҳиза аст, мавзӯи ҷасорату шуҷоат дар пешаи нависандагист. Вуҷуди ҷасорат барои касоне, ки умри хешро ба нависандагӣ пайвастаанд бисёр муҳим аст, вале ҷасоратро лозим аст аз худхоҳиву худписандӣ ва густохӣ ҷудо намуд.
«Қатрае аз садафи андеша» аз зумраи мақолоти арзишманду хондании БФирӯз ба шумор меравад. Мавзӯи ҷомеъ дар мақолаи мазкур пешаи нависандагӣ, ҳунари нависандагӣ ва аносире, ки дар зуҳуру камоли он корсозанд, мебошад. Аз дидгоҳи мавсуф яке аз шохисҳои барҷастаи нависандагӣ вуҷуди истеъдод аст, ки дар атрофаш баҳсу ҷидолҳои зиёде сурат гирифта. Касрати таълифот дар ин мавзӯъ муҷиби он шуда, ки назаргоҳҳо такрору забонзад гарданд.
Устод Б.Фирӯз барои як нависандаи соҳибистеъдод доштани сифату вижагиҳои хосеро таъкид менамояд. Ба қавли ӯ зуҳури бинишу диди тоза, каломи хушрехту зеҳнишин, фасоҳату балоғати забон вусъати назар дар баён, мантиқи устувор ва гузашта аз ин ҷанбаи нерӯманди иҷтимоӣ дар асар метавонад, нишонаҳои боризи истеъдод бошад. Сарпечӣ аз амру дастурҳои носавобу нодаркор, аз тозаҳур ва муҳим аз ҳама парҳезаз моли дигарон низ аз хамирмояҳои истеъдод аст.
Баъдан омада, ки «инсони соҳибистеъдод дорои хосиятҳои махсусест, ки баъзан ин хислати ӯ барои ашхоси атрофаш тоқатфарсо аст, зеро мардумон орому осуда, бехалал ва беташвиш зистан мехоҳанд, аммо дар фитрати марди соҳибҳунар беоромию беқарорӣ, тозаҷӯӣ, ҳаргиз қонеъ набудан аз рӯзгори худ ва дигарон, ба дурӯғ норостӣ, сохтакорӣ тан надодан махлут аст. ӯро ҳунар беш аст, имкони фаровон дорад, аз ӯ бештар бояд тақозо намуд, аммо вай низ ҳақ дорад, ки аз ҷамъият дар нисбати як фарди оддӣ бештар талаб кунад. Ҳунари адиби ҷодусуханро барои корҳои камарзиш харҷ кардан далели кӯрдилию зиёнкорӣ аст».
Ошноӣ бо таълифоти устод Б.Фирӯз гувоҳ аст, ки эшон ҳамеша аз набудани нақди солиму коргар дар адабиёти муосир изҳори нигаронӣ намудааст. Устод ҳанӯз соли 1966 дар анҷумани IX адибони Тоҷикистон қарор буд, перомуни адабиёту масоили он, аз ҷумла танқиди адабӣ суханронӣ намояд, ки мутаассифона ба далоили мухталиф ба вай имкон надоданд. Дар матни суханронӣ, ки баъди 27 сол ба нашр расид, дар атрофи вазъи нақди адабӣ ва шеваи кори мунаққидон бисёр муҳаққиқона ва бо эҳсоси масъулият сухан рафтааст. Аз ҷумла зикр гашта, ки аксари муҳаққиқон камоли шоистаи касбӣ, донишу малакаи лозимро дар нақду баррасии осори адабӣ надоранд. Навиштаҳои онҳо ағлаб хому бепоя, аз тариқи ошнобозиву хотирдорӣ таълиф шудаанд. Доир ба чопи рӯзафзуни адабиёти хому пуч, изҳори назар намуда, қайд менамояд, ки агар танқиди адабӣ ҳар як асари хомро сари вақт аз он ки муаллифаш кисту пуштибони вай кӣ ҳастсарфи назар карда, хому сақат гӯяд, ин касон дар пайи нашри хомкориҳои худ ин қадар ҷидол намекарданд».
Устод нимаи аввали солҳои ҳаштодум дар мақолаи дигаре зери унвони «Мурғи пухтагӣ чаро механдад?» вазъи нақди адабиро дар ҷомеаи адабии замон шадидан ба интиқод мегирад ва иброз медорад, ки ҳамеша нақди адабӣ аз ҷараёнҳои мавҷуди адабӣ дер мемонад. Аз диди ӯ вижагиҳои таассуфбарангези нақди мо иборат аст аз адами омодагии муқаддамотӣ, қобилияту тавони дарку малакаи таҳлилу талақӣ, биниши танг, ки иллати аслиаш надоштани донишу ошноии лозим ба осори таҳқиқиву назарӣ аст, мебошад. Ҳамаи ин муҷиби он шуда, ки ҷомеаи адабӣ бо намунаҳое беруҳу беҷон ва бетаъсири нақди адабӣ рӯ ба рӯ аст. Замон бошад иқтизо дорад то «ҳар он чи мунаққид менависад, бояд одилона, пухтаю санҷида бошад, саҳеҳ, шавқовар гиреҳгушои асари адиб бошад. Мунаққид бояд асрори ҳусни асарро барои хонанда кашф кунад». [41]
Афкори интиқодии Б.Фирӯз бар мабнои баррасиву мутолиоти насри муосир, таҳлили вазъияти айнии раванди адабиёт, шеваҳои бархурди ноқидон ба осори бадеӣ, фосилаи миёни хонандаву нависанда ба зуҳур расидаанд. Мавсуф иллати заъфу нотавонии накдро вобастан омилҳои муайяне медонад, ки муҳимтаринаш камбуди таффакури ҷомеъ, ҷаҳоншинохтӣ, дунёнигарӣ мебошад.
Устод Б.Фирӯз дар мусоҳибае ба таври мабсутперомуни тамоюлҳои насри имрӯз изҳори назар намуда, таъкид менамояд, ки рисолати насри муосир бузургу вусъатнок аст. Насри имрӯз мебояд ҳақиқати рӯзгорро, асбоби савобу носавоб, некиву зиштӣ, рӯшноӣ ва тирагӣ ва хаёту мамотро шарҳу баён диҳад.
Масъалаи арзишманди дигаре, ки дар хилоли назаргоҳҳои нависанда ҷалби назар мекунад мавзӯи забони тоҷикӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯзист, ки онро дар сатҳҳоимухталиф мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, перомуни забони китобҳои дарсӣ, махсусан забони китобҳои адабиёт, адабиёти бачагона, забони тарҷумаи осори бадеӣ изҳори нигаронӣ намудаву барои рафъи мушкилот, камбуду костаҳои забони пешниҳодоти ҷолиб арза намудааст.
Хулосаи ҷомеъе, ки аз афкори нависандаи фозил бармеояд ин аст, ки дар нерумансозии зарфиятҳои забони тоҷикӣ, густариши ҷуғрофиёи корбурди он лозим аст, ҳамаи аҳли забон саҳим бошанд.
Дар поён ба маврид аст таъкид шавад, ки мурури навиштаҳои Б.Фирӯз дар заминаи масоили матруҳа моро бори дигар муътақид месозад, ки зиндагии ӯ намунаи боризи ибрату шоистагист.
Ҷомеаи адабии мо ба вуҷуди чунин нависандагоне, ки бар пояи садоқату вафодорӣ, дилсӯзӣ ба ин зодубум хидмат намудаву роҳро барои ҷавонон ҳамвор кардаанд, беш аз ҳар вақти дигаре ниёз дорад.
Ёдаш ба хайр.
Умар Сафар
Профессори ДМТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: